Бахшҳо

Тасвири Аҳмадов аз қавли модар ва "шинос"-ҳояш дар “Комсомолская правда” (АКСУ ВИДЕО)

Наздикони Маҳмадалӣ Аҳмадов, шаҳрванди 23 солаи Тоҷикистон, ки дар қатли сардори пулиси шаҳри Сизран мутаҳҳам шудааст, ба гунаҳкорнашрияи “Комсомолская правда” нақл кардаанд.

“Комсомолская правда” аз қавли модари Аҳмадов бидуни бурдани ном навиштааст: “Мо замоне, ба Русия омадем, ки Маҳмадалӣ 2-сола буд. Ӯ дар ноҳияи Сизрани вилояти Самара ба воя расид. То синфи 3 мактаб хонд ва пас аз он дар сохтмон кор карду баъдан як дӯкони таъмири пойафзол роҳандозӣ кард. Зимнан, бо духтари рус издивоҷ кард ва писарашон Рамазон 1 солу 10-моҳа аст”.

Дӯкони таъмири пойафзоли Аҳмадов:


Тасвири Аҳмадов аз қавли модар ва "шинос"-ҳояш дар  “Комсомолская правда” (АКСУ ВИДЕО)


Наздикони Аҳмадов изҳор доштаанд, ки шаби вуқӯи куштор ӯ дар хонаи хусуру хушдомани худ дар Суринкс, як ноҳияи Самара будааст: “Он ҷо ҷашни зодрӯз буд. Шаб омад. Субҳ ҳамаро табрик карду рафт. Баъдан, ба ҳамсараш занг зад, ки афроде ба ӯ таҳдид кардаанд ва ӯ ба Тоҷикистон меравад. Телефонаш хомӯш буд. Аммо, ӯ боз ба Маскав баргашт. Пас, медонист, ки гунаҳкор нест”.

Хонаи Аҳмадовҳо дар Самара:


Тасвири Аҳмадов аз қавли модар ва "шинос"-ҳояш дар  “Комсомолская правда” (АКСУ ВИДЕО)



“Комсомолская правда” иддаои наздикони Аҳмадовро шубҳаовар хонда, махсусан таъкид кардааст, ки ҳамсари руси ӯ Исломро қабул кардааст.
Ин нашрия суҳбат бо наздикони Аҳмадовро чунин овардааст: -Маҳмадалӣ тамоми шаб бо занаш буд?

-Бале, ӯ рӯзи шанбе онҷо рафт. Аз соати 4 куҷое рафт ва дар миёни саотҳои 12 то 3-и шаб баргашт.

Муаллифи матлаб хулоса кардааст, ки Аҳмадов дар вақти содир шудани куштор дар хона набудааст.

Пайвандони ин ҷавони тоҷик дар ҷавоб ба суол, к ӯ дар бораи кадом мушкиле суҳбат кард, гуфтаанд: “Чизе дар бораи замин. Ӯ талош дошт барои сохтани қаҳвахона заминро ба иҷора бигирад. Аммо, нагирифт”.

Хешовандони Маҳмадалӣ дар бораи боздоштшудагони дигар Рома Фаталиев ва Ислом Бобоев гуфтаанд: “Рома дӯсти Маҳмадалӣ аст! Мо онҳоро ҳамроҳ дида будем. Ӯ боре дар мошини мо сумкаеро фаромӯш кард...Муфаттиш ба мо гуфт, ки Рома корти бонкии қатлшударо вориди банкомат кардааст ва боздошт шудааст”.

Муаллифи матлаби “Комсомолская правда” аз қавли фурӯшандаи як мағозаи маҳаллӣ дар бораи Маҳмадалӣ чунин навиштааст: “Кӯчак, зирак, аммо ҷисми заъиф дорад. То ҳадде шӯхтабъ, аммо ҳасуд аст. Ҳисоб кардани пули дигаронро дӯст медорад ва як тасаввуроти кӯдакона дорад, ки агар касе соҳиби тиҷорат аст, яъне ӯ пулро бо бел ҷамъ мекунад”. Аз қавли ҳамсуҳбатҳои беном инчунин навиштааст, ки Аҳмадов чанд рӯз пеш аз куштор аз дастаи бел барои худ асбоби қатлро омода кардааст.

