Бахшҳо

Ӯ Равшан аст, ё Ҷамшуд? Қиссаҳои ишқи русу тоҷикон мухлисони зиёд ёфтааст (ВИДЕО)

Қиссаҳои ишқи духтарони рус бо мардони тоҷик дар филми мустанади “Занҳои шарқӣ”, ки дар телевизионҳои Русия маъруф аст, миёни корбарони интернет низ мухлисони зиёд пайдо кардааст.

Дар ин филм, ки чанд бор тариқи шабакаҳои телевизионии Русия намоиш дода шуд, нахуст аз хонадоршавии Анна Кублитская, як духтари рус бо Темур Тиллабов, муҳоҷири тоҷик қисса мешавад. Кублитская мегӯяд, пайваста барои худаш мегуфт, ки набояд ба тоҷик ошиқ шуд, аммо тақдир ӯро дар ниҳоят ҳамсари Темур, як муҳоҷири тоҷик гардондааст. Темур ба ҳайси пешхизмат ба ӯ дар яке аз тарабхонаҳои Маскав хидмат кардаасту он ҷо шинос шудаанд.

Баъди огоҳӣ аз ишқи Темур ва Анна дугонаҳои арӯс бо масхара аз ӯ мепурсидаанд, ки Равшан аст ё Ҷамшуд ва талош менамудаанд, ки аз хонадоршавияш бо тоҷик ҷилавгирӣ кунанд. Аммо Анна посух медодааст, ки номаш Темур ва соҳиби маълумоти олии журналистӣ ҳам ҳаст: “Аммо чӣ кор бояд кард, ки дар Ватан кор несту барои табобати модараш маблағ лозим?”

Анна дар посух ба эродҳои дугонаҳояш гуфтааст, баръакс бояд ба тоҷикҳо миннатдор бошем, ки Русияро аз ифлосиҳо тоза мекунанд: “Коре мекунанд, ки бисёриҳо дар Русия барои худ иҷоза намедиҳанд”. Сарфи назар аз мухолифати аҳли оила ва наздикон Анна ва Темур хонадор шудаанд.

Муаллифи филм мегӯяд, бо нақшаҳоятон Худоро нахандонед. Ровӣ изҳор медорад, дар Русия бисёриҳо Тоҷикистонро “кишвари гастербайтерҳо” мепиндоранд ва Душанберо шаҳри ишқ тасаввур кардан мушкил аст: “Аммо шоҳзодаи шарқ метавонад, муҳоҷири беқайд бошад ва биҳишт дар деҳа ҳам имконпазир аст. Он ҷо бачаҳои меҳнаткаш, ба ҷои танбаи мошинҳо, манзараҳои кушоди дилрабо, бӯи палав мевваҳои тару тоза муҳайё мебошад”.

Ҷузъиёти боздошти Темур, туҳмати пулиси Русия, забономӯзии Анна ва тиҷорати муштараки онҳо дар Душанбе инчунин қиссаи ишқи Татяна Розиқова ва Татяна Каримоваро дар навори зерин тамошо кунед:


Мӯҳр
Сорбони Ошик.Нева
Духтарону занхои рус табиатан мехрубонанд.Хар кадоми онхо монанди шоирахо рафтор доранд.Бисер китоб мехонанд,андеша менамоянд,ишкро нихоят комьебии бузурги рухиву маьнавии худ мешуморанд.Пай баранд,ки ошик шудаи е дуст медори,чону дилатро дуст медоранд..Сад бор маьзарат мехохам аз бонувони точик,аньанаву оину рафтори занхои шарки дигар аст.
Мошин,хона дар шахр,сармоя,дури аз расму оини ачдоди,изоляцияи домод аз хешовандон,андешахои кутоху талабхои нобахангом.Баьд чангу чанчоли оилави,азоб,мушкилихои ичтимоиву маиши.
Барои хамин бисер чавонони равшанфикру бо маданият аз чунин мухитхо фирор мекунанд.
Умри одами кутох аст,умри чавони кутохтар,ишку мухаббат хам умри худро доранд,бузургтарин хиссиете ки худо ба инсон додааст,бояд рахм,инсоф бошад.Мукаддастарин хиссиет охир ишк аст,е хом бошем е пухта,е хастему хозир шудаем.Аккалан хамин хиссиети оламгиру мукаддасро нигох дорем.
..Ман мефахмам туро Темурчон!Саломативу бахти сафед,мошину сармояву манзилу ошени баланд муяссар нашуд,бехтарин ганчинаи хает ишкро муяссар шуди,боки хамааш мешавад!Иншооллох!!!!!

Камтар шарм доред. Ин филмро ним сол пеш намоиш дода буданд. ))))))

Манро як чиз дар инҷо азоб медиҳад, - розигӣ аз камбағалӣ. Ин сабти видеоиро дида хело ғамгин шудам, бо ин зиндагии мардум, ин хонаҳо, роҳу шароите, ки мардуми мо доранд. Афсус, ки то ҳол мо розием зиндагӣ карданро бо чунин шароит. Сабаб чӣ аст, сабаб??? Сабаб - мебинему намегуем, медонему намекунем, гуфти вай сиёсатмадори ҳизби камунистӣ "Дар берун аз Тоҷикистон, мелақем, ки на кор аст, на шароит аст, на ҳуқуқу дигару дигар" аммо дар пеши президент мегуем "шумо беҳтарин президенти руи дунёед, ягон мушкилӣ нест". Ин авҳоли мардума кӣ беҳбуд мекунад, вақте, ки мо ба президент асли воқеаро намегуем ё талаб намекунем?! Шарманда шудем э мардум, шарманда...

Сорбони Ошик.Нева, Беҳтарин суханон! Ба зери ҳар ҷумлаат имзо кардан мехоҳам,Сорбони Ишқ!

Сорбони Ошик.Нева
Аҳмадзода,
Ташаккур бародар,хамеша ошик бошед!
Бехтарин доруе,ки руху хиссиети ботиниву маьнавии инсонро табобат месозад,ишку мухаббат аст,саьй кунем,ки хавлихои мо пур аз гулхои хушбу бошад,сояву нурхои чонфазои мухаббат бошад.
Занхову духтарони точик,на ин,ки зан,сохибхона,модар,пухтупазкунандаву шустушугар бошанд,онхо мехрубону хушсухан бощанду маьшукаи доими,маьшукаи падари фарзандони худ гарданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)