Бахшҳо

“Пиво баъди госсупорӣ”: Ихроҷи намоишкоронаи 5 донишҷӯи тоҷик аз Белорусия (АКС)

Мақомоти Белорусия намоишкорона қарор кардаанд, ки 5 донишҷӯи тоҷик барои пивонӯшӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ аз ин кишвар ихроҷ шаванд.

Донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Гомел аввали моҳи май бо ҳамгуруҳҳои белорусашон супоридани имтиҳони давлатиро таҷлил карда, дар назди хобгоҳи донишгоҳ оби ҷав нӯшидаанд.

Тибқи иттилои сомонаи хабарии Белорусия - “people.onliner.by” барои эълони ин қарор ҳамаи донишҷӯёни хориҷии донишгоҳи Гомел дар толори калон ҷамъ карда шуданд: “Дар ҳузури ҳамаи донишҷӯёни хориҷӣ 5 донишҷӯи тоҷикро, ки дар бахши ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ таҳсил кардаанд, назди тахта даъват намуда, қарори ихроҷашонро қироат кардаанд, ки бар асоси он ҷавонони тоҷик бояд то 17-уми июн ин кишварро тарк кунанд”.

Тибқи қарори мақомоти милиса ва муҳоҷирати Белорусия ин донишҷӯён як соли оянда ҳаққи вуруд ба кишварро нахоҳанд дошт. Мақомоти Белорусия таъкид кардаанд, ки донишҷӯёни тоҷикро намоишкорона ихроҷ кардаанд, то барои дигарон дарс шаваду қонунгузории кишварро риоя кунанд.

Раёсати донишгоҳ бо изҳори таассуф афзудааст, ки ихроҷшудаҳо қаблан ҳеч қоидаро вайрон накардаанд ва таҳсили хуб доштаанд. Дар пайи пофишории раёсати донишгоҳ ба донишҷӯёни тоҷик муҳлат дода шудааст, то кори дипломияшонро ҳимоя кунанду бо диплом ба Ватан баргарданд.

Муҳаммад, яке аз донишҷӯёни ихроҷшуда дар шарҳи қазия изҳор доштааст, ки он рӯз супоридани имтиҳони давлатиро таҷлил карданд: “Хурсандӣ мекардем, аз хобгоҳ берун шудем. Дар дасти як нафарамон як зарфи дулитрии оби ҷав буд. Милисаҳо омада, моро бо ҳамгуруҳҳои белорусамон ба шуъбаи милиса бурданд. Баъди чанд рӯз ба хадамоти муҳоҷират даъват карда, гуфтанд, ки шуморо аз кишвар ихроҷ мекунем. Ташаккур ба раёсати факулта, ки барои гирифтани диплом муҳлат доданд”.

Бархе аз корбарони интернет чунин муҷозотро танҳо барои пивонӯшӣ, ки бори якум ба қайд гирифта шудааст, сангин хондаанд. Аммо бархеи дигар аз он истиқбол кардаанд, то барои дигарон дарси ибрат шавад.


“Пиво баъди госсупорӣ”: Ихроҷи намоишкоронаи 5 донишҷӯи тоҷик аз Белорусия (АКС)

“Пиво баъди госсупорӣ”: Ихроҷи намоишкоронаи 5 донишҷӯи тоҷик аз Белорусия (АКС)

“Пиво баъди госсупорӣ”: Ихроҷи намоишкоронаи 5 донишҷӯи тоҷик аз Белорусия (АКС)

“Пиво баъди госсупорӣ”: Ихроҷи намоишкоронаи 5 донишҷӯи тоҷик аз Белорусия (АКС)

“Пиво баъди госсупорӣ”: Ихроҷи намоишкоронаи 5 донишҷӯи тоҷик аз Белорусия (АКС)
Мӯҳр
ба студент монанд нестанд волидайношона нависед

tojik
har ruz ay sharmandagii nav har ruz yak musibat har ruz yak katl har ruz beobrugii nav
TO KAY??? TO KAY??? TO KAY???

Саидбилол
Сад хайфу шармандагии ки ба чунин шакл муаррифии Ватану миллат мекунен. ба назари ман хар шахсе ки дар давлатхое дигар карор дорад худ ба худи Сафири Давлати худ аст !

Dev
Mardumi besohiba har kor kardan mumkin.Agar hamun javonho az digar davlat mebudan hej kas kordor ham nabud. Bo hamkadahhoyashon-donishjuyoni belorusi chi kor kardaand? Onhoro ham ihroj kardan? Yo tojik hamesha baroi experiment istifoda meshavad.

Darvesh
.
Хондани рафтед е пивонуши?

Муслим
Ассалому алайкум
О донишчуи точик бояд ба чои пивонуши намоз хонад руза гирад аз руи одати точикона ва шариатиаш зиндаги кунад. агар инхо хилофи ин рафтор карданд хуб карданд макомоти Белорус бояд инхоро хатто дтплом намедоданд.

Салом
Бовар кунед ин натиҷаи дури будан аз фарҳанги исломӣ аст. МО Шукри Аллоҳ мусалмон астем ва аз руи фармудаи У бояд амал намоем. Ба ин бародарое ман шахсан тавсия медиҳам ки ба ғайр аз тавба пеши Аллоҳ дигар роҳе нест. Зеро бадноми худ як тараф миллатро бадном кардан ҷурм аст

оби ҷав...
Маззаи оби ҷав ҳеҷгоҳ аз хотиратон намебарояд.
Дар ватан ҳамин корҳоро намекунед....

Гунг.Метро.
Точики нодидаи беандеша,пиворо дид,худ гашт пареша.
Дар Точикистон дасташ кутох буд,дур аз ватан бин дасташ дароз шуд
Фукаш боло шуд,кибраш дунегир,акл ки кутох аст,худ инкироз шуд.
Шарманда моем,байни дигархо,точик кучоем,номе фароз шуд.
..Точике точик,дар пушти девори хонаи падариаш ин хел каттагиву хавобаландиву тентаки намекунад,тавре ки дар Россия менамояд.
Орифи "арматур",Махмади "банан",Абдули "мандарин",Салими "пепси",Шомуроди " гири",Абдурахмони "кулак",Юраи "гашнич",Амони "костолом" ва гайраро мебиниву мешунави..Точикистон,ки рафтанд,шайхаки кучахои дехахо мешаванду аз пепсигуиву бананану мандарин гуи,пархез мешаванд.Сиесат,мушти пуркуввати давлатдории Точикистон ,ин зурхоро буздил месозад,чунки бисерашон хуни бузи доранд.

Аз харом Ягонкас обуру нагирифтааст

Модар
Мо модарон бояд фарзандонамонро дар рухияи худогохи тарбия намоем,фарзанди ман дар санкт.петербург интернатура мехонад дар байни русхо дар беморхона танхо як точик аст,панч вакт намозаша дар хамон беморхона мехонад,то хато доктори рус роху рафтори инро дида гуфтаст ман мехохам мусулмон шавам,мо бояд фарзандонамонро хам илми дуняви хам илми куръонро омузем.....

Як гап ҳаст ку бисёр ба маврид гуфта шудааст: КАМБАҒАЛРО ДАР БОЛОИ УШТУР ҲАМ САГ МЕГАЗАД...

Боз шарм надошта менавсед ки номаш Мухаммад буд! О бо чунин ном шармандаги ку!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)