Бахшҳо

Ворид шудани БАТР ба ҳайати саҳҳомони “Тоҷиксодиротбонк” дар Лондон баррасӣ мешавад

Зиё Салом Каёнӣ, намояндаи ширкати байналмилалии “Ernst&Young” таъсири омилҳои буҳрониро ба фаъолияти Тоҷиксодиротбонк чашмрас хонда, таъкид кардааст, барои берун шудан аз ин вазъ бояд чораҳои фаврӣ андешида шавад. Ин нуктаро оқои Каёнӣ дар ҷаласаи марбут ба вазъи молиявии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти он, баён доштааст.

Аз “Тоҷиксодиротбонк” ба “Озодагон” гуфтанд, ин ҷаласа аввали ҳафтаи сипаришуда бо ҳузури раиси “Тоҷиксодиротбонк”, намояндаҳои Вазорати молия, Бонки миллӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ, намояндагони ширкатҳои байналмилалии аудитории “Ernst&Young” ва “Грант Торнтон” дар қароргоҳи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар шаҳри Душанбе сурат пазируфт.

Ба гуфтаи манбаъ, Зиё Салом Каёнӣ, намояндаи ширкати байналмилалии “Ernst&Young” зимни муаррифии гузориши ширкати аудитории “Грант Торнтон”, ки вазъияти воқеии “Тоҷиксодиротбонк”-ро баҳогузорӣ кард, таъкид намуд, ки бо мақсади ҳифзи эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар дар шароити таъсири омилҳои буҳронӣ ба низоми бонкӣ ва иқтисоди кишвар дастгирии бонкҳо тақазои замон аст: “Ҳамаи иштирокдорон якдилона изҳор намуданд, ки “Тоҷиксодиротбонк”, ки яке аз бонкҳои низомсози кишвар аст, дар шароити кунунӣ ниёз ба дастгирии молиявӣ дорад. Аз ҷумла, бо роҳи сармоягузории иловагӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳ вазъи фаъолияти бонк муътадил карда хоҳад шуд, то бонк тавонад уҳдадориҳои худро дар назди муштариён пурра ва бенуқсон иҷро намояд”.

Тоҷиддин Пирзода, раиси ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар ин ҷаласа нақшаи амалии солимгардонии фаъолияти бонкро пешниҳод кардааст. Манбаъ меафзояд, “зимни дастгирии стратегияи роҳбарияти Тоҷиксодиротбонк изҳор гардид, ки баъд аз ҷаласаи солонаи БАТР, ки 11 майи соли равон дар Лондон доир гардида, дар он роҳбарияти БМТ ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ширкат меварзанд, масъалаи ворид шудани БАТР ба ҳайати саҳҳомони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар сатҳи баланд баррасӣ хоҳад шуд”.
Мӯҳр
Ватаншо
ИНшоолох бонк ба мавкеи аввалааш мерасад

Шиносбози, махалчиги, ва хешу таборбозиро бас кунанду дар ин бонк тибки усулхои иктисоди фаъолиятро огоз кунанд. Хукумат набояд ба ин бонк мадад расонад. Ин кори хато аст ва ба бунбасти навбати мебарад. Вазъи бучаи давлати бе ин хам нигароникунанда аст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)