Бахшҳо

Сулаймон дар бораи ҳамлаи марди рус: Корманди ОМОН гуфт ба захмаш нарасед, сироят мешавед

Сулаймон Саидов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки 8 апрели соли равон аз ҷониби Сергей Тсарев, марди 58-солаи рус ҳадафи тир қарор гирифт, ҷузъиёти ин қазияро ба нашрияи “Новая газета” нақл кардааст.

Ба гуфтаи Сулаймон, ҳамон рӯз бо ҷиянаш, ки чанде пеш ба Русия омада буд, савори метрои “Тушинский” шудаанд: “Ҷияни 19-солаам назди ман нишаста буд. Ӯ на танҳо забонӣ русӣ, балки тоҷикиро ҳам хуб намедонад. Дар як истгоҳ марди масте савори метро шуд. Дар аввал бо овози паст чизе мегуфт. Баъдан ба ҷиянам саволҳои гуногун медод. Чаро ба Русия омадааст? Кӣ ба ӯ ин иҷозаро додааст? Ба ҷиянам гуфт, ки ӯ бояд ба ватанаш баргардад. Ман ҳамаи ин суҳбатҳояшро мешунидам, аммо диққат надодам ва ба ҷиянам ҳам гуфтам, зиёд таваҷҷуҳ накунад”.

Ин муҳоҷири тоҷик, ки ҳоло дар беморхона қарор дорад, гуфтааст, бо вуҷуди ин асабӣ нашуд ва аз дасти ҷиянаш гирифт, ки бо ӯ бошад, аммо он мард аз наздашон нарафтааст. Вай аз Сулаймон пурсидааст, ки миллаташ чӣ аст: “Ҷавоб додам, ки тоҷикам. Ӯ мисли саг ба ман нигоҳ мекард. Ман аз ӯ рӯ гардондам. Қадаш он қадар баланд ҳам набуд. Дар танаш куртка буд ва ҳамвора бо дасти чапаш бо чизе дар кисааш бозӣ мекард”.

Ба қавли Саидов, дар истгоҳи Калужский тапончаашро ба даст гирифтааст: “Фикр кардам, ки маро метарсонад. Аммо ногаҳон тарафи ман тир холӣ кард. Хунро дидам, вале чизеро эҳсос накардам. Дастро ба қисмати чапи сарам бурдам. Баъдан, бори дигар бар сарам тир холӣ кард ва дарди сахтро эҳсос кардам. Ба худ гуфтам, ки имкони мурданам ҳаст. Аз ҷоям хестам. Барои ҷиянам нигарон шудам. Ба худ гуфтам, беҳтар аст ман мирам. Ҷиянам соли гузашта мактабро хатм кардаву ҳанӯз дар зиндагӣ чизеро надидааст”.

Сулаймонов гуфтааст, мусофирон дар ҷараёни ин воқеъа аз қаттор берун шуданд: “Ҷияни ман низ аз вагон берун рафт. Ҳамаи ин дар як муддат кутоҳ ба вуқӯъ пайваст, ки ман ба худ наомадам. Он марди рус бори саввум қисмати чашми ростамро ҳадафи тир қарор гирифт. Хеле наздики ман истода буд. Дар назарам ҳама чиз торик шуд, вале 5-6 сонияи дигар тавони дидан доштам. Ҳама ҷо хун буд. Талош кардам тапончаро бигирам, вале ӯ бори чорум аз қисмати шикам ба ман тир холӣ кард. Намедонам чи тавр, аммо тапончаро аз дасташ гирифтам. Дарҳои қаттор бояд баста мешуданд, аммо ягона зани дохили қаттор садо зад ва тугмаи “стоп”-ро зер кард. Баъди тири чорум он марди рус гурех ва тапонча дар дасти монд”.

Сулаймон Саидов гуфтааст, дар ин ҳангом ҷавоне омадаву ӯро аз фарш ба курсӣ шинондааст. Назди ӯ одамони зиёд ҷамъ шуда, ду пулис дастонашро бастаанд: “Ба онҳо гуфтам, ки ман гунаҳкор нестам. Тапончаро партофтам. Онҳо маро раҳо карданд. Яке аз кормандони ОМОН гуфт, ба захмаш даст нарасонед, сироят мешавед. Гуфтам, ёрии таъҷилиро занг занед”.

Ин муҳоҷири тоҷик гуфта, дар беморхона зуд ҷарроҳиаш кардаанд: “Як чашмам намебинад. Баъд аз ду-се ҳафт бояд аз ташхис гузарам. Пас аз он муайян мешавад, ки биноии чашми ростам барқарор мешавад ё на”.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки 4 фарзанд дорад, гуфтааст, аз ин қазия танҳо наздиконаш хабар доранд: “Ҳар рӯз ба Тоҷикистон занг мезанам. Ба ҳамсарам чизе нагуфтаам. Ҳар боре, ки ман инҷо меоям ӯ қариб девона мешавад”.

Ба гуфтаи Сулаймон, 13 сол ба Русия барои кор меояд. “Дар тамоми ин муддат бо ҳамаи одамоне, ки кор кардам ба ман муносибати худ доштанд. Хонаҳои зиёдро таъмир кардам. То ҳануз ҳам занг мезананду кор пешниҳод мекунанд. Моҳе 30-40 ҳазор рубл кор мекунам. Дар Тоҷикистон як мошини “Хюндай Порте” дорам. То замони ба Маскав омадан маҳсулот тавзеъ мекардам. Аммо, аз мошин дар ватани ман андози калон мегиранд чун ки он боркаш ҳисоб мешавад. Ҳар вақте ки мошинам вайрон мешавад ман ба Русия меоям. Барои он ки ман дар идораи андоз гуфтан наметавонам, ки ман кор накардаму пул надорам”,-афзудааст ӯ.

Дилшод Саидов, писари амаки Сулаймон дар суҳбат бо “Новая газета” гуфтааст, ин рӯзҳо бо бародари дигараш дар беморхона қарор доранд: “Мо ин қазияро то охир мебарем. Агар дигарон мехоҳанд чунин рафтор кунанд дар хотирашон бошд, ки Сергейро барои ин кораш боздошт карданд”.

Ба қавли Дилшод, ин бори аввал нест, ки ба оила мо чунин ҳодиса рух медиҳад: “Соли 2010 яке аз наздикони Сулаймон барои гушти мурғ рафту барнагашт. Ӯ Олимов Ҷумъахон ном дошта, соли таваллудаш 1987 буд. Се моҳ ӯро дар ҳамаи мурдахонаҳо ва беморхонаҳо кофтем. Ба пулиси минтақае, ки ӯ зиндагӣ мекард муроҷиат кардем. Аммо пайдо нашуд. Аз оилаи хеле нодор буду, бародараш бемории дауна дошт. Тамоми пулҳояшро ба хона мефиристод. Падараш баъдин ин ҳодиса ҳатто ҷуръати Русия омадан накард”.

Мӯҳр
nabi farhor
Ёгон руссро дар ш.Душанбе усун бишин гу,Душанбе ро бо саршон мебардоранд.Барои он,ки вайхо як гап доранд.

точикистони нав
барои онки мустамликаем!

Стратег
Ҳайфи миллати мазлум, ки як пуштибон надорад. "Шарики стратегӣ" наранҷад шуд-охир! Бигзор ҳазор тоҷик кушта шавад, вале шарик наранҷад, мегуянд ҳукуматдорони мо.

Фархор
Ала и хамаш ай дасти АНДОЗИ баланди Точикистона шидай. Хай бародари чон сабр бкн. Мо дар Русия сафорат надорем ё дорем одам надоранд ё одам доранд акл надоранд ё акл доранд савод надоранд. аз Афгонистон овардану дар Русия равон кардан. Абача хаму масалаи андоза бинен охи. Ай андози баландтона хама мухочир гаштай. Камш кнен Хаму мухочир омада да Точикистонмон кор мекна. Хаму замони санглоха истифода мебара рузша мегзарона. Мерай мошинои корманди АНДОЗА мебини шкт мекана.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)