Бахшҳо

Алиакбар ба орзуяш расид. Зафар Аюбӣ ба дидорбиниаш омадааст (ВИДЕО)

Зафар Аюбӣ, хонандаи шинохтаи тоҷик ба дидорбинии Алиакбари 10-сола, таълимгирандаи Муассисаи давлатии Хонаи кӯдакони рақами 1-и шаҳри Душанбе рафтааст.

Оламбӣ Қурбонова, ҳамсари Зафар Аюбӣ 2 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, шавҳараш субҳи имрӯз ба назди Алиакбар рафта, бо вай ду соат суҳбат кардааст. Мураббияҳои хонаи кӯдакон мегӯянд, Алиакбар аз ҳузури Зафар Аюбӣ хеле хурсанд шуд: "Алиакбар рӯзи 20-уми август мавлуд дорад ва Зафар Аюбӣ ваъда дод, он рӯз бо гуруҳаш ба хонаи кӯдакон омада, ҳунарнамоӣ мекунад. Ният дорем, он рӯз инчунин хатнатӯйи писарони хонаи кӯдаконро баргузор кунем".

Ба суоли Зафар Аюбӣ, "чӣ надорӣ?", Алиакбар посух додааст, ки "DVD". Ин сароянда барои хариди "DVD" 200 сомонӣ кумак кардааст.

Якуми июн, дар Рӯзи байналмилалии кӯдакон хабарнигори “Озодагон” ба Муассисаи давлатии Хонаи кӯдакони рақами 1-и пойтахт рафт ва аз ҷараёни таҷлили ин сана як гузориш таҳия намуд. Алиакбари 10-cола, яке аз тарбиятгирандаҳои ин муассиса дар навори видеоие гуфт, солҳост интизори омадани Зафар Аюбӣ аст. Вай гуфт, дар гузашта ба ҳар тариқ, ҳатто тавассути телевизиони Тоҷикистон аз Зафар Аюбӣ хоста буд, ки ба назди онҳо биёяд ва консерт бидиҳад.

Хонум Қурбонова гуфт, шавҳараш баъди дидани навори “Озодагон” ба хонаи кӯдакон рафт: “Дирӯз чанд бор ин видеоро тамошо карду гуфт, ман бояд биравам бо ин кӯдак суҳбат кунам. Моро ба як тӯй даъват карда буданд, аммо Зафар гуфт аввал бояд бо Алиакбар суҳбат кунам”.


НАВОРИ СУҲБАТИ АЛИАКБАР



Зафар Аюбӣ аз хонандаҳои маъруфи Тоҷикистон аст. Ӯ бештар ба маросимҳои хурсандии мардум даъват мешавад. Солҳои охир дар телевизион ҳам ҳузур пайдо карда, дар бархе чорабиниҳои давлатӣ низ ҳунарнамоӣ мекунад.
Мӯҳр
Зафар Курбонов
бехтарин кор шуд акаи Зафар, хамноми гироми, ахсант, бехтарин коре аст назди Худову расул ва ин кудакони ру ба рами Илохи, Худованд чунин саховатмандиатро бештар гардонад.

Акаи Зафарча, мувофиқи дархост суруди "Умед 88, номи ту миллист"-ро сароед. Ин суруд воқен ҷаҳонист! Бо эҳтиром мухлиси Шумо Соҳибча.

ака
шери нари акаи зафар

Хамааш хубу намехостам касеро озор дихам ,лек илтимос каме бошад бо тозагиву (гигиена) ахамиятхам дихед да..
Хавои ватанамон гарм аст ,бе хамон шириние,ки бо кудакон додед (дар вакти бозияшон) дасти ношуста дилам вахм карде,тарбияаш хамин бошад монедее.
Охир намевад хамин (рулетро) дар ошхона боз дар кабаташ як пиёла об чой монда баъд дихед?
Ягон нафар одам хаст,ки вазифаашро халол ичро кунад?..............

nabi farhor
Минатдории худро ба Озодагон ва Зафари Аюби мерасонам,ки дар пеш мохи муборак мохи шарифи Рамазон,ин ятимро хело хурсанд карданд.Мо низ бояд сахми худро ,дасти худро ба ятимон дароз кунем.Офарин Озодагон

Ого
Шери нар!!
Беҳтарин амал!
Эътиқодам ба Шумо баланд шуд, акаи Зафар!

ХХДТ н,Шоҳмансур
Аваллан салом ба хама хонандагони гиромикадр баъдан як чизро бояд кайд намоям ки сахми радиои озодагон дар вохурии Зафар бо Алиакбар буд аммо сахми бузургро ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба уҳда дошт чунки санаи 01-июни соли ҷори ҲХДТ ба кудакон кумаки моди расонид ва хоҳиши Алиакбар ба назар гирифта дар якҷояги бо Пайрав Аюби чияни Зафар Аюби ки корманди Театри опера ва балети ба номи С.Айни мебошад маслихат намуда вакти муаянро чудо намуда Зафарро ба вохурии Алиакбар бурдем. Хамзамон дар бойгонии ҲХДТ навор ва расмҳои вохури маҳфуз мебошад. Баъдан Кумитаи ичроияи ХХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур соли 2011 хатнасури 20 -нафар кудакони муассисаи мазкурро гузаронида буд. Тасмим гирифтааст ки дар арафаи 25-умин солгарди Истиклолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон хатнасури Алиакбар ва хамсолонашро баргузор намояд ва ин бевосита дар арафаи зодрузи Алиакбар бо иштироки Зафар ва Пайрав Аюби баргузор мегардад. Ташакур хоҳиш моро ҳам фаромуш накунед............ Агар навор лозим бошад ирсол мекунем .................

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)