Бахшҳо

Усули нави фурӯши моликияти давлат: Боз баргардон...

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 1-уми июн ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” тағйирот ворид намуд, ки бар асоси он давлат метавонад иншооти инфрасохторияшро муваққатан ба бахши хусусӣ фурӯшад.

Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни муаррифии лоиҳа гуфт, давлат ҳақ пайдо мекунад, ки биною иншооти инфрасохториро ба бахши хусусӣ диҳанд: "“Тибқи ин лоиҳа биноҳои инфрасохторӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоиро, ки таҳти идораи давлат қарор доранд, метавон ба муҳлати муайян ба шарики хусусӣ дод. Шарики хусусӣ бо истифода аз маблағҳои худӣ ё дигар, объектро таҷдид, таъмир ё муҷаҳҳаз мегардонад. Дар муҳлати муайянкардаи созишномаи шарикӣ иншоотро истифода бурда, маблағҳои сарфнамудаашро бо фоида мегирад ва пас аз анҷоми муҳлати созишнома биноро ба давлат бармегардонад”.

Раиси Кумитаи сармоягузоӣ ҳадафи тағйиротро ҳамкории бештари давлат ва бахши хусусӣ гуфта, таъкид намуд, ки бо усули нав бештар биною иншооти инфрасохторӣ ба бахши хусусӣ дода хоҳанд шуд.

Қодири Қосим дақиқ накард, кадом биноҳои инфрасохториро дар назар дорад, аммо “Википедиа” дар феҳрасти иншооти инфрасохторӣ, иншооти марбут ба нақлиёт, таъминоти нерӯи барқ, газ, об, иншооти соҳаи фарҳанг маориф ва тандурустиро зикр кардааст.
Мӯҳр
Хамкории давлату бахши хусуси.....Дурусттараш кадом гови давлатие, ки шир медихад ба бахши "хусуси" фурухта мешавад, ва ба'ди гирифтани харочоту фоида бахши "хусуси" метавонад ин моликиятро ба давлат баргардонад...е нагардонад..

НАРГИС
Ин тачрибаи нав нест, зеро ширкати "Помирэнерчи" хамчун моликияти давлат дар муддати 25 сол дар асоси шартномаи консесиони ба як ширкати байналмиллали дода шуд ва имруз фаъолияти хуб дорад. вале хангоми ба имзо расонидани созишнома бояд ба хакки пардохти имстифодаи неруи барк бояд чиддитар диккат дода мешуд зеро истифодаи кувваи барк танхо бо асъори хоричи яъне доллари ИМА хисоб мешавад ин холат ба бучаи мардуми Бадахшон таъсири манфи дода истодааст. Пешниход дорам ин масъалахо хангоми шартномабанди ба инобат гирифта шаванд то барои мардум гарон нагалтад.

a
ба фикрам ягон сохибкор ба ин гуна хусусигардони рози нахохад шуд, ба чуз агар мухлати истифодабарии иншоот аз 49 сол зиёд набошад.Зеро танхо бо бастани шартномахои дарозмуддат метавон аз истифодабарии иншоотхои истифоданашаванда фоида ба даст овард.

ман рафта будам ин кумита, чак-чакхои пайса вазбини бад гуфтанд, зурам нарасид.
дар и кризис 100 хазор бакс барои гирифтани дуои масьулони приватизация аз кучост?
инсоф кани акочонхо? инсоф???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)