Бахшҳо

М.Шарифзода: Баъди турктозиҳои зиёди таърихӣ ва манқуртикунонии шӯравӣ дунёи равонии мардум ҳанӯз тухми шуҷоат дорад

Мусоҳибаи ихтисосии Ҳумайрои БАХТИЁР бо ҷомеашинос Меҳмоншоҳ ШАРИФЗОДА

АВВАЛАШ ИНҶОСТ

БЕШТАРИ ОЛИМОНИ МО ИМРӮЗ МАВҚЕИ РАВШАНИ ШАҲРВАНДӢ НАДОРАНД

Ҳумайрои Бахтиёр: Ин ҷо дар бораи бунёди мифологӣ- шоиронаи дунёи Тоҷикон ёд кардед, вале тавзеҳе надодед? оё ин маънӣ ба гуфтугӯи мо рабте дорад?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Бале, ин ҳам яке аз унсