Бахшҳо

Муфтӣ дар бораи қарзи мусалмонӣ, фарқи байни оромиву нооромӣ ва Рӯзи ғалаба

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон ба мақомот хабар додан аз содир шудани ҷиноят ва кумак дар ифшои онро қарзи инсониву мусалмонии ҳар нафар хонд.

Ӯ, ки ҷумъаи 6 май дар Масҷиди марказӣ мавъиза мекард, гуфт, инсон муваззафаст, дар сурати шоҳиди ҷинояте шудан ба мақомоти марбута хабар бидиҳад, ҳатто агар фарди ҷинояткарда “хешу табораш ҳам бошад”.

Оқои Абдулқодирзода дар идома бори дигар аз намозгузорн даъват кард, ба қадри оромиҳои кишвар бирасанд. Муфтӣ ба чанд кишвари дар ҳоли ҷанг ишора карда, онро бо Тоҷикистон қиёс кард: “Соле қабл дар телевизион тамошо кардам, ки гурезае дар зери хайма сегоник таваллуд кард ва бинобар сардии зиёд худашу кӯдаконаш ба ҳалокат расиданд. Иттифоқан дар шабакаи аввали худамон дидам, ки модаре сегоник таваллуд кард ва Президенти кишвар ба манзили сеҳуҷрагӣ тақдим кард. Ана фарқ миёни оромиву нооромӣ”.

Саидмукаррам Абдулқодирзода ба таҷлил аз Рӯзи ғалаба ҳам ишора кард ва аз иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ тавсиф намуд, ки барои оромии Ватан, ҳимояи марзу бум ва ҳифзи номуси модарону хоҳаронашон мубориза бурданд: “Имрӯз, ки шумори каме аз онҳо боқӣ мондаанд, моро зарур аст онҳоро эҳтиром ва қадрдонӣ намоем”.
Мӯҳр
мехмон
Мухтарам домулло ! Шумо марги сегоник ва модареро дар Сурия хабар доред. Оё аз марги бародарони мухочир ё марги се кудаке ки ба даре аз тарафи модар гарк кардан шуданд хабар доред?
Оё аз се шахрванди мо ки дар Петербург худро овехтанд, аз кудаке ки пулиси рус ба марг расонд, аз бародаре ки зинда гуронданд ва хар сол гариби 1000 касро дар Россия мекушанд хабар доред??
Оё Шумо дар ин ходисахо худро гунахкор мешуморед ?

чамшед душанбе
Чаноби муфти саидмукаром агар худо накунад дар русия Чанг сар шавад мо точикон аз тарафи русхо ба Чанг равем чиход мешавад,илтимос муфтии оликадр чавоб тиед Ман яке мухлисони аршадии шумо.

Darvesh
Muftii muhtaram! Khohi nakhohi ruze merasad ki I mansabro az khudut megirand! Medoni baroi chi? CHunki ki tu bisyor khostesti bo president nazdik shavi va mansabi khudro nigoh dori!!! Sad afsus ki oyandaii khudroo fikr nadori!!!!!! Har sahar pas az namozi bomdod ba furudgohi DUSHANBE rav bin chi qadar GROB gruz 200 az RUSSIYA ba Dushanbe vorid meshavad!! ANA in ast AMRI MA"RUFI TU M U F T I !!!!!!!!!!!!!!!!!!

Домуло! Агар шахсе коре анчом дихаду кори хак бошад ва ба фойдаи мардум бошаду ба нафъи хукуматдорон набошад, пас у бояд ба макомот хабар дихад. Холо дар кишвари мо бедодгари ва ришваситони дар авчи аълост. Борхо бо далел ба макомот мурочиат кардем, аммо худамон гунахгор баромадем, чунки онхо воломакому пулдор. Пас инро чи хел бахо медихед. Оё шахсе бар мукобили ин золимон бароянд, мо бояд пуштии золимро гирифта ин муборизи хакро ба макомот таслим кунем? Чаро шумо дар мавъизахоятон дар бораи ришваситонию бедодгарии мансабдорон процентхурону горатгарони молу мулки мардум, гап намезанед ва мухри хомуширо ба дахон мегиред? Пас бигуед кучо чинояту кучо карзи шахрванди? Озодагон набурида чоп кунед шояд домуло хонад ё касе хонда ба у гуяд.

Эй бародарон ба муфти бояд суолхо нибати дини Ислом дода шавад.
Сабаби асоси рушд накардани ватан ана хамин аст !
Бояд хар кас вазифаи бо у вобаста будаашро бояд ичро кунад ,ой муфти боши бо сиёсат чи кор дори?
Хар руз бародарони мусулмони моро бо хар тухматхо зулму зиндони мекунанд ,рафта аз онхо мухофизат кун!
Хар сатру ришу масчидхоро махкам мкунанд дар ин мавзухо овоз барор!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)