Бахшҳо

Кудакии кудаконро бояд баргардонд

Азизи НАҚИБЗОД

Ҳар боре, ки фарзадонамро ба оғуш мегирам, ба ёди фарзандони муҳоҷирон меуфтам.

Ҳар бегоҳ, ки кудаконам ба пешвозам мебароянд, симои кудакони ҳамватанам, ки моҳҳо чашмбароҳи падарони мусофирашонанд, пеши назарам меоянд.
Кудаке, ки навозиши падарро эҳсос накунад, аз кудакиаш чӣ мемонад? Кудакии бидуни оғуши падар чӣ кудакист? Кудаке, ки моҳҳову солҳо насиҳати падарро нашунавад, чи гуна ба камол мерасад?

Раванди муҳоҷиратро чи гуна тавҷеҳ надиҳем, хоҳ раванди глобалӣ бигӯем, хоҳ зарурати иҷтимоӣ, моҳияти масъала иваз намешавад ва хулосааш ҳамоно фоҷиаи миллат боқӣ мемонад.

Аз ин ҳам бигзарем. Бозори Корвон рафтаед? Чиро дидед?

Ман ҳар боре, ки равам манзараи ҳузнро мебинам. Рӯи аробаҳои сари роҳ, болои растаҳо пойпӯшҳои резинии рехта ва либосҳои синтетикии пастсифати кудакона. Ин либосҳои арзонбаҳои зарарнокро дар кишвари Чин ҳуҷҷати «стандарт» намедиҳанд. Аммо иҷозаи содироташро медиҳанд. Ва гумон намекунам, ки кишварҳои пешрафта ворид намудани чунин либосҳоро ба ватанашон роҳ диҳанд. Ин хамаро модарони тоҷик аз ночорӣ аз бечорагӣ, ноилоҷӣ барои фарзандонашон мехаранд. Харидорони ин молҳо дар аксари ҳол ҳамсарон ва фарзандони муҳоҷиронанд. Дидани ин манзара дили маро реш-реш мекунад, ки модарони бечора ҷуз ин чора надоранд.

Воқеан дардовар аст, ки ин ҳама либосу пойафзоли пастсифатро кудакони миллати ман ба бар мекунанд.

Аз ҷиҳати ғизо низ ҳол аз ин хубтар нест. Оилаҳои муҳоҷирон аксаран қудрати харидани ғизоҳои зарурӣ ва босифатро надоранд. Кадоме аз маводи сабади истеъмолиро сабади кудаки тоҷик дорад? Ҳадди аксар 50 дарсад.
Ин кудакон чи гуна рушд кунанд?

Вазъи мактаб ҳам умедвор намекунад. Устодони Донишгоҳ шикоят мекунанд, ки бештари донишҷуён бехато навишта наметавонанд. Ин вазъи воқеии мактабро бозгӯ мекунад. Агар донишҷӯ навишта натавонад, пас мактабхон дар кадом ҳол метавонад бошад?

Хушбахтии кудак дар чист? Оилаи солиму комил, таъмин будан аз ҷиҳати моддӣ, мактаби замонавӣ ба тамоми маънояш, дар сурати зарурӣ табобату истироҳат.

Вақте оила нима аст, хушбахтӣ наметавонад пурра бошад.
Чӣ бояд кард?

Пеш аз ҳама барои муҳоҷират дигар набояд хар гуна тавҷеҳ биҷӯем. Ин равандро ҳамчун мушкили миллат шиносем ва барои аз байн бардоштани ин мушкил миён бибандем.

Коре бояд кард, ки оилаҳо васл гарданд. Ҷудоӣ ҳеч комёбӣ ба бор намеорад!

То ҷудоӣ боқист, кудакон наметавонанд ба таври комил хушбахт бошанд. Ва ҳар кадоми мо муваззафем, ки кудакии онҳоро баргардонем.


Акс аз сомонаи "Даст ба даст"
Мӯҳр
мехмон
Ин сатрхоро хонда ашки чашмам рехт. Ман низ се фарзанд дорам ва кудакии ягонтоашро надидам. Чи хел калон шуданд, чи гуна харф заданро ёд гирифтанд надидам. Дар мухочират будам. Барои дарёфти зиндаги ,ки онхо гурусна намонанд , тани луч намонанд. Хатто чи хел ба дабистон рафтанд надидам. Боре яке рузномаашро оварду имзо кардам. Чунин хис кардам гуё хуччати мухимеро имзо мекунам !
Хар як кудаки мухочир ё кудаки бепарастор хакки зидагии кудаконаро доранд! Инро бояд вакилони парлумон дида бароянд. Дар дехот умуман тарбиягоххо ё богчахои томактаби нест. Кудакон дар кучахо пои лучу тани луч мегарданд.
Оё ояндаи миллатро ягон кас фикр мекарда бошад????

Бисер мавзуъи рузмара

Далер
Яке аз чунин шахсоне, ки бе мехри падар калон шудааст ман мебошам.
Чи кадар аламовар ва дарднок буданашро то имруз хатто ба хотир овардан намехохам.

Акаи Азиз, як чанд муддат баромад накардед, гумон кардам, ки макомот тахдид кард, е фишор овард, чунки дар Точикистон сухани хак гуйи, тероррист эълон мекунанд, имруз маколаи навбатии Шуморо дидам, бисер хушхол гаштам, ташаккур, суханхои бомаврид ва инъикосгари хаети имрузаи мардуми точик, дар вакти хондан калби инсон пора-пора мегардад, банда, ки дур аз Ватан карор дорад, суханхои Шуморо бо тамоми хасти кабул кард, хакикати тахл.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)