Бахшҳо
27 апр 2016 10:40Тоҷикистон / Сиёсат

10 рӯз муҳлати ҳукумат ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ: Пулҳоятонро ифшо кунед

Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар бояд давоми 10 рӯз аз маблағҳои гирифтаашон мақомоти адлияро огоҳ кунанд.

Тибқи қарори ҳукумат, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо намуд, Вазорати адлия муваззаф шудааст, феҳрасти ташкилотҳои ҷамъиятиеро тартиб диҳанд, ки аз ҳисоби маблағҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, грантҳо ва дигар маблағҳои хайриявии шахсони ҳуқуқию инфиродӣ фаъолият мекунанд.

Бар асоси тартиботи муайянкардаи ҳукумат ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар сурати гирифтани маблағҳо бояд давоми 10 рӯз мақомоти адлияро огоҳ кунанд. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ уҳдадор шудаанд, ки дар маълумотномаашон ба мақомоти адлия, ҳаҷми маблағ, сарчашма, ҳадаф ва макону муҳлати татбиқи лоиҳаро ироа кунанд.

Қарори нави ҳукумат дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” тағйироте ворид гардиданд, ки тибқи он созмонҳои ҷамъиятӣ уҳдадоранд, сарчашмаи маблағгузорияшонро ифшо кунанд.

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон дар пайи қабули қонун ба “Озодагон” гуфт, мақомоти Тоҷикистон ягон ҳадафи маҳдудсозӣ ва фишор болои созмонҳои ҷамъиятиро надошта, танҳо ният доранд дар масъалаи сармоягузорӣ шаффофиятро таъмин кунанд: “Ташкилотҳо фикр кардаанд, ки мо мехоҳем низоми иҷозатдиҳии қабули маблағҳои хориҷиро ҷорӣ кунем. Мо ин ниятро надорем, онҳо фақат огоҳ мекунанд, ки кадом маблағҳоро қабул карда истодаанд ва бо кадом мақсад. Имрӯз агар 2600 ташкилоти ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ бошад, фақат қариб ҳазор ташкиот ҳисобот додаасту боқимонда не. Ин ҳам қонуншиканӣ аст ва агар мо ин хел гирем ҳуқуқ дорем ин масъаларо пайгирӣ кунем. Ба баъзеяшон огоҳӣ низ додаем”.
Мӯҳр
Asil
Мухтарам вазир, биеед кабл аз хама барои таъмини шафофият сарчашхмахои даромади кормандони давлат, суд прокуратура ва бизнесменхоро аз назар гузаронем. барои ман холо хам маълум нест ки бо маоши камтар аз 3 хазор сомони онхо чи гуна хонахои киммату мошинхои гарон мехаранд?. чавоби стандартии онхо кадом аст? бизнесменхои хеш дастгири мекунанд? е хеши бой доранд дар хорич? Магар чои онхо кунчи зиндон нест барои ришвагириву фасод? я ман тухмат дорам он бародаронеро ки маоши ночиз мегиранду нозхояшон дар осмон аст?

Вазорат
Вазорати адлия бояд худи президент ва хонаводаашро низ тафтиш кунад ки аз кадом кишвар пул мегирад

шахрванди Точикистон
Ин шахр бедарвоза нест!!!!!!!!!!Бисер бамавридаст,ки ташкилотхои чамъияти мутобик ба талаботи конун дар бораи маблагхои гирифтаашон аз ташкилотхои хоричи макоми бакайдгиранда Вазорати адлияро огох месозанд.Барвактар ин талаботро бояд барох мемонданд,охир ин шахр ва ё кишвар бедарвоза нест ки харки харчи хохад ва ба кадом максад вориди он кунад.Бигзор гранту маблагхои воридшуда максаднок барои рушд ва ободии ватанамон сарфа карда шаванд на барои дигар максадхои гаразнок ва пасипардаги...........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)