Бахшҳо

Зуҳуров ба Матвиенко: Фармоишгарону қотилони тоҷикон дар Хованскоеро беҷазо намонед

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки феълан дар Русия қарор дорад, имрӯз, 19 май дар мулоқот бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия хостори ҳалли мунсифонаи қазияи қабристони “Хованское”-и Маскав шуд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки Зуҳуров дар суҳбат ба Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Маҷлиси федералии Русия аз қазияи қабристони Хованское, ки боиси марги се шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ гардидани 23 тани дигар шудааст, изҳори таассуф ва нигаронӣ карда, хостори ҳалли ин қазия бо роҳи мунсифона шудааст.

Манбаъ мегӯяд, Шукурҷон Зуҳуров иброз доштааст, ки мутаассифона, ҳастанд шахсон ва гурӯҳҳое, ки хостори ворид кардани халал дар муносиботи дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия мебошанд. Ба иттилои манбаъ, раиси Маҷлиси намояндагон аз Валентина Матвиенко тақозо кардааст, ки барои дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани қотилон ва ҳомиёну фармоишгарони ин ҳодиса аз тариқи кумита ва комиссияҳои дахлдори Шӯрои Федератсия назорати ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.

Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, ки Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намудааст, ки баъди ҳодисаи рухдода ба вазъи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад расид: “Чун анъана баъд аз рух додани ҳодисаҳои марбут ба муҳоҷирон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия фишорро ба муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр менамоянд. Айни замон тавассути Васоити Ахбори Оммаи Русия аз ҷониби баъзе сиёсатмадорон, аъзои Шӯрои Федератсия, депутатҳои Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳукмрон, мисли ҳарвақта пешниҳодҳои ворид кардани раводид ба Тоҷикистон ва берун кардани муҳоҷирони меҳнатӣ аз қаламрави Русия садо дода истодаанд, ки чунин ҳолат тафаккури оммаро бар зидди муҳоҷирон ташаккул дода, замина барои хориҷ кардани шаҳрвандони моро бидуни асосҳои қонунӣ фароҳам меоварад. Таҳлили ҷараёни хориҷ кардани шаҳрвандони кишварамон аз қаламрави Русия собит менамояд, ки вақтҳои охир мақомоти дахлдори Русия шаҳрвандони кишварамонро беасос бо ҳар гуна баҳона тавассути қарори суд аз Русия хориҷ менамояд. Суръати баррасии парвандаҳои муҳоҷирон ва баровардани қарорҳо касро ба ҳайрат меоварад. Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти дахлдори кишвари иқомат ин корро на дар асоси қонунҳо, балки аз рӯи нақшае амалӣ мекарда бошанд”.

Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, боиси таассуфи зиёд аст, ки танҳо дар солҳои 2011-2016 ҷасади 4815 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд, ки аз ин шумора 379 нафарашон аз ҷониби ҷинояткорон кушта шудаанд. Ба қавли Зуҳуров, ин ҳодисаҳои мудҳиш наметавонад ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро ором гузорад: “Мутаасифона на ҳама қотилони ин кушторҳо муайян ва ба ҷавобгари ҷиноятӣ кашида шудаанд”.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон изҳори умед кардааст, ки тамоми масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ бо роҳи мусбӣ ҳал мешаванд.

Манбаъ мегӯяд, Валентина Матвиенко дар бораи қазияи қабристони “Хованское”-и Маскав ба Шукурҷон Зуҳуров ва дар шахси ӯ ба хонаводаҳои қурбоншудагон ҳамдардии амиқ баён намуда, аз вуқӯи ин ҳодиса дар қаламрави кишвараш ибрози таассуф кардааст. Валентина Матвиенко ба Шукурҷон Зуҳуров иттилоъ додааст, ки қазияи мазкурро шахсан зери назар гирифта, барои ҳалли мунсифонаи он мусоидат менамояд. Раиси Шӯрои Маҷлиси Федералии Русия таъкид кардааст, ки ҳеч гуна аъмоли муғризонаи шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои манфиатҷӯ наметавонанд муносиботи хуби кишварҳои моро халалдор намоянд: “ Мо ҳаргиз ба чунин шахсон имкон намедиҳем, ки ин ҳадафи нопоки худро амалӣ намоянд”.

Валентина Матвиенко дар идома аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид кардааст, ки ин равобит бояд бештар тақвият дода шавад.
Мӯҳр
Вакте, ки Хуршеда Султоноваи 10-соларо фашистони рус бо 17 захми корд дар Санкт Петербург берахмона ба катл расониданд, хамин Матвиенко Губернатори ончо буд. Ваъда карда, ки тафтишоти чараёни кушторро худаш зери рохбари гирифтааст ва хатман котилон мучозот хоханд шуд. Аммо коре накард. Алъон низ у набояд чизе умедвор шавем.

Cипос ба Шукурч,он Зух,уров! Бори аввал хондам, ки мак,оми олии кишварамон аз х.ук,ук,и шах,рвандони худ дар хорич,и кишвар х,имоят боч,уръатона х,имоят кард! Албатта, ин химоят вазифаи уст, вале мо шох,иди х,олем, ки макомоти мо аслан вазифаи худро ич,ро намекунанд! Дируз хондам, ки Д. Рогозин, ки аз идеологх,ои скинхендх,ои рус аст, барои баргузории ч,аласае ба Точ,икистон меояд, дам сурате ки амсоли у макомдорони рус бояд хак,к,и вуруд ба кишвари моро надошта бошанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)