7 соли зиндони шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамсарашро барои “гапнодароӣ” 13 корд задааст
Додгоҳе дар ҷумҳурии Чеченистон як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ барои 7 сол равонаи зиндон кардааст.
Бино ба иттилои Додситонии Чеченистон, Имомиддин Давидов вақте мефаҳмад, ки ҳамсараш бидуни ризоияти ӯ кӯдакони хурдсолашонро дар Тоҷикистон гузошта ба шаҳри Грозний омадааст, ба ҷои кори вай -- як нуқтаи шустушӯи мошинҳо рафта, ба баданаш 13 маротиба бо корд мезанад. Манбаъ гуфтааст, ҷабрдида ҳоло дар беморхона аст.
Давидов дар толори додгоҳ гуфтааст, қасди куштани ҳамсарашро надошт, танҳо мехост ӯро битарсонад, то дигар худсарона ва бидуни розигиаш иқдоме накунад. Дар ҳамин ҳол, ҳамсари ӯ аз додгоҳ хостааст, ҷазои шавҳарашро сабуктар намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |