Бахшҳо

Хабарнигори “Ал-Ҷазира”-ро ба мурофиаи Бузургмеҳр Ёров роҳ надоданд

Мурофиаи навбатии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, ҳуқуқшиносони тоҷик дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо таъхири чор соата шурӯъ гардид.

Ин мурофиа қарор буд соати 10:00 оғоз шавад. Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, далели таъхир дар шурӯи мурофиа ба ҳозир нашудани ҷабрдидаҳо рабт дода мешавад: “То ин соат танҳо чор нафар, ки ҳамчун ҷабрдида дар ин парванда номнавис шудаанд, ҳозир шудаанд. Масъулини додгоҳ гуфтаанд, агар ҳадди аққал ду нафари дигар ба додгоҳ биёяд, баррасии парванда аз сар гирифта мешавад”.

Теъдоди умумии ҷабрдидаҳо 18 нафар гуфта мешавад. Дар мурофиаи қаблӣ рӯзи 13 май Бузургмеҳр Ёров аз додрас тақозо кард, дар асоси қонун бояд ҳамаи ҷабрдидаҳо дар мурофиа ҳузур дошта бошанд. Ӯ гуфт, барои ҳозир нашудан ҳар ҷабрдида 400 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баста шаванд. Аммо Асадулло Бобохонзода, додраси парванда гуфт, ҷабрдидаҳоро барои ҳозир нашудан ҷарима намекунанд, зеро шояд барои наомадан ба мурофиа узр доранд. Вай гуфт, талош мекунанд дар мурофиаи баъдӣ ҳамаи ҷабрдидаҳо ҳозир шаванд.

Бино ба гуфтаи айбдоркунандаи давлатӣ 18 нафаре, ки аз Бузургмеҳр Ёров шикоят бурдаанд, иддао доранд, ӯ дар маҷмӯъ 92 ҳазору 300 доллари онҳоро гирифтааст. Аммо Ёров ин ҳамаро рад мекунад.

Мурофиаи додгоҳӣ баъди соати 14:00 оғоз шуд, аммо додраси парванда ба ҷуз аз модар ва ҳамсари Бузургмеҳр Ёров касе иҷозаи ҳузур дар онро надодааст. Ин дар ҳолест, ки барои иштирок дар мурофиа наздикони Ёров, хабарнигорон ва намояндаҳои Созмони милали муттаҳиду Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, инчунин як хабарнигори шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” ҷамъ шуда ва чор соат мунтазири шурӯи мурофиа буданд.
Мӯҳр
Агар *Ал-Ҷазира* ё *ББС* ё *Тамоми расонаҳои дунё* оянд, бе фойда аст.
Зеро, ки тамоми додгоҳои шахсони мазлум паси дарҳои баста мегузаранд.

Мардуми точик бедор шавед. Аз омадани ин хабарнигори телевизионии “Ал-Ҷазира” буи фитна меояд. Ин телевизионе мебошад ки сабаби рехтани хуни хазорхо бародарони мусалмони мо дар давлатхои араби аст... Хуни чавонони мо низ ки дар Сурия кушта шудааст аз фитнаандозихои “Ал-Ҷазира” сарчашма мегирад... Чангро дар давлатхои Араби тавасути хамин телевизон шуруь карда буданд... ки то хол хуни мардуми мусалмон дар он давлатхо рехта мешавад...

Озодагон то таърифу тавсиф накунем чоп намекуне ???
ё номатро алиш кун !!!

Мухочир,
Бародар камеҳам бошад мунсифона навис!!! *Ал-Ҷазира* ягона телевизионе аст, ки ҳақиқатро хеле равшан мекунад. аз ББС ё ЕВРОНИЮС ва дигар телевизионҳо дида бо инсофтар аст. ин аз мантиқ дурас гуё сабаби ин ҳама ҷангҳо *Ал-Ҷазира* бошад. Оё ҷанги дувуми ҷаҳонро Ал-Ҷазира сабаб шуда буд???.....))) wink
Он чизе, ки аёнаст,
Ҳоҷат ба баён нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)