Дар Маскав ба муҳоҷирони тоҷик аз раъйпурсӣ ба Сарқонун гуфтанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар мулоқоте бо муҳоҷирони тоҷик зарурати тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишварро шарҳ додаанд.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ин мулоқот чоршанбеи 4 май дар Маркази савдои “Москва”-и Маскав баргузор шуд: “Дар ин вохӯрӣ теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик иштирок доштанд. Ба онҳо фаҳмонида шуд, ки барои чӣ раъй медиҳанд? Инчунин маълумот дода шуд, ки дар кадом маконҳо дар ҳудуди Русия имкони раъй доданро доранд”.
Оқои Бахтӣ мегӯяд, барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия қарор доранд, 3 нуктаи раъйдиҳӣ дар шаҳрҳои Маскав (бинои сафорат), Уфа (Консулгарии генералӣ) ва Екатеринбург (Консулгарии генералӣ) таъсис мешавад.
Раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳудуди 40 моддаи Сарқонун рӯзи 22 майи соли равон дар назар аст. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон моҳи апрел шакли бюллетени раъйпурсӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосиро тасдиқ кард. Тибқи иттилои КМИР, дар бюллетени овоздиҳӣ матни лоиҳаи қарори ба раъйпурсӣ гузошташуда чоп мегардад: “Баъди матни лоиҳаи қарор барои мардум суол гузошта мешавад, ки оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунед? Дар пайи суол ду тарзи ҷавоб - "ҲА" ва "НЕ" чоп карда мешаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |