“Новая газета”: Раванди тафтишоти қазияи Умаралӣ Назаров ғайриқонунӣ эълом шудааст

Нашрияи “Новая газета” мегӯяд, Додгоҳи ноҳияи Невскийи Санкт-Петербург раванди тафтишоти қазияи Умаралӣ Назаров, кӯдаки панҷмоҳаи тоҷикро, ки ба таври мармуз фавтид, ғайриқонунӣ эълом кардааст.
Ба иттилои нашрия, додгоҳ ҳамчунин амалҳои зиёди ғайриқонуниро дар ҷараёни тафтишот пайдо карда, мақомҳои марбутро барои рафъи онҳо муваззаф кардааст. Манбаъ бо такя ба ҳалномаи додгоҳ менависад: “Ҳамаи санадҳои тиббӣ дар наздиктарин фурсат ба волидони Умаралӣ Назаров ва вакили мудофеи онҳо пешниҳод мешаванд. Инчунин кумитаи тафтишот вазифадор шудааст, ки ташхиси тиббӣ-додгоҳии навро таъйин кунанд”.
Ба гуфти додгоҳ, Александр Ожиганов - муфатиши ноҳияи Невский давоми ҳафт моҳ ба ҷабридидащо ва вакилони мудофеашон ягон иттилоъ надодаанд. Бар илова онҳоро ба маводи парванда шинос накардаанд. Олга Сейтлина, вакили дифои волидони Умаралӣ Назаров ба “Новая газета” гуфтааст, “мо ба тағйири ҷиддӣ дар парванда умед надорем. Кӯдакро намешавад баргардонд. Муоинаи нав имконпазир аст, аммо ҷасади кӯдак алакай нест. Ҳоло танҳо намунаи доруҳо мондаанд, ки метавон онҳоро таҳқиқ кард. Аммо бо он мавқее, ки муфатишон доранд, фикр мекунам, экпертизаи нав ҳам далели мурдани кӯдакро вирус мегӯяд. Гуфтани ин чиз душвор аст, ки ӯ вирус надошт. Ин вирусро 90 фоизи мардуми ҷаҳон доранд. Ин ғолибияти зудгузар аст. Мо ба самаранокии тафтишот боварӣ надорем. Вале муҳим ин аст, ки додгоҳ бештари корҳои муфатишонро ғайриқонунӣ донист. Қарор аст, мо ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи кӯдак муроҷиат кунем”.
Олга Сейтлина ва Юрий Серов, вакилони мудофеи волидони Умаралӣ Назаров 3 март ба сабаби бефаъолиятии муфаттишон ва нақзи ҳуқуқи ҷабрдидаҳову намояндаҳои онҳо ба додгоҳ шикоят бурданд. Додгоҳ ин шикоятро давоми ду моҳ баррасӣ карда, маводи парвандаи ҷиноятиро аз муфатишон дастрас накардааст. Баъди муроҷиати сеюм додрас Алексей Головко ба ғайр аз чанд коғаз чизи дигарро нагирифтааст. Аммо тибқи ин санадҳои дастрасшуда боз ҳам додгоҳ хулоса кардааст, ки муфатишон дар рафти тафтишот ба нақзи қонун роҳ додаанд.
Умаралӣ Назаров, кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик баъди он ки аз дасти волидонаш гирифта шуд, шаби 13 ба 14 октябри соли гузашта ба таври мармуз дар беморхонаи Симбалина даргузашт. Ин қазия ба гунаи бесобиқа дар расонаҳо бозтоб ёфт, таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандиро ҷалб кард ва дар сатҳи болои ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия дар миён гузошта шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |