Ронандаи “БМВ”, ки 5 нафарро зер кард: “Эпилепсия” дорам (ВИДЕО)
Фирӯз Ҷалолов, ронандаи 35-солаи “БМВ-530”, ки 4 май дар шаҳри Хуҷанд 5 пиёдагардро зер кард, худро мубталои бемории саръ ё “эпилепсия” мегӯяд.
Тибқи навори нашркардаи шабакаи телевизионии СМ-1 Ҷалолов дар ҳузури намояндагони мақомот изҳор доштааст, ки аз соли 2007 мубталои бемории “эпилепсия” ҳаст ва ҳангоми рух додани садама беҳуш будаасту чизеро дар ёд надорад: “Вақте ба ҳуш омадам, атрофам одамони зиёд ҷамъ омада буданд”.
Дар пайи ин садама Шаҳрибонуи 2-сола ба ҳалокат расида, падари 38-сола ва модари 31-сола дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ мебошанд. Зоҳид Тӯхтаев, корманди 53-солаи нозироти андоз низ ба ҳалокат расидааст. Зимни ин садама инчунин сокини 67-солаи Хуҷанд низ ҷароҳати вазнин бардошта дар беморхона бистарӣ мебошад. Табибон вазъи се маҷруҳшударо вазнин арзёбӣ мекунанд.
ВИДЕО: Аз суҳбати ҷабрдида то шарҳи ронанда
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |