Бахшҳо

“Статья”-и Президент

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Агар дар ҳамапурсии 22-юми майи соли ҷорӣ мардуми кишвар ба ҷонибдории тағйирот ба Қонуни асосӣ (Конститутсия) райъ бидиҳанд, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ аввалин кишвар ва ҳамин тур дар сатҳи ҷаҳон аз маъдуд кишварҳое мешавад, ки имкон медиҳад, шаҳрвандони 30-сола номзад ва Президент интихоб шаванд.


Сину соли президент ва номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ ҳамеша мавриди баҳсу баррасиҳо дар тамоми маҳофили сиёсиву фикрӣ қарор дорад. Пазируфтатарин син барои роҳбарии давлат на ҷавони ҷавон аст ва на пири фартут. Ҳамин аст, ки дар дунё мувофиқтарин синро барои роҳбарӣ аз 40-сола болову аз 70-сола пойин медонанд. Ҳоло ки яке аз тағйироти умда дар ҳамапурсии 22 май ба Қонуни асосӣ синни номзад ба мақоми президентӣ мебошад, зарур аст, мухтасаран ба шарҳ, таҷриба ва паёмадҳои он бипардозем.

Ба далели маҳор кардани мухолифин ва набуди мухолифини воқеӣ дар дохили кишвар ва аз сӯйи дигар номусоид будани фазои сиёсӣ баҳси ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ дар Тоҷикистон чандон гарм нест. Вале дар баҳсҳои худмонӣ ва гуфтумонҳои ҳалқавӣ ҳамеша ин баҳс гарм аст ва табиист, ки ҷонибдорону мухолифини худро дорад. Аммо аз 42 тағйири мавриди назар муҳимтарин тағйир ба моддаи 65 аст, ки ба андешаи соҳибназарон идораи ояндаи қудратро дар дасти Эмомалӣ Раҳмон таъмин ва ҳамчунин имкони ба қудрат расидани писари ӯ -- Рустами Эмомалиро, ки феълан раиси Ожонси мубориза алайҳи фасод дар кишвар мебошад, фароҳам мекунад.

Дар қисми дуюми моддаи 65 чунин тағйирот дар назар дошта шудааст, ки “Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад”. Дар Қонуни асосии барҳол (амалкунанда) синни номзад 35 муқаррар шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки то қабули қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат” ва акнун тағйироти мавриди назар ба моддаи 65 дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 ҳаққи номзад ва президент интихоб шуданро надошт, акнун бар асоси қисми панҷуми моддаи 65, ки мазмуни зайлро дорад, имкони то поёни умр номзад ва президент шуданро соҳиб мешавад: “Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад...”

Қисми 4-и ин модда интихоби пай дар пайи як шахсро зиёда аз ду бор ба маснади президентӣ манъ мекунад.

Дар пояи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон аз миёни кишварҳои Шӯравии собиқ аввалин кишваре мешавад, ки имкон медиҳад шаҳрвандони 30-солааш номзад ва президент шаванд. Ин нуктаро муфассирини тағйиру иловаҳо бо он рабт медиҳанд, ки ин тағйир додани имконият ба ҷавонон дар сатҳи олии роҳбарии давлат мебошад. Вале аз сӯйи дигар додани ин гуна имконият дар ҳамин мақтаи замонӣ суолҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Дар конститутсияҳои кишварҳои собиқ ИҶШС синни номзад аз 35-сола боло муқаррар шудааст. Аз ҷумла Озарбайҷон, Русия, Узбакистон, Қирғизистон, Арманистон, Укроин, Гурҷистон ва Белорус синни номзадро 35-сола гуфтаанд. Кишварҳои дигар аз қабили Туркманистон, Қазоқистон, Молдово ва се кишвари соҳили Балтик синни номзадро 40 муқаррар намудаанд. Аз миёни тамоми кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо дар конститутсияи Туркманистон дар мавриди нажоди номзад таъкид шудааст. Агар дар дигар кишварҳо гуфта шавад, ки “номзад шаҳрванде шуда метавонад, ки...”, дар Туркманистон чунин муқаррарот вуҷуд дорад, ки номзад ҳатман бояд туркман бошад.

Дар тамоми конститутсияҳои кишврҳои Шӯравии собиқ гуфта шудааст, ки як шахс ҳақ надорад бештар аз ду маврид пай дар пай президент интихоб шавад, вале ин муқаррарот дар Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон, Белорус, Озарбойҷон, Қирғизистон (даврони Аскар Акаев) борҳо вайрон шудааст. Дар баъзе аз конститутсияи кишварҳои узви “шашяки рӯйи замин” ба шаҳрвандони аз 70-сола боло иҷозаи номзад ва президент шуданро намедиҳанд. Дар Қонуни асосии мо низ то тағйироти соли 2003 синни ниҳоии номзад 65 буд, ки ҳоло дигар маҳдудияте вуҷуд надорад.

Кишварҳои ҳамзабони мо Эрон ва Афғонистон низ аз 40-сола пойинро лоиқи номзад шудан намебинанд. Дар Амрико 35, дар Олмон 40-соларо сазовори номзад шудан медонанд. Чин, ки имрӯз яке аз сояҳои раҳмати сиёсӣ барои Тоҷикистон ҳисоб мешавад, танҳо 45-солаҳоро шоистаи номзад ба мақоми раисҷумҳурӣ мебинад.

Ҳоло дар дунё ҷавонтарин раисҷумҳур роҳбари кунунии Курёи Шимолӣ Ким Чен Ин мебошад, ки 33 сол дорад ва соли 2011 дар синни 28-солагӣ ба роҳбарии ин кишвари диктотурии ҷаҳон расид. Ҳамчунин Шайх Тамим бен Ҳамад Ал-Тони амири феълии Қатар низ 35 сол дорад ва соли 2013 дар 32-солагӣ ин мақомро соҳиб шуд. Ҷигме Кхесар Намгял Вангчук Шоҳи Аждаҳогунаи Бутан (мақоми расмиаш) яке дигар аз роҳбарони ҷавонтарини кишварҳои дунёст, ки низ 35-сола мебошад. Ҳоло дар дунё танҳо Муҳаммад Алӣ ал-Ҳутӣ президенти Кумитаи инқилобии Яман нафарест, ки синнаш аз 35 боло (36-сола) ва аз 40 пойин аст. Дигар тамоми роҳбарони ҷаҳон аз 40-сола боло мебошанд.

Дар таърихи муосири ҷаҳонӣ ҷавонтарин президент роҳбари собиқи Ҳоити Жон Клод Дювале мебошад, ки соли 1971 ҳамагӣ дар 19-солагӣ роҳбарии ин кишвари фақиру қашоқтарини африқоиро аз падараш ба мерос бурд. Ин роҳбари ҷавон дар кишвар террори мухолифину дигарандешонро, ки ҳанӯз дар замони падараш оғоз шуда буд, давом дод. Ин гуна террору хунрезиҳо боиси норизоятии шадиди мардум шуд ва соли 1986 ӯро сарнагун карданд. Жон Клод Дювале маҷбур шуд кишвари титу парешашро тарк кунад ва бо ҳамин ҳукмронии ҷавонтарин президенти дунё поён ёфт.

Дар миёни донишмандон ва ҳамин тур дар тамоми ҷомеаҳо як фикр роиҷ аст, ки бояд роҳбари давлат шахси солманду донову рӯзгордида бошад, вале таърихи сиёсии ҷаҳон истисноҳо ҳам дошта. Вале тавре мушоҳида мешавад ҷавонтарин роҳбарон дар кишварҳои диктотурӣ, қашшоқ ва фақиру рушднаёфта ба ҳукумат расидаанд. Дар чунин кишварҳо, аксаран роҳбарони ҷавон ё аз роҳи ба мерос бурдани ҳукумат (кишварҳои шоҳиву монархӣ) ё аз роҳи тахаллуфу ғайришаффоф гузаштани интихобт соҳиби қудрат шудаанд.

Дар кишварҳои демократӣ, пешрафта, ғолибан касоне ба ҳукумат расидаанд, ки аз 40 сол беш доштаанд ва тавонистаанд, ки то 40-солагӣ шахсияти худро бисозанд ва мавриди эътимоди мардуми кишварашон қарор бигиранд. Аз назари бузургтарин марказҳои тадқиқоти ҷаҳон танҳо аз 35-40-солаҳо боло имкон доранд, ки шахсияти худро комилтар бисозанд, зарфиятҳоро дуруст истифода кунанд ва мавриди эътимоди мардум қарор биёбанду интихоб шаванд. Ба кишварҳое, ки ҷавонони 20-30-сола соҳиб қудрат шудаанд ҳамеша бо шубҳа нигариста мешавад ва роҳҳои дастёбии онҳоро ба қудрат машруъ ва қонунӣ намедонанд. Таърихан дар ҷаҳон ин фикр шакл гирифтааст, ки ҷавонон дар корҳои сиёсӣ бештар ба иштибоҳ роҳ медиҳанд ва ба ин хотир аст, ки имкони расидани онҳоро ба қудрат дар синни ҷавонӣ қонунан масдуд мекунанд.

ОМОРИ ҶОЛИБ:

Ҳоло дар дунё солхӯрдатарин роҳбари давлат Мугабеи 92-сола президенти Зимбабе мебошад. Ӯ аз соли 1987 ин кишварро таҳти фармон дорад. Маликаи феълии Бритониё Елезаветаи II ҳам аз солмандтарин роҳбарон аст, ки 90 сол дорад ва аз соли 1952 дар ин маснад мебошад. Ба ҷуз ин ду, ҳоло дар дунё синни роҳбари 8 давлат, аз ҷумла Тунис, Тайланд, Малайзия аз 80 боло мебошанд.

Дар дунё нафаре, ки аз ҳама беш дар роҳбарии давлат қарор дорад, шоҳи Тайланд Пхумипон Одулядет мебошад, ки наздик ба 70 сол аст, дар раъси ҳукумати кишвараш қарор дорад. Маликаи Бритониё 64 сол, сарвазири Баҳрайн Халиф ибни Салмон ал-Халифа 46 сол, Кобус бен Сайид султони феълии Умон 45 ва ҳамчунин роҳбари 5 давлати дигар бештар аз 35 сол аст, ки мақоми олии сиёсии роҳбарии давлатро дар ихтиёр доранд.

Аз кишварҳои Шӯравии собиқ роҳбарони Қазоқистон ва Узбакистон аз соли 1989 дар ҳукумат буда, Эмомалӣ Раҳмону Александр Лукашенко мутаносибан 24 ва 23 сол аст, ки роҳбари кишварҳои худ мебошанд.
Мӯҳр
Zaki
Маколаи хуб. Аммо як чизи асосиро кайд накардед ки сини аз ҳама ҷавонтарин дар дунйо чанд сол аст ва дар кадом давлатҳо шахсони ҳатто аз 30 сола пойон низ метавонанд президент шаванд.

али
Хайр натичаи референдуми пеш истода аллакай маълум

Muhojir
Bibii Elizaveta ba korhoi rohbari jalb ham nestu daholat ham nadorad!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)