Бахшҳо
23 май 2016 14:37Тоҷикистон / Акс

Рогозин акси пазироияш дар Душанберо нашр кардааст (АКС)

Дмитрий Рогозин, ноиби сарвазири Русия дар умури саноати ҳарбӣ, ки дар Ватанаш “миллатгарои дарборӣ” тахаллус гирифтааст, аксҳои пазироияш дар Душанбе ва манзараи пойтахти Тоҷикистон аз тирезаи меҳмонхонаи “Ҳайат”-ро дар шабакаи Твиттер нашр кардааст.

Дар аксҳое, ки Рогозин аз ҷаласаи 14-уми Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-ҳарбии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Душанбе нашр кардааст, маросими пазироӣ ва ҷараёни ҷаласа сабт шудаанд. Рогозин 20-уми май дар садри ҳайати Русия дар Душанбе қарор дошт. Ӯ навиштааст, Комиссияи байнидавлатии СПАД дар бораи ташкили корхонаи муштарак оид ба таъмири техникаи ҷангию силоҳ қарор қабул мекунад.

Ба навиштаи Рогозин Комиссия байнидавлатии СПАД инчунин дар бораи истифодаи муштараки имкониятҳои “ГЛОНАСС”-низоми моҳвораии Русия тасмим мегирад. Низоми “ГЛОНАСС” ҳанӯз замони шӯравӣ бо дархости Вазорати мудофиаи “СССР” ташкил шуда, феълан ҳудуди 24 моҳвораро дар бар мегирад.

Ин дар ҳолест, ки қабл аз сафари Рогозин ба Душанбе Нуралӣ Давлат, журналист ва шореҳи сиёсии тоҷик пешниҳод кард, то Рогозин ба далели туҳмату таҳқирҳояш дар ҳаққи тоҷикон “персона нон-грат” эълон карда шавад. Нуралӣ Давлат дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, Рогозин дар як китобаш беасос тоҷиконро дар қатл ва таҷовузи оммавии русҳо дар аввали солҳои 90-ум гунаҳкор кардааст: “Гӯиё моҳи феврали соли 1990 тоҷикон ҳудуди 1,5 ҳазор занону духтарони русро дар майдони назди Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе бо таҳдиди силоҳ таҳқиру таҷовуз кардаанд. Рогозин мегӯяд, солҳои 90-ум дар Тоҷикистон генотсиди русҳо буд, ки ягон асос надорад”.

Рогозин, ки вақтҳои охир мавриди интиқодҳои оммавии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ қарор гирифтааст, қаблан тоҷиконро интиқолдиҳандаи силоҳу нашъа ба Русия хонда буд. Ӯ дар Тоҷикистон бо таҳқирҳояш нисбати тоҷикон маъруф буда, борҳо дар расонаҳои русӣ аз хушунати тоҷикон алайҳи русҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ изҳорот додааст. Аз пешниҳодҳои ахири Рогозин алайҳи Тоҷикистон ин манъи рафтуомади қаторҳои Тоҷикистон ба Русия мебошад, чун ба ақидаи ӯ ин қаторҳо ҳомили нашъа ва вирусҳо мебошанд.


Рогозин акси пазироияш дар Душанберо нашр кардааст (АКС)

Рогозин акси пазироияш дар Душанберо нашр кардааст (АКС)

Рогозин акси пазироияш дар Душанберо нашр кардааст (АКС)

Рогозин акси пазироияш дар Душанберо нашр кардааст (АКС)

Рогозин акси пазироияш дар Душанберо нашр кардааст (АКС)

Рогозин акси пазироияш дар Душанберо нашр кардааст (АКС)


Рогозин акси пазироияш дар Душанберо нашр кардааст (АКС)
Мӯҳр
Перс
Товарищ Рогозин..убедились в том что на самом деое таджикский народ это народ которые очень гостиприемный древнейщий народ с историями и с сегодняшный цивилизация..Мы уважаем всех народов мира в том числе и русскую народ..и просим вас уважительно относитесь к наш народ..Хай чи гуям дигар чонам барои хамватанони гарибам ки дар Хованское кладбище шахид шуданд вучудам месузад...

Товарищ Перс
Он чизе ки ту мегуи мехмоннавози мехмоннавози нест ин хурд кардани миллат ва шикастани гурури миллат аст. Миллати точик то хол худашро нашинохтааст, хичолат бояд кашид. Моро гурури моро шикастанд, ку гурури точикона. Бояд хакамонро аз кишвари худамон биёбем. Дилат ба бехукукии ин мардум бисузад.

Ачаб мардуми бекадру бе тафаккурем ки бо вучуди инкадар тахкиру тухмати ин рус боз бо ин хама кадрдони пешвоз мегирему киммати худро паст мезанем. Наход ин миллат то ин дарача поин рафта бошад. Хайфи ин миллату давлат.

Националисти ашадиро бо ном Тескак хамин хел пешвоз гирифта буданд. Хато духтарони точикро ба у пешниход карда буданд. Вой бар холи ин миллати бешарму бе хайе. Холо мебинед пас аз чанд вакт ин хамаи ин кадрдоние,ки миллати точик кардааст аз едаш мебарорад ва боз душмани ашаддии миллати мо мегардад.

Муслим
собир,
холи инаш бахайрай..чанд сол пеш як лидери тоссара (скинхед)- да даъват кардан, мехмондори кардан, у курнамак рафту бо дар блогаш точиконро тахкир кард...кани гурур? нест гурур!

саломат
ин мехмоннавози нест!
ин маданият нест!
ин пасти аст!
ин гуломи аст - гуломо барои хочахо раксу бози мекунан...
ин сархамкуни аст пеши хочагон - тарс аст ки мабодо хучаин ранчад е хафа шавад...

Хокироҳ
Суол, ин ҷо куҷост? Ин чорабиниро кӣ ташкил кардагиш?
Ҳеҷ ақли олам намеширад, ки ҳамин чиз аз рӯи одобу ахлоқ бошад.
Дар давлатдорӣ госпротокол ном чиз ҳай. Наход ҳамин аз рӯи ҳамон прокол бошад?! МИД куҷоба нигоҳ мекунад?
Департаменти протоколи давлатӣ ҳаст дар МИД, ин корҳоя ваё бояд назорат кунанд. Агар ин аз рӯи протоколтаст, пас мо миллати ғулом ҳастем.
Аслов ё дигар вазирону кабирони Тоҷикистон вақте ба Россия меоянд, Маруся ё Наташкае ҳамин хел рост истода қабулу пешвоз мегирад ми? Ё дар давлати дигаре? Хоб мебинед! Маълум мешавад дар академияҳои дипломативу ҳарбии Руссия кадр не, ғуломонро тарбия мекардаанд?

Озодагон чоп кунед, шояд мухотабҳо хонда монанд.

Мақомоти кишвар чаро ҷои духтарони мардум духтарони худатонро рӯи ин зинаҳо наовардед барои меҳмонон пешниҳод кунед?

Фирдавс
Ба дустон... Гумон мекунам ки ин кори хуб аст,зеро мегуянд бо душман бо забони нарм чангид.
Адабро аз ки омухти? аз беадабон!
Бисер давлату миллатхо нисбати мо точикон акидаи пасту галат дорад. Бисер хуб аст ки онхоро дават карда худамонро шинос конем,то донанд,ки мо ки хастем,ва безарар хастем.
Албатта гулистон бе хор Буда наметавонад, Дар миллати мо хам инмонхои качрафтор хам хастанд,ки онхоро доги миллат меноманд ва амали хамонхо Моро ноошхову галат нишон медихад дар назди дигар миллатхо...


Вой бар ин Миллат..........
Ин Миллат Гулом шуду Душманонаш Арбоб!
Барои кадом гунох Худованд Душманони ин Миллатро дар болояш мусаллат гардонид?

рахмон
Озодагон - чаро коменти моро чоп накардед?

Точико бояд инро рох намедод ба хокаш наинки икадарбошукух пешвозгири.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)