Бахшҳо
10 май 2016 09:52Тоҷикистон / Сиёсат

Сафари нахустини Ғанӣ ба Душанбе: Аз суҳбат бо донишҷӯён то мулоқоти хоса бо Э.Раҳмон

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон бо нахустин сафари расмӣ имрӯз, 10 май вориди Тоҷикистон шуд.

Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон итттилоъ доданд, барои истиқболи расмӣ аз меҳмон назди майдони Қасри миллат ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд: “Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқболи расмӣ бо гузашти низомии Горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба поён расид”.

Ба иттилои манбаъ, феълан мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оғоз ёфт, ки дар он густариши муносибатҳои ду кишвар баррасӣ хоҳанд шуд. Дар назар аст, ки раисиҷумҳури Афғонистон бо сарвазир, раиси парлумон ва дигар намояндаҳои Тоҷикистон мулоқот кунад.

Дафтари матбуоти Ашраф Ғанӣ инчунин гуфтааст, ки ӯ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷамъи устодон ва донишҷӯёни ин донишгоҳ суханронӣ хоҳад кард. Дар ин сафар Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷаи Афғонистон, Алӣ Аҳмад Усмонӣ, вазири энержӣ ва об, Фарид Ҳамидӣ, додситони кулл ва Қудратуллоҳ Диловарӣ, раиси ширкати барқи “Брешно” раисиҷумҳури Афғонистонро ҳамроҳӣ мекунанд.
Мӯҳр
Найнавоз.Уялы
Ашраф Гани,бо ман мани,бобои Карзай таьна зад,
Хам ин бигуфту он бигуфт,аз минбари хеш рахна зад,
Гуфто чи кор кард Карзаю,гуфто чихое офарид?
Гуфто ба гуфтигоихо аз чанбари пеш чакна зад.
Моен хама чавчак задем,хушнуд шуда чак чак задем,
Мо афгону мо точикон,гох думбак,гох таблак задем.
Моем табиан соддахо,гох масте аз бебодахо,
Гох рохи охан хат кашем,гох тори баркро баркашем,
Дустони точик,дар чи хол,дар холи барку охананд,
Мо хешу дустонем ба хам,колини картро сар кашем.
Орзуи мо то Кибрие,дар гирди мизхо саф кашем,
Дихем тасалли якдигар,то рохи охан сар шавад,
Кафкубиву карсак занем,гушхои толиб кар шавад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)