Кӯмаки “ситораи Русия” ба ду тоҷики бемор (АКС)
Николай Росторгуев, раҳбари гуруҳи “Любе”, яке аз овозхонҳои маъруфи Русия ва кишварҳои ИДМ барои табобати ду шаҳрванди бемори Тоҷикистон кӯмак кардааст.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” иттилоъ доданд, гуруҳи продюсерии Росторгуев ба корҳои хайриявӣ машғул мебошад ва ба ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки бемории вазнин доштаанд, кӯмак намудааст: “Аз ҷумла гуруҳи Росторгуев барои ду тоҷикистонӣ, ки яке бемории чашм ва дигаре бемории қалб дошту фавран бояд ҷарроҳӣ мешуд, кӯмак намуд".
Ба иттилои манбаъ Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 26-уми май зимни мулоқот бо Росторгуев барои кӯмакҳояш изҳори миннатдорӣ кардааст. Сафири тоҷик иқдоми овозхони маъруфи Русияро дарси ибрат барои афроде хондааст, ки имкони кӯмак ба ниёзмандонро доранд, аммо бетарафӣ зоҳир мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |