Бахшҳо

Қарори манъи “Занги охир” ва ҳушдори вазир ба саркашҳо

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон соли равон таҷлили «Занги камолот» барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-ро дар тамоми макотиби миёнаи кишвар манъ кардааст.

Вазири маориф масъулинро муваззаф намудааст, ки қарор дар бораи манъи занги камолотро дар мушовара, шӯроҳои раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо қироат намуда, иҷрои саривақтӣ ва ҳатмии онро таъмин кунанд. Бо қарори имзонамудаи Нуриддин Саид, 7-уми июн дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ машғулиятҳо тибқи ҷадвали дарсҳо ба роҳ монда мешаванд: “Ба директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияташон супориш дода шавад, ки аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба гурӯҳи корӣ таъсис дода, ҷиҳати ба хонандагон ва падару модарон фаҳмонидани моҳияти қарори мазкур ва мактубҳои дастурии вазири маориф ва илми Тоҷикистон тадбирҳои амалӣ андешанд”.

Нуриддин Саид таъкид намудааст, ки дар сурати иҷро нагардидани талаботи қарори мазкур нисбат ба сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тибқи қонунгузории Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.

Манъи пурраи “Занги камолот” дар ҳолест, ки соли гузашта Нуриддин Саид, фармон дода буд, ки занги камолот ҳамагӣ 45 дақиқа, аз соати 8:00 то 8:45 гузаронда шавад. Вазир гузарондани ҳама гуна шабнишинӣ, зиёфатороию туҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ, овехтан ва оро додани худ бо лента ва зангӯла, омадан бо мошинҳои шахсӣ, сайругашт ва ба тарабхона рафтани хонандагонро қатъиян манъ карда буд.
Мӯҳр
беном
Чунин фармон хар сол аз нав такрор мешаваду халос....дар мактабхо аллакай дар мохи апрель аз тамоми падару модарон пули таъмиру дигару дигар ситонида шуд. Ин як худнамоии Вазир аст. Кани гуед, Боре ягон касро барои ситонидани маблагхои хангуфт чазо додед?

Чанд саволе ба Вазири Маориф ва илми ЧТ

Ман чун хатмкунандаи мактаби миёна ба чаноби вазир арз медорам ки дар он «занги камолот « он кадар маблаге сарфе намешавад ки хочати ташвиш бошад .Барои мисол як зангула аз 3 сомони то 5 сомони ва як лентаи рамзии аз 8 сомони то 15 сомони .Агар сару либосро дар назар бигирем имруз бо карорхои хирадмонаи Вазорат хам бо либоси ягонаи мактаби меоянд ки хочат бари либос бари занги камолот гирифтан нест ва хеч як хонанда киблагохи худро азият намедихад бари хариди либос.Пас харчи бехуда дида намешавад ки иштибохи Шумо дар ин маврид аст .
Вазорат бо чунин карорхои худ тифлакони манъсуро аз иди «Алифбо» махрум кардед.Харчи бе худа гуфта .Ман нав ба сини камолот расидаму фахмидам ки шеъру чистон ва накше бози карданд дар ин ид дар назди волидонат харчи бехуда будаст.Шумо дар назар дошта бошед ки волидайн ба муллимони аввали фарзанди худ тухфахо мебурданд аз ин сабаб пас боз хато мекунед ,чун ки хозирам волидайн чунин тухфахоро мебаранд.Шумо хубтараш маблаги таъмир гуфта аз хонандагону волидайн мегиранд инро маън кунед ва кароратон хушру назорат кунед то идхоро маън намудаву чавоноро ифроти намуданд.Имруз хонанда ба масчид наравад як идхои мактабиро чашн нагирад.Ман хамчун хонандаи мактаб аз Шумо пурсиданиам мо ба кучо равем факат нагуед ба китобхона ва ба хондан вакти худро сарф кунед чун на хамавакт метавонад одам ба китоб хона нишинад.Хулоса аз Шумо пурсиданиям даврони мактаби худро чи гуна гузарондед ?оё иди «Алифбо « , »Соли Нав» «Занги охир» ба дониши Шумов а хамсабакони шумо зараре кардаа буд ки имруз маън намудед?

PS: Агар тавонед хамчун маколаи алохида чоп мекардедто ба Вазири маориф ва илми ЧТ рафта бирасад.
Хатои техники ва граматики ва чойи зарури харфои точики бимонед ва метавонед аз редакция дар ин мавъзу пуратар бинависед бо эхтиром хонандаи доимии Шумо

бИСЁР ФАРМОНИ САРИВАКТИ ВА БОМАВРИД. АГАР МО ЧАНД СОЛРО ПЕШРО НАЗАР КУЦНЕМ ТАМОМИ БАДБАХТИЮ БЕНОМУСИЮ ЧИНОЯТКОРИ ДАР ХАМИН ЗАНГИ КАМОЛТ БА ВУКУЪ МЕПАЙВАСТ. САЛОМАТ БОШИ н.сАИД

Донишҷӯ
Ин хело хуб мебошад! Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям ки на муалим ҷарима ситонида шавад балки падару модаро зеро волидайн ба онҳо пул медиҳанд ба хондан не ! Сипосгузорам Раис!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)