Бахшҳо

Мушовири Обама: Ба Тоҷикистон бояд фишор овард, то маҳдудсозиро қатъ кунад

Коммисиюни байналмилалии озодии динии Амрико дар гузориши тозаи худ Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои “нақзкунандаи доимӣ ва бузурги озодиҳои динӣ” қарор додааст.

Ин комиссия, ки соли 1998 бо қарори Конгрес ташкил шуда, мақоми мушовири раисиҷумҳури Амрикоро дорад, дар гузориши тозаи худ барои соли 2016 таъкид кардааст: “Соли 2015 додгоҳи Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро ҳамчун ҳизби экстримистӣ мамнӯъ кард ва 200 узви он зиндонӣ шуданд. Шоҳидони Яҳво аз соли 2007 мамнӯъ мебошад”.

Бар асоси ин ва дигар ҳолатҳои нақзи озодиҳои динӣ, ки поинтар зикр шудаанд, Коммисиюни байналмилалии озодии динӣ ба ҳукумати Амрико тавсия додааст, ки Тоҷикистонро дар феҳристи кишварҳои “мавриди нигаронии махсус” қарор бидиҳад.

Бар асоси омори ин ниҳод 7.9 миллион аҳолии Тоҷикистон мусулмон буда, бештарашон пайрави мазҳаби Ҳанафия мебошанд. Коммисияи мазкур 4 дарсади мардуми Тоҷикистонро пайрави мазҳаби Исмоилия гуфтааст. Ба иттилои манбаъ 150 ҳазор насронии Тоҷикистон пайрави ортодокси русӣ буда, протестант ва католикҳои романӣ ҳам дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд: “Илова бар ин дар Тоҷикистон теъдоди ками баҳоиҳо, Ҳаре Кришна, Шоҳидони Яҳво ва камтар аз 300 яҳудӣ зиндагӣ мекунанд.”

Муаллифони гузориш бо ишора ба муҳити қонунии Тоҷикистон гуфтаанд, ки он аз соли 2009 озодиҳои диниро маҳдуд кардааст: “Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон аз соли 2009 барои гуруҳҳои динӣ маҳдудиятҳои бузург пеш омадааст. Фаъолиятҳои сабтиномнашуда, таълими динии шахсони алоҳида ва таблиғи диниро ҷурм меҳисобад. Теъдоди масҷидҳоро маҳдуд кардааст. Дахолати давлатро дар таъини имомхатибон иҷозат медиҳад. Барои ташкилотҳои динӣ иҷозатномаи махсус лозим аст. Мазмуни маводҳои динӣ, нашр ва ворид кардани онҳо зери назорати давлат аст. Соли 2011 ва 2012 кодекси ҷиноӣ ва маъмурӣ ҷазоҳои навро ҷорӣ кард, ки онҳо шомили ҷаримаҳои калон ва муддатҳои тӯлонии зиндон барои парвандаҳои динӣ ба мисли ташкил ё иштирок дар вохӯриҳои “ғайри қобили қабул”мебошанд”.

Дар ин гузориш аз қавли Вазорати умури хориҷаи Амрико қайд шудааст, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки қонунӣ одамони зери синни 18-ро аз иштирок дар фаъолиятҳои умумии динӣ ва намоз дар масоҷид маҳрум кардааст.

Коммисиюни байналмилалии озодии динӣ тавсия додааст, ки ҳукумати Амрико бояд, “ба ҳукумати Тоҷикистон фишор биёрад то қонуни соли 2009 ва дигар қонунҳои марбутро ба тааҳудоти байналмилаӣ мутобиқ кунад. Бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусус дар мавриди мубориза ба терроризм, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мешавад, кор кунад. Аз ҳукмати Тоҷикистон дархост кунад, ки ворид шудани гузоришгарони СММ дар мавриди озодии диниро иҷозат диҳад. Барои сафорати Амрико шароит фароҳам кунад то парвандаҳои додгоҳии нафаронеро, ки бо фаъолиятҳои динӣ айбдор шудаанд, пайгирӣ кунад”.
Кишварҳои Мянмар, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Судон, Туркманистон, Узбакистон, Ҷумҳурии Африқои марказӣ, Миср, Ироқ, Нигерия, Покистон, Сурия ва Ветнам низ дар феҳристи кишварҳои “нақзкунандаи доимӣ ва бузурги озодиҳои динӣ” шомил шудаанд. Дар ин гузориш инчунин омадааст, ки вазъияти озодии динӣ дар тамоми ҷаҳон бадтар шудааст. Ин ниҳоди машваратии Барак Обама гуфтааст “ҳукуматҳои худкома дар тамоми ҷаҳон, махсусан насрониҳо ва мусулмононро барои иҷро кардани боварҳои диниашон зиндон мекунанд. Ҳамчунин афзоиши таҳаммулнопазирӣ алайҳи мусулмонон ва яҳудиён дар Аврупо вуҷуд дорад”.

Дар ин гузориш омадааст, “озодии динӣ ҳам мисли масъалаҳои башарӣ, амният ва дигар мушкилот бояд рӯи миз бошад. Амрико ва кишварҳои дигар бояд дар мавриди ин ҳақ ва эҳтироме, ки қоил аст, ба созиш биёянд ва кӯшиши худро барои дифоъ аз ин озодии меҳварӣ дучанд кунанд”.
Мӯҳр
МакДоналдс
Америка худаш аввал бомбаборони мардуми бегунох дар афгонистону сирияро бас кунад бад дигарора акл нишон тияд.

Вохимаи Обама харчй-харчии одами табдорро мемонад. Аслан озодии сухан ва вичдон дар Точикистон ба кулли вучуд дорад. ягон кас намозхониро манъ накарда аст, хар кас метавонад аз тарики расонахо фикри хулро озодона баен кунад. Хукумат факат дар мавриди НИЗОМИ давлатдорй кушиш мекунад. Кудакона аз масчид манъ карданд, барои он ки аз мактаб намонанд, аз намоз манъ накарданд, охир! Ин кадар куръоне ки ба забони арабй ва хусусан ба точики интишор кардаанд, дар ягон мамлакат нест. давлат хак дорад, ки миллатро аз хатогихо ва бегонапарастихои динй нигах дорад. Хама аз тюрма баромада мулло мешаванд... Мардум бояд худаш барои бехбуди зиндагй кушиш кунад. Хушомадзанй ва тамаллуккорй он кадар зиёд шудааст, ки ба фикрам рахбари давлат тасаввур карда наметавонад. Ба кушиши чор нафари расмй давлат ободу миллат обрй намегирад. аз точик будани худ шарм накунед, аз бесаводии худ дар хичолат бошед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)