Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 муҷОҲид » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 21 июл 2019, 13:29

муҷОҲид

19 феврал 2015, 10:56

Ҷасур АБДУЛЛОЕВ

Ҳеҷ як ҷавони тоҷик аслан ҳавасу орзуи Сурия ва Ироқ рафтанро надорад!

Ба Сурия, Ироқ ва ҳар манотиқи доғи дигар рафтани ҷавонини тоҷик ва дар ҷангҳо иштирок кардаву ҳалок шудани онҳо, аз мавзӯъҳое аст, ки имрӯз аксари таҳлилгарон ва ҳатто ҳар нафари оддӣ сари он андеша мекунанд. Нашри хабари кушта шудани як ҷавони тоҷик, ки дар Сурия меҷангид, аз серхонандатарин матлабҳоест, ки имрӯз расонаҳо пахш менамоянд. Ин воқеияти рӯз аст, ки инкори он фиреби худ хоҳад буд. Дигар барои тоҷикон, ки ҳеҷ гоҳ тундгарову ифротӣ набуданд ва ҷиҳоду муҷоҳидин дар зеҳни онҳо хотироти пурдаҳшати солҳои ҷанги шаҳрвандиро меовард, ҷангидани наздики 300 ҷавони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои ифротгаро ва тундгаро ҳайратовар ҳам наменамояд. Албатта, қариб аксари мардуми оддӣ хабарҳои шуми «қаҳрамониҳо»-и «муҷоҳидон»-и тоҷик дар Сурияву Ироқро пайгирӣ мекунанд, аммо гӯё ин як падидаи маъмулие бошад, дигар ба даҳшат намеафтанд ва зоҳиран аз оянда ҳарос ҳам надоранд.

Пас аз пахши ҳар хабар, махсусан навори телевизионӣ, ки ахарин телевизионҳои Тоҷикистон бештар онро намоиш медиҳанд, сокинони оддӣ атрофи ин масъала байни худ сӯҳбатҳо мекунанд ва ҳар нафар дар ин бора андешаи худро дорад. Аввалин суоле, ки ҳама мехоҳад посухи онро пайдо кунад, ин аст, ки «Чаро ҷавонони тоҷик ба «ҷиҳод» мераванд?» Посухҳо ҳам гуногунанд. Ҳар нафар вобаста ба дарки худ ин масъаларо шарҳ медиҳад. Аммо аксари мардум посухи ягона доранд: Ин ҷавонҳо бесаводанд ва аслан дарк намекунанд, ки ба куҷо ва чаро рафтаанд. Дуруст, агар воқеан таҳлили воқеие сурат гирад, шояд як сабаби аслӣ маҳз ҳамин бесаводии ҷавонон бошад, ки имрӯз ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудаву ҳаёти ҷавони худро қурбон мекунанд. Аммо паҳлӯи дигари масъала ҳаст, ки бояд сари он андеша кард.

Мутаассифона, ҳамин таҳлиле, ки дар боло зикр кардем, дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ғайр аз омилҳову сабабҳое, ки баъзе аз таҳлилгарон ва низоъшиносону кормандони мақомот иброз медоранд, ҳеҷ як омӯзиши мушаххас дар кишвар сурат нагирифтааст, ки ангезаи ин падидаи номатлубро дақиқ карда бошад. То ҳол мушаххас нашудааст, ки аслан киҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд ва мақсади онҳо чист. Кадом қишри ҷавонон бештар ифротӣ мешаванд, чаро ба чунин роҳ мераванд, кӣ ва ё чӣ ба ин сабаб мешавад, мушаххас нашудааст. Дар назари аввал гӯё ҳамааш маълум аст: Онҳое ба Сурияву Ироқ мераванд ва аъзои гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд, ки бекор ҳастанд ва ба муҳоҷират рафтаву барои соҳиби пул шудан, ба «ҷиҳод» рафтаанд. Дар аксар ҳолат, ангушти ишорат сӯйи ҷавононе нигаронида мешавад, ки то андозае «мазҳабӣ» ҳастанд. (Мазҳабӣ, яъне рукнҳои исломро ба ҷо меоранд. –Ҷ.А.) Мақомот ҳам гӯё танҳо ҳамин роҳро мебинад ва гумони ғолиб ин аст, ки мехоҳад бо роҳи назорати шадиди онҳо мушкилро ҳал кунад. Фикр мекунам, бузургтарин иштибоҳ маҳз ҳамин аст, ки имрӯз ба ҷавонони «мазҳабӣ» ҳамчун қишри осебпазир ва аъзоҳои эҳтимолии гурӯҳҳои ифротӣ менигаранд.

Ҳеҷ як ҷавоне, ки асли динро дарк кардаву дар муҳити солими тоҷикона тарбия ёфтааст ва рукнҳои исломро ба ҷо меорад, ба ҳеҷ ба гурӯҳи ифротӣ шомил намешавад ва махсусан, ба Сурияву Ироқ намеравад. Таъқибу зери назорати шадид қарор додани ҷавонон роҳи ҳалли ин мушкил нест. Баръакс, яке аз ангезаҳои аслӣ маҳз ҳамин таъқибу фишор аст, ки имрӯз ҷавонони тоҷикро як навъ дилсарду ноумед ва рӯҳафтода мекунад. Бояд роҳи дигарро ҷуст ва ба ҷавонон таваҷҷӯҳро зиёд намуд. Ду мушкили аслии ҷавонон ҳаст, ки бояд он ҳал карда шавад. Аввалан таҳсили хуб ва дигар ҷойи кор. Ба ҷавонон кор бояд пешниҳод намуд ва омори дурӯғини ҳазорҳо ҷойи кориро сӯйе гузошта, ба муҳайё кардани ҷойҳои кории мувофиқ камар баст. Бо он ҷойҳое корие, ки имрӯз пешниҳод мешавад, ҳеҷ як ҷавон кор намекунад. Имрӯз мушкили аслии ҷавони тоҷик надоштани ҷойи кор аст. Дигар ҳама мушкилҳо аз ин сарчашма мегирад. Касе ба ин масъала таваҷҷӯҳ мекунад?

Ё танҳо таъқибу фишор ва боздошт роҳи ҳал аст?
Агар ҷавони тоҷик дар мактаб имкони таҳсил дошта бошад ва дар он ҷо ба ӯ ИЛМ омӯзанд, пас аз хатми мактаб ё донишгоҳ ӯ КОР пайдо кунад, ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кадом як гурӯҳу давлату созмони ифротӣ пайваст намешавад ва зиндагии ширини худро талх намекунад.

"Фараж"


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!