Қаблан, мақомоти Русия шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон -- Аҳмадов Маҳмадалӣ Баротовичро дар ташкили қатли Андрей Гошт, сардори пулиси шаҳри Сизран ва 5 узви хонаводааш муттаҳам карда, изҳор доштанд, ки ӯ ба Тоҷикистон фирор кардааст.

Аммо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳафтаи равон Маҳмадалӣ Аҳмадов худаш ба ин ниҳод ҳозир шуда, иброз доштааст, ки воситаҳои ахбори Русия ӯро дар куштори оилаи Андрей Гошт, корманди мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия дар вилояти Самара гумонбар донистаанд: “Ӯ таъкид намуд, ки ӯ дар ин ҷинояти вазнин даст надорад ва барои гуфтаҳои худро собит намудан ба Русия бармегардад”.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, “бинобар сабаби дар ҷустуҷӯ қарор надоштан ва аз мақомоти Русия ворид нагардидани дархост оиди дастгир кардани Маҳмадалӣ Аҳмадов, ӯ тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба Федератсияи Русия баргашт”.


Мӯҳр
Мухочир Сызрань.
Хонаи Ахмадовхо,аз шахри Самара ,дар масофаи 200-220-километри самти гарбии вилоят,дар 40-километри самти шимолии шахри Сызрань вокеь мебошад.Дуруст гуфтаанд,ки у хиссиети кудаконаву хасуд буд.Онхо дар дехаи "Бешкаппа" и совхози 4-уми нохияи Евон хона доранд.Падари ин чавон Барот марди хурдунги носкашу бепарво буда,дар сохтмон танхо барои руз гузаронидан кор мекард.Хамсараш,модари Махмадали,аз занхои махаллии точикони рустоги буд.Вай самбусаву нон пухта дар бозорхо оварда,ба мухочирони бозоршин мефурузт.Дар хакикат оилаи хасудбару хулосахи баду хато доштаед.Дар давоми ин солхо фарзаедони онхо,дар ягон мактаби миена нахонданд.Акнун чи шуданд,фарзандони бемаьлумот?Шароити зисти онхо дар Точикистон он кадар мушкил набуд.Оила хамаги аз 5-нафар.Метавонистанд,ки ба Евон баргашта зинлаги кунанд.Барот Ахмадов хам устои сохимон хаст ва хам ронандаи ботачриба.Лекин якравиву дагалии хамсараш ,боис шуд,ки онхо кариб 20-сол шуд,ки ьа ватан дигар барнагаштанд.Мухочирони точики шахрро асосан истикоматкунандагоеи нохияхои Чоми,Бохтап,Хисор ва кисме аз Панчакент ташкил медиханд.Онхо дар бозорхо савдо мекунанл, тарики автомашинахои шахсии худ,махсулотхои хочагии кишлокро мекашонанду мефурушанд,ронандаи наклиети мусофиркашони хастанд,ба касби музадузиву таьмири пойафзолу либос ва тайкр кардани калидхои домофониву хучрахо машгулаед,чорвопарвари мекуеанд,дкзкони менамоянл,албатта дар сохтмон солхои сол кор мекуеаед.Мардуми тазчоии шазр,бо точиуон муомилаи хуб доштанд.Шояд асло фикп намекаплаед,ки аз байни точикони ин шахр котил бапояд.Курсантхои омузишгохи харбии хавоии ин шахрро,хар сол кариб 15-20-нафар курсантхои точикистони низ саф мекашанд,мавриди таьриф карор мегирифтанд.

Саросема нашавед, ако Мухочир Сызрань. Русхо да хамун Комсомольская правда комментари мкунанд, ки ин хамаш ба дуруг монанд. Оилаи Гошта бандито куштагию айба ба гардани чор бечора засодиянд мегун.

Мухочир Сызрань.
Каром,
Каром,
Каром, Чи хеле ки мо хулоса созем,месозем.Албатта хело хурсанд мешудем,ки ин кори дасти у набошад.Кош ин чавон тоза барояд.Лекин 90-фоиз бовар аст,ки ин тентак чиноят содир кардааст.Холо маьлум мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)