Бахшҳо
31 май 2016 08:18Тоҷикистон / Сиёсат

Ҷавонон: Аз осебпазирӣ, шиоргаройӣ то “фаҳмондадиҳӣ”

Иршод СУЛАЙМОНӢ


23 май Рӯзи ҷавонони кишвар буд. Ин рӯзро мо бояд барои фард-фарди миллат фархунда бод бигӯйем. Зеро дар баробари қисми асосии аҳолии Тоҷикистон будан, инчунин муҳимтарин қишри имрӯзи ҷомеаи Тоҷикистон ҷавонанд. Ҷавонон на танҳо ояндаи миллат, балки имрӯзи кишвар ҳам ҳастанд. Имрӯз аст, ки иқтисоди варшикастаи Тоҷикистон болои шонаҳояшон истод аст. Аксари лашкариёни муҳоҷири тоҷикро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо имрӯз ноновар, нигаҳдорандаи номус ва ғурури хонаводаҳои худ, кафили чархиши иқтисоди Тоҷикистон, яке аз пояҳои асосии амнияти кишвар мебошанд, ки дар қиболи ҳамаи ин ҷавонии худро қурбон кардаанд. Барои ҳамин мегӯйем, ки Рӯзи ҷавонон муборак!

Вале дар ин авохир дар кишвари мо ҷавонӣ аз як даврони талошу мубориза барои худсозиву кишварсозиву миллатсозӣ ба як даврони шиорзаниҳои иҷбориву дурӯғин табдил шудааст. Мақоми масъули роҳандозигари сиёсати давлат дар умури ҷавонон ҷойи офаридани барномаҳои роҳбурдиву муосир аз ҷавонон бештар ба сифати обзори сиёсӣ истифода мекунад. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон насли аз 18-сола то 35-сола ҷавон ҳисобида мешавад. Имрӯз агар ин наслро ташхисӣ табақотиву иҷтимоӣ ва ҳатто агар равонӣ кунем, мебинам то чӣ андоза насле, ки ояндаи кишвар гуфта мешавад осебпазир аст ва ҳатто мешавад гуфт, ки дорад ба як насли хатарзо табдил мешавад. Вале дар ин матлаб мо дар бораи давраи аввали ҷавонӣ ва ё насли то 25-26-сола сӯҳбат мекунем.

Умдатан ҷавонони тоҷик пас аз хатми мактаби миёна чанд қишр ҳастанд:
Қишри муҳоҷир;
Қишри муҳассил;
Қишри коргар (қишре, ки на имкони муҳоҷир шудан дорад ва на имкони таҳсил)

Аз нигоҳи иҷтимоӣ ин қишрҳои ҷавонон моҳиятан гуногун мебошанд. Ин ақшор ҳам камсаводу бесавод доранд, ҳам донишманду ҳам камбизоат. Ягона тавофут дар миёни ин ақшорро қишри муҳассил дорад, ки бо тафовут аз дуйи дигар дар худ бойҳову дороҳоро дорад. Вале дар ин миён муҳимтарин қишр қишри муҳоҷир аст, ки бо вуҷуди аксари ҷавонони кишварро дар бар гирифтан ҳамчунин аз нигоҳи моҳиятӣ хосиятҳои гуногун дорад. Аввал ин ки ин қишр дар таъмини сулҳу субот ва чархиши иқтисоди кишвар саҳми бузург доранд. Ба далели ин ки теъдоди бузург аз кишвар берун мераванд мизони бекории шадидро дар кишвар кам карда, ҳамчунин имкони сар задани ҷиноятҳоро низ дар дохил хеле пойин мебаранд. Аз ҷониби дигар онҳо пули нақд ба кишвар интиқол медиҳанд, ки бар асоси ҳамин пул иқтисоди кишвар сари по меистад ва имконоти хариди мардумро то андозае таъмин менамоянд. Аммо қисме аз муҳоҷирини тоҷик дар баробари ин қадар фоида, бар асари танзим нашудани раванди муҳоҷират ва дастбакор нашудани ҳукумати кишвар оҳиста-оҳиста ба як қишри осебпазиру хатарзо табдил шудан доранд. Аксари тоҷикистониёни пайваста ба ДИИШ ва гуруҳҳои тундраву ифротгаро маҳз аз шумули муҳоҷирони тоҷик ҳастанд. Омӯзишҳо нишон додааст, ки аксари онҳое, ки ба ин гуруҳҳо шомил шудаанд бар асоси эътиқод ва боварҳо не, балки аз бесоҳибӣ, аз беҳуқуқӣ, аз сангиниву иҷбор ба ДИИШ рафтаанд. Ҳамчунин дар дохили Русия низ муҳоҷирин ба гуруҳҳои тундгаро, олами ҷиноӣ, ба дуздҳову дигар ҷинояткорони бузург ҳамнишиниву ҳамкорӣ карда худ низ гуруҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ таъсис медиҳанд. Ҳамаи ин агар дар Русия ва ё беруни кишвар бошад ва он ҷо бимонад як дард аст, вале ин насл ҳатман бо ба миён омадани камтарин имкон ба Тоҷикистон бармегарданд ва табиист, ки дар бесубот кардани кишвар, мутаассифона шарик мешаванд. Аз ин рӯ, танзими муҳоҷират вазифаи Ҳукумати Тоҷикистон ва ниҳоди масъул Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон аст, ки то кунун муваффақ ба кори дурусту ҳисобшудание нагаштаанд. Аз тарафи дигар онҳо агар дар ҳоли ҳозир як омили фишанги фишор дар дасти Русия барои зери бор бурдани роҳбарияти Тоҷикистон бошанд, аз сӯйи дигар ҳатман дар лаҳзаҳои зарурат аз ҷониби Русия ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Зеро қишри бесоҳибу беҳуқуқ бар асари хориву сангинии вазъ табиатан ба як қишри дорои руҳияи мухолиф ҳам табдил шудаанд.

Қишри ҷавонони муҳассил, ки қисме аз онҳо камсавод мебошанд ҳам мояи умедвории қобили эътимод нестанд. Зеро вазъи сангини иҷтимоӣ имкон надодааст, ки аксари ҷавонони дорои донишу малака таҳсил кунанд. Онҳо ночор ба муҳоҷират рафтаанд. Аз ин рӯ, ҷойи онҳоро қишре, ки имконият дораду вале саводи дурусту лозим надоранд, гирифтаанд. Аз сӯйи дигар, низоми саропо фасоди маорифи кишвар ҳам имкони рушди шахсиятии ин қишрро кам мекунад ва бар асоси иедологӣ шудани тамоми равандҳо дар кишвар, аксари ҷавонони муҳассил ҳам баъди хатми таҳсил кишварро ба ночор тарк мекунанд. Ҳоло низоми маорифи кишвар ҳарфи меҳвариро дар ҳифзи фикр ва маниши тоҷикӣ наметавонад бизанад, зеро бештари хонандаҳои муваффақи тоҷикро мактабҳое омода мекунанд, ки шаклан милливу мазмунан ғайримилиянд. Аз ҷониби дигар кадрҳои ноогоҳу нимогоҳе, ки низоми маорифи кишвар омода мекунанд, аз нигоҳи иҷтимоӣ ва равонӣ бисёр суст буда, имкони зери таъсир ва зери бор рафтани онҳо хеле зиёд аст, ки аз ин нигоҳ ҳам ин қишр дар замоне, ки минтақа ва ҷаҳон ин ҳолро дорад як насли қобили эътимод ба ҳисоб намераванд.

