Бахшҳо
28 апр 2016 09:47Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Ҷаримаи омӯзгори писари Дилбар Гургова. Ӯро ҳам ҷарима таҳдид мекунад

Як омӯзгори мактаби таҳсилоти №48-и ноҳияи Шоҳмансур, ки ба писари Дилбар Гургова, ҳамсари Амрулло Нуров, муттаҳам дар узвият ба гуруҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим” дарс мегуфт, ҷарима шудааст.

Раҳматхӯҷа Ҷамилов, директори ин мактаб 27 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар пайи шикояти Дилбар Гургова додситонии ноҳия роҳбари синфи писараш -- Латофат Ғафуроваро ба ҳаҷми 120 сомонӣ ҷарима кард. Хонум Гургова тасдиқ кард, ки аз ин омӯзгор барои талаби моҳона аз фарзандаш ба додситонӣ шикоят карда буд.

Ин дар ҳолест, ки парвандаи худи Дилбар Гургова ба додгоҳ ирсол шудааст. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бино ба иттилои гирифтааш, додситонӣ парвандаро ба суд фиристодааст: “Бори охир маро 15 апрел ба Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват карданд. Чанд рӯз зиқ шуда, бемор шудам ва дигар нарафтам, пурсам, ки қазия чӣ шуд. Фаҳмидам, ки парванда ба суд рафтааст. Намедонам, ки маро чӣ қадар ҷарима мекунанд. Омада бинанд, ман нони хӯрдан надорам, чӣ хел ҷаримаам мекунанд?”

Ба гуфтаи хонум Гургова парванда нисбати ӯ дар пайи шикояти масуълини мактаби 48-и ноҳияи Шоҳмансур барои нарафтани фарзандонаш ба мактаб боз шудааст. Ӯ қаблан гуфта буд, аз 5 фарзанд чор нафарашон дар мактаб мехонанд ва имкон ба дарс фиристодани онҳоро надорад. Ӯ изҳор дошта буд, дар хобгоҳи маҳаллаи 9-ум километр ба ивази 485 сомонӣ иҷоранишин аст ва 10 сомонӣ ҳақмузди якрӯзае, ки барои фаррошӣ мегирад, барои таъмини рӯзгори хонаводааш кифоя нест: “Аз мактаб пули моҳона талаб карданд, аммо ман надоштам. Аз ин рӯ дигар фарзандонам ба дарс нарафтанд”.

Дар пайи нашри ин хабарҳо чанд нафар изҳор доштанд, ки ба ӯ кумак мекунанд. Дилбар Гургова имрӯз, 28 апрел ба “Озодагон” гуфт, акнун фарзандонашро ба мактаб мефиристад ва таҳсили худро идома медиҳанд: “Чанд нафар кумак карданд, дигар фарзандонам сари вақт ба дарс мераванд”.
Мӯҳр
в
Ин чи гуна давлат аст? Чои он ки як зани камбагали серфарзандро дастгири кунанд, уро судбозиву чарима мекунанд. Кучо шуд инсонгари?

Вакте,ки дар кишвар конуну карорхои амалкунанда сарфи назар карда мешавад албатта дар ин замина конуншиканихо зиёд мегардад. Дар ин матлаб мо шохиди он гардидем,ки МУАЛЛИМ ришва мегирифтааст. Муаллим,ки ноболигро дар баробари таълим ва омузиши фанхои дакик дар замирм инсон дустиву хештаншиноси бояд тарбия бикунад имруз ба фасод даст мезанад. Дар сурате,ки муаллим фасодзада бошад магар аз у метавонд шогирди бо нангу ор тайёр кард?. Шахрдори ваъдад дода буд,ки агар дар муассисахои таълими муаллиме аз талабагон пул талаб кунад у таъчилан дар баробари у , яъне муаллими фасодзада директори ин муасисаро аз вазифа сабукдуш хохад кард. Мухтарам МАХМАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ вакти он расидааст,ки ба ваъдаатон вафо кунед !

Ба фикри ман ин зан дуруг мегуяд.. Маош таин шуд ба у 1000сомон боз хело одамхои дигар кумак расонданд. Худаш боз 300 сомон маош мегирад.. Даромадаш 1300 сомон дар як мох. Хамон муалимаи бечора ки 600 сомон маош мегирад чаримаро супоридааст ин зан бошад ду баробари у даромад дорад боз шикоят мекунад... Шукрона куни намешавад

мухочир
Ташаккур ба родмардон ва бандагони бехтарини Худованд, ки имруз дасти чунин як зани дармондаву бечораро гирифтанд, бовар дорам, ки иншоаллох бихиште, ки орзуяш доранд аллакай дар дунё сохибаш гаштаанд. Худованд умри пурбаракат ва дар зиндагияшон хамеша пулборон бошад, то ингуна инсонхои дармондаро кумак расонанд. Ман хамчун точки имруз мефахрам, ана ин аст боиси ифтихор, на ин ки худнамоихои телевизиони...

Ба Хатлони,
Шарм намедори! Кисаи мардумро хисоб мекуни! Дар ким кадом кабинети бо хашамат шишта менависи! Як обеди ту зиёда аз маоши муалиму ин зани андухгашта зиёд аст!
Шукрона танхо ба Худо!

Махди Собир
Мухтарам рузноманигорон, инъикоси мактабу маориф кори чонии Шумост. Хуб дар ёд доред, ки хангоми нишасти матбуотии соли 2015 ман оиди ин масъала аз гиребони мудири маорифи шахри Душанбе мухтарам Факеро гирифта будам.Аз ман дигар дар мактаб пул талаб намекунанд. Аммо ба фарзандонам ба чои 4-5 бахои 3 мемонанд. Вакти он расидааст, ки ин ришвахоронро поксози намоем. Мо метавонем!

Санги сиёхи. Мебахшед чаноби Санги сиех. Худам дар сохтумон кор кардаистодаам... Дар хамин борони.. Номерхои ин занро аз ОК гирифтам кумаки худро равонаш кардам. Амо дертар ба у маош тамин карданд... Амо холохам у мегуяд ки гуруснаам.. Пулхоро чи кор мекунад ки гурусна мегардад? Оилаи мо бо маоши муалим ки 900 сомон аст зиндаги дорад.. Ва шукр мегуянд.. Худованд баракаташро медихад... Шумо чи? Худризои карда нагардед агар тавонед кумакаш кунед ин занро... Амо ин занхам шукур гуяд ки баракаташ зийод шавад.. Вагар на хамеша гурусна мегардад...

Вафо
Хитоб ба махди собир,ман нафахмидам сардори раёсати чи гунох дошт ,ки аз гиребонаш гирифти модоме дар назди хар як мактаб суратхисоботхои махсус чой дорад,барои супоридани дарсхои иловаги дар мактабхои бучави аз 5 с.то 20с барои дарсхои
иловаги.агар хамин модар рафта ба директор мурочиат мекард ,аз пули иловаги озод мекард,инчо ин модар барои мухофтзати худ мактабро гунахгор кардаст.у медонист шавхараш бо чи кор машґул буд,барои чи нафахмонд,ки чанд фарзанд холи онхо чи мешавад,мо дар як давлати тинчу ором зиндаги дорем,ман боварии комил дорам,ки агар ягон либоси киматбахоро пешниход кунанд намегуянд пул надорем...хочати дигар фахмондан нест, ба муаллим омузгор як эхтиром лозим аст.....

Мебахшед ин зан 1300 сомон мегирад ба кудакаш либос мехарад пули ичора медихад мехуронад 6 нафар хисоб кунед дар як мох чан кадар чиз мехуранд худашу 5 фарзандаш.Шумо пули уро хисоб карда мегуед ки пул дораду боз гурусна. Хамин 1300-ро чарима супорад як мохи дигар чи кор кунад. Шумо расходи рузгори худро хисоб кунед ки чанд сум меравад. Дар рузгору 5 фарзанди шумо 5000 намерасаду ки дар хонахои худ зиндаги мекунед ин зан бошад боз ичоранишин аст. “Чанд нафар кумак карданд, дигар фарзандонам сари вақт ба дарс мераванд”.Мана хамин зан навистааст ки кумакхоро гирифтаасту ба мактаб рафта истодаанд фарзандонаш шикамашон сер бо чи мехохед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)