Бахшҳо

Ифшои “бонк”-и пинҳонӣ дар маҳаллаи 65-и Душанбе

Додситонии кулли Тоҷикистон аз ифшои нуқтаи ғайриқонунии интиқоли асъор дар Душанбе хабар дод, ки ташкилкунандагони он давоми 1,5 моҳ ҳудуди 1 миллион долларро ба Дубай ва баръакс интиқол додаанд.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, шаҳрвандон Ғаффуров Ё. ва Бекназаров.А. дар мағозаи “Зебо”-и маҳаллаи 65 нуқтаи интиқоли пул ташкил намуда, аз 12 декабри соли 2015 то 21 январи соли 2016 зиёда аз 800 000 доллари ИМА-ро аз шаҳрвандон гирифта, ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол додаанд: “Инчунин тавассути ин нуқта зиёда аз 200 000 доллари ИМА аз шаҳри Дубай ба шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари моддӣ расонда шудааст”.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, 26 январи соли равон шаҳрванд Ғаффуров аз сокини шаҳри Душанбе – Мирзоалӣ, 1000 доллари ИМА гирифта, таъкид намудааст, ки маблағи додаашро аз шаҳри Дубай аз Абдулҳамид метавонад дастрас намояд: “Ғаффуров дар ҳамин ҳолат аз тарафи гурӯҳи корӣ дастгир карда шуда, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса далелҳои шайъӣ дарёфт карда шудаанд”.

Манбаъ таъкид намуд, ки дар пайи ифшои ин нуқтаи ғайриқонунӣ Ғаффуров ва дигарон барои соҳибкории ғайриқонунӣ, фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ ва додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, баъди анҷоми тафтишот барои баррасӣ ба суд равон шудааст.
Мӯҳр
шахрванд
Озодагони азиз Шумо ин гуна сомона набудед, ки чунин сафсатаро пахш кунед..... “Инчунин тавассути ин нуқта зиёда аз 200 000 доллари ИМА аз шаҳри Дубай ба шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари моддӣ расонда шудааст”.

Darvesh
....“Инчунин тавассути ин нуқта зиёда аз 200 000 доллари ИМА аз шаҳри Дубай ба шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари моддӣ расонда шудааст”.
O bacha vaqto ki DOLLAR ba Tojikiston vorid shud magar in ziyon ast???????????

Пурдил
“Инчунин
тавассути ин нуқта зиёда аз 200 000
доллари ИМА аз шаҳри Дубай ба
шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст,
ки дар натиҷа ба давлат зарари
моддӣ расонда шудааст”. БА КАДОМ ДАВЛАТ ВОРИДОТИ ПУЛ ЗАРАР ДОРАД АЧАБ БЕАКЛИЕ?! БАЪДАН, БА ДАВЛАТ НЕ БА БИЗНЕСИ НАФАРОНИ АЛОХИДАИ НАЗДИК БА ПРЕЗИДЕНТ, КИ МЕХОХАН ДОЛЛАРОХАМ ТАНХО ХУДАШОН ДОШТА БОШАН "ЗАРАРИ МОДДИ" РАСОНИДААСТ!!!!

ас
Инчунин тавассути ин нуқта зиёда аз 200 000 доллари ИМА аз шаҳри Дубай ба шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари моддӣ расонда шудааст”. - инхелаша акнун фахмидам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)