Қишри сеюми ҷавонони мавриди назари мо, қишри коргар насли таъсиргузор дар равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ нестанд. Ҳарчанд ба эҳтимоли зиёд дар миёни ин қишр ҳам саводдору донишманд ва шояд ихтироъкорони оянда бошанд. Дар ин авохир Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хеле фаъол шуд. Баргузории як қатор конфронсҳо ва ҷалби ҷавонон аз минтақаҳои гуногун ба онҳо мисоли ҳамин талошҳо буд. Вале корҳоеро, ки ҳам Кумита роҳ андохт бештар корҳои намоишӣ ва косметикӣ буда, хосияти шиорзаниву шиорпароканӣ доранд. Кумита ба таҳқиқи хосияти асосии қишри ҷавонони кишвар машғул нашуда, омилҳои асосии ба муваффақият расонидани ҷавононро мушоҳида нанамуда, бештар корҳоеро ба роҳ меандозад, ки сиёсатписанд (политкорректность) бошанд. Ин албатта хуб аст, ки ин гуна корҳои намоишӣ барои таҳкими худшиносӣ ва худогоҳӣ ё ба вуҷуд овардани тафаккури давлатӣ карда мешавад, вале ҷавонсозӣ ё шахсиятсозӣ аз ҷавонон бо ин роҳ ҳосил намешавад. Имрӯз ба далели ин ки самтҳои кории Кумита сершоха ҳастанд кор дар умури ҷавонон дар ҳадди зарурӣ нест. Ҳамин аст, ки мавқеи Кумита дар ҳаёти ҷавонон бисёр камранг аст.

Пайвастани ҷавонон ба сафи ДИИШ ва осебпазир шудани ин қишр заруратро ба вуҷуд овардааст, ки ниҳоди вижа дар умури ҷавонон таъсис шавад ва низоми идорию мудириятии классики комсомолии меросмонда аз шӯравӣ барҳам дода шавад. Ин Кумита бояд лоиҳаҳои гуногунро коркард ва барои ҷавонон пешниҳод кунад, ки ҷавонон аз онҳо ҳамчун имтиёзоти давлатӣ истифода кунанд, то нақши он муассир гардад.

Нақшеро, ки имрӯз Кумита дорад, танҳо як нақши “фаҳмондадиҳӣ” аст. Бо “фаҳмондадиҳӣ” дар замони рақобатҳои шадид ва равандҳои пурпечутоби сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ намешавад “ояндаи кишвар”-ро беосеб парвариш кард. Имрӯз дар баробари муҳоҷират ҳамчунин насли ҷавон бо тамоми имкон талош мекунад, ки аз кишвар фирор кунанд. Фирори мағзҳо аз мушкилоти умдаи дигари ҷавонони мост. Онҳо то ҳатто бидуни ин ки дар дохил гирифтор ва зери фишори сиёсӣ бошанд, аз кишварҳои ғарбӣ паногоҳи сиёсӣ металабанд ва Тоҷикистонро тарк мекунанд. Ҳатто баъзеҳо барои он ки ба кишварҳои урупоӣ (ғарбӣ) роҳ ёбанд худро аз аққалиятҳои ҷинсӣ муаррифӣ менамоянд. Ин мушкил дар баробари ин ки нигаронкунанда мебошад, ҳамчунин мояи нанг низ ҳаст.

Вазъи имрӯзи ҷавонон нишон медиҳад, ки онҳо доранд ба як қишри осебпазир табдил мешаванд ва агар хосият ва моҳияти ин қишр дурусту дақиқ шиносоӣ нашавад ва роҳҳои асливу асосии осеб пешгирӣ нашавад дар дарозмуддат ба нафъи мо тамом намешавад.
Мӯҳр
Матн галат, имло галат, иншо галат. Гапхои хушку холи. Аз як тараф истода худро хамадон гирифтан осон аст, вале дар кор бояд инро нишон дод. Кор бо чавоно факат вазифаи як кумита нест. шумо каблан гуед, ки худ барои чавонон чи кори хуб кардед??? Дар ресторанхо попирос зада гайбат мекардед, вале ин маънои онро надорад, ки Шумо дар Точикистон аз хама одами бо акл хастед. Тарбия ва кор бо чавонон бояд дар хамоханги бо оила, мактаб, донишгоху муассисахо ва корхонаю ташкилотхо сурат гирад, на ин, ки як сохтори давлати мухтарам Хамадон. Мисол. Агар вазифаи тахлиму тарбия факат як кори маориф мебуд, пас хочати кабули Конун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд набуд. Бинобар ин, бояд кулли чомеа дар рушди неруи чавонон хавасманд бошад, на ин ки танхо як ниходи давлатии сохави.

Гунг.Метро.
Чавонону духтарони бесаводу бемаьрифат.Дах ездах сол дар мактабхои миена мехонанду бесавод мемонанд.Як муллои деха то бист муллобачаро дар давоми як сол курьонхону оятхон тайер месозад,коллективи 30-нафараи омузгорони мактабхо,ду мисраи шеьрро ба шогирдонашон ед намедиханд,Конунхои Ньютону Паскалу формулахои Пифагор он тараф истад.
Чавонони фанатику хаеливу таассубгару чонсупори муллохову эшонхо.Дар Россия онхо хавфнок хастанд.Чунки дар акидазои онхсхоро кофаруо чунон ин идеяхои диниву мазхаби реша давонидааст,ки тайеранд,одамро кушанд.
Ман мушохида кардаам.Ба Россия омада,ба чои он ки каме ба ин давлату россиягихо назари нек созад,барьакс,Россия барои онхо мамлакати дахшат ва бехудоен асту русхо бедину вахши.Факат чонибдори таркишу чангу амалхои чеченхову ифротгароени дини мебошанд.

Darvesh
Тарафдор
Посух ба акаи Бетараф
Агар гапҳои хушку холӣ бошанд, чаро аз миен поенатро дард гирифт? Аз муаллиф мепурсед, ки барои ҷавонон чӣ кор кардааст? Магар муаллиф мансабдорай, ки барои ҷавонон ягон кор кунад. Ҳамин гуна мақолаҳоро навиштосай барои худшиносии ҷавонон магар ҳамин кори кам аст? Дар ресторанҳо папирос задан магар кори гайриқонунинст, ки Шумо муалифро айбдор мекунед?
Кишварҳои хориҷӣ бе қонуини масъулияти падару модар ҳам маорифи пешрафтаба ноил шудан ку? Ба мо қонун не, кадрҳои дилсоф даркор. Шумо порахурҳо ватан хароб кардед. Кор бо ҷавонон фақат онҳоро ба таги дари сафоратҳо фиристодан нест... Худо чиновникҳо ба сафаоратҳои пулталабӣ меренеу ин ҷавонакҳоиро ба митиниг мебаред.Айб нест ми?

Чавоб ба тарафдор.
1. Маколаи бе мантик наметавонад боиси дарди болою поён бошад, ин фикри шахсии ман аст;
2. Агар бе акл набошед хуб бояд дарк кунед, ки кор бо чавонон вазифаи танхо мансабдорон нест, ин вазифаи падару модар, ёру дустон, рафикон ва гайра низ хаст;
3. Дар масъалаи сигор, вакте ки шахс як касро дарс додани мешавад, бояд худаш намунаи ибрат бошад. Шумо барои чавонон чи намунаи ибрат шуда метавонед ба гайр аз фитнаандози;
4. Пеш аз он,ки аз Аврупо гап зани аввал худро бояд шинохт.
5. Якум, ки ман чиновник нестам.

Саидбилол
Офарин бародар . ташаккури зиёд ба падару модарат . Худо кувват бародар ! хело назархои бузургу дакик дори !!

Кай журналистхои худамон тахлилро ёд мегирифта бошад. Дар холате, ки мухбирон гайритахассуси кор мекунанд, хамин хел аст натича. Баъд аз чавонон гила мекунем. То хатто ягон пешниходи дурурст хам надидам. Факат гапи умуми ва хушку холи. Акалан, Аврупоихоро монед як тараф, аз хамин русхо бинед чи хел маколаро омода мекунанд. Як фикри коршиноси сохаро мегирифтанд пештар, олимон чи идея доранд, кадомаш холо рохандизи шуда истодааст ва кодамаш не. Баро чи ? Кадом мушкилихо? Маблаггузории соха чи гуна аст. Дар Аврупо миллионхо доллар барои чавонон тавассути барномахои гуногун равона мекунанд. Кани тахлили мухбир, ки дар Точикистон маблаггузори чи гуна аст ва мукоиса кунед акалан бо ИДМ (СНГ). Ин мухбир ба монанди хофизхои хозира макола навистаст, "Шеъри худам, оханги худам ва худам месароям". Хамин кор шуд ми ? Бародарон гаразхои шахсиро як тарафа монда, руи маколахо кор кардан даркор. Ин газета редактор гуфтани гап дорад ми ???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)