Бахшҳо

Абдулло Давлатов: Гумон надорам мақомот аз "ифротгаро" шудани ҷавонон нигарон бошанд

Алишер ЗАРИФӢ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бештари ҷавонони тоҷик аз тариқи Русия ба сафи ҷангиёни ифротӣ дар Сурияву Ироқ мепайванданд. Дар зимн, хабарнигори “Озодагон” бо Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия суҳбате анҷом дод ва нахуст пурсид, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ аслан чи боис мешавад, ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ шомил гарданд?

Абдулло Давлатов: "Агар як ҷавони тоҷик дар Русия ба гуруҳи ифротие мепайвандад, пас бояд пурсид ки чаро? Тақдири ин нафарро чунин тасаввур мекунам: ҷавоне дар ватанаш хору бекор буд, омад то дар Русия як бурда нон пайдо кунад. Омаду дастгирие пайдо накард. Чун бори аввал ба мулке бо фарҳангу дини бегона омада буд, намедонист чӣ кор кунад. Агар ҷиноят содир накард, барои бенизомии санадҳояш ҳукм ба депорташ карданд. Фикр кард, ки Тоҷикистон баргардад ба ҳолаш механданд, ки ҳама дар Русия пул кор мекунанд, ин бошад "хилмош кашол баргашт". Пас, чун раҳгумзада ё ба доми гуруҳи ҷиноӣ ё ифротӣ меафтад. Магар метавонем гӯем, ки аз аввал ин ҷавон гунаҳкор буд? На!
Хулоса, муҳоҷирони корӣ ба гуруҳҳои ифротӣ шомил намешаванд, балки онҳоро бемасъулиятии баъзе масъулини ҳукумати Тоҷикистон ба он сӯ тела медиҳад".

Озодагон: Бемасъулиятии баъзе масъулини ҳукумати Тоҷикистон гуфтед, манзуратон чист?

Абдулло Давлатов: "Манзурам он аст, ки вазъи мушкили иҷтимоиву иқтисодӣ, фазои ногувори сиёсиву қавмбозӣ ва ғайра боиси он шудааст, ки ҳолати ҷавонгурезӣ аз Тоҷикистон шиддат гирад. Бахусус ҷавононе, ки мехоҳанд донишу малакаи худро дар самти илму ихтирокорӣ, касбу ҳунар амалӣ кунанд, аз душвориҳои рӯзафзун хаста мешаванд ва роҳи ҳиҷратро пеш мегиранд. Аслан, вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ҳолати турбулентиро мемонад. Яъне, як гуруҳ бо суръати баланд бой мешавад ва аз шиддати суръати он атрофиён ба гирдбод меафтанду парешон мешаванд. Дар ин ҳолат, касе мешиканад, дигареро гирдбоди турбулентӣ фурӯ мебарад, сеюмиро чунон дур мепартоянд, ки ёфтанаш осон намешавад. Ин ҳолат ноумедии ҷавононро ба миён гузошта, ба пайвастани онҳо ба гуруҳҳои ифротӣ мусоидат мекунад".

Озодагон: Барои пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гуруҳҳои ҷиноятпеша Созмони Шумо чи корҳое кардааст ва ё бо сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин самт ҳамкорӣ доред?

Абдулло Давлатов: "Барномаҳои хосае дар самти пешгирии гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ надорем. Агарчӣ, худи чорабиниҳои фарҳангӣ, кӯмаки ҳадалимкони иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи созмонҳои ҷамъиятӣ, ин худ пешгирӣ аз корҳои номатлуб аст. Сафорат як корхонаи иҷрокунанда аст ва ҳамкориҳояш бо ҷамъиятҳои тоҷиктабор аз тарафи Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст. Аз ин ҷост, ки фақат бо ҷамъиятҳои мунтахаб ҳамкорӣ доранд. Шахсан бо мо ягон ҳамкорӣ ва ҳатто муносибат надоранд. Аагар хоҳанд ҳам, дар ин самт кори бисёре анҷом дода наметавонад, зеро имконоташон маҳдуд аст. Ва баъд мехоҳам як чизро таъкид кунам, ки имрӯз вожаи "ифротгароӣ"-ро мақомоти Тоҷикистон бар муқобили ҳарифони сиёсиашон низ истифода мекунанд, ки мо ба ҳеч ваҷҳ ба ин гуна тамғазаниҳо мувофиқ нестем. Диду назари мо дар ҳалли ин масъала аз гумонҳои ҳукумати Тоҷикистон фарқ мекунад. Мо амал ба пешгирии ифротгароӣ дорем, ҳукумат бошад, пайваста дар талоши худнамоӣ асту бас".

Озодагон: Метавонед шарҳ диҳед, ки чигуна вожаи "ифротгароӣ"-ро мақомоти Тоҷикистон бар муқобили ҳарифони сиёсиашон низ истифода мекунанд?

Абдулло Давлатов: "То ҷое медонам, ҳамон нафароне, ки аз Русия ва ё кишварҳои дигар рабуда мешаванд, бо тамғаи "ифротгаро" дуздида мешаванд. Ҳар боре дар ВАО мехонам, ки фалонии ифротӣ дар зиндони Тоҷикистон аст, хандаам меояд. Медонем, ки агар рӯзноманигоре, соҳибкоре, олиме ва ё ҳар нафаре, ки аз сиёсати ҳукумати феълӣ интиқод кард, ҳамчун ифротӣ ба феҳрасти ҷинояткорон ворид мешавад. Магар ҳамон наворҳое, ки оид ба рақибони сиёсии ҲХДТ дар расонаҳои электронии ҳукумативу наздиҳукуматӣ пахш мегарданд, гувоҳи кушиши сиёҳ кардани ҳарифони сиёсии ҳукумат нестанд?!"

Озодагон: Хабарҳо дар бораи ифротӣ шудани ҷавонони тоҷик дар Русия ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин кишвар метавонад таъсир гузорад?

Абдулло Давлатов: "Бо чунин шеваи кор албатта мушкилиҳои нав сари муҳоҷирони кории мо дар ин кишвар пайдо мешавад. Чунин туҳматзаниҳои масъулини Тоҷикистон ба дасти сохторҳои қудрати Русия калтаки нав медиҳад ва онҳо ба ҳамаи тоҷикон бо шубҳа менигаранду зулмро бештар мекунанд. Ҳатто сафорату намояндагони дигари Тоҷикистонро дар ҳолати ногувор мегузоранду барояшон мушкилоти нав эҷод мекунанд. Чаро ки дар пайи чунин хабарҳо ҳолати муҷозоти ғайриқонунии тоҷикон зиёд шудан дорад. Мутаасифона ҷониби Тоҷикистон ин мушкилоти рӯзафзунро саҳл мегирад ва гумон мекунанд, бо чунин мағлатазанӣ, ки гӯё ҷавонон дар муҳоҷират ифротӣ мешаванд, масъала худ ба худ ҳал мешавад, аммо чунин нест".

Озодагон: Гуфтаниед, мақомоти кишвар аз пайвастани ҷавонон ба гуруҳои ифротгаро чандон нигарон нестанд?

Абдулло Давлатов: "Гумон надорам, ки мақомот аз "ифротгаро" шудани ҷавонон нигарон бошанд. Ин вазъ барои талбидан ва дарёфт кардани силоҳу кӯмаки техникии ҳарбӣ, қарзҳову кӯмакҳои пуливу молӣ шароит фароҳам меоварад. Албатта, агар ҳукумат мардумӣ мебуд ва фикри тоҷику Тоҷикистонро мекард, кадрҳои арзандаро гирд меоварду барномаҳои амалишавандаро қабул мекард, барои мардум шароит фароҳам меовард ва барои ободии воқеии Ватан талош мекард. Аммо, чуноне гуфтам, ҳоло дар ҳолати турбулентӣ қарор доранд, ки хеле хатарнок аст".
Мӯҳр
Мухочир
Хакикат хеле талх аст, вале хуш ба холи касе ки онро он тавре ки хаст баён мекунанд, мисли акаи Абдулло! Вокеан хакро гуфтед.

Хамфикр
Ахсан устоди гироми!хакикатро гуфтед.кош ин гуфтахо ба хукумати Точикистон таьсире мерасонд.

саргардон
Агар дар хукумати точикистон хамихел кадр 5нафар бошад точикистон мисли лола мешукуфад

Дарвеш
Офарин мухтарам устод Абдулло Давлатов. Суханхои хаке,ки ягон вакили мардуми намегуяд. Мухтарам Абдулло Давлатов ба бурдборихо хохонам. Ягона нафаре,ки сухани хакро мегуяд.

Акнун ахсангуи сар шуд. Хамин Абдулло худаш дар хамон чо нишаста вазифаро гирифта, масъулиятро гирифта чи кор мекунад? Вазифааш аз чи иборат аст? Аз хисоби мухочирон пул дарёфт кардану маишат кардан? шарм накарда хукуматро тахкир мекунад! Худаш магар хукумат ба хисоб намеравад? барнома, ки мегуяд... Пас бояд худаш хамчун масъулин барнома тахия карда ба Хукумати Чумхурии Точикистон ва Федератсияи Россия пешниход намояд, агар дастгири наёфт баъд лоф задан гирад! Лекин хар чо бошад аъзои ХНИТ, ки хаст, хурда хоб асту яктарафа бахо дода гаштааст. Касеро, ки набошад аввал тахлил карда баъд иброз намояд... Маслихати доими бошад ин аст: Ватанро дуст доштан даркор, кумак расонидан зарур, миллатро дастгири кардан даркор, на ин, ки аз дур истода санг партоед. Чун Шумо, ки Ватанро дуст намедоред, дигар мамлакатхо ин бехурматиро дида, моро боз бештар тахкир мекунанд. Аз ин ру аввал андеша баъд гуфтор.

мухочир
Ин акаи Абдулло тамошобин аст барои тамошобин камбудиеби ду карат ду вокеиятро медонад ва вазъиятро медонад вале барои холхои аблахона гирифтан талош мекунад. Точикистон вазъаш мушкилихо дорад вале ними чавонони аврупою осие ва амрико рохгум задаанд. Ин мушкилоти як миллату халк нест кадом давлат хамаи шахрвандонашро як имкон пешниход кардааст. Ин акам аз хисоби мухочиро зиндагиаша тинч кардааст ва хар гапи задаашда споснсорош хакаша метиан хурда гаштаст. Номус дошта бошад ун кадар доно бошад равад ягон масъулията ба гардан гирад дар ватан. бандиаш намеравад Точикистон аз ин чои гармаш. аксари бадбахтихо аз ана хамин хел коршиносу "ватандустон"аст. Ин вазъият ба манфиати чунинхо аст. хуред гардед оба лой карда мохи гирифта

Ҳамаи суханош ҳақаст ин акаи мора, вале агар сафорати Тоҷикистон ба ин акаи мо аҳамият медод, барои ин кас вазифа пешниҳод мекарданд, ин суханҳои ҳақро ҳаргиз намегуфт. Аз ҳамашон дилам мондаст, суёҳкунии якдигар ҳам сирф барои муқобилро сиёҳ кyни ва хyд ба қyдрат расида ҳамон зулмро идома додан аст. Магар хуни Тоҷики мо ҳаминхел бошад? бегонапарасти худкyш. Рости дар бораи хyкyмат рост гуфтаст. Имрузҳо дар кишвар онҳое метавонанд зиндаги карда тавонанд ки ҳақро дида хомуш меистанд. Ҳамин раҳбарони баландпояи аҳзиби сиёси ҳам дар кишвар хyд ба нафси хyд ҳақро намегуянд вале азоёни дигари худро барои ҳақ гуфтан ташвиқ мекунанд. Ва вақте азоёнашон дастгир шyданд ба як хати этирози иктифо мекунанд. Барои инҳо миҳим ҳизб бошадy инҳо тавонанд ба ин роҳ ба кишварҳои пулдор ё ашхос нишон диҳанд ки инҳо кор мекунанд ва рузе ба қудрат мерасанд ва ба ин роҳ аз онҳо пулҳои ҳангуфтро ба даст оварда кайфy сафо карда гаштанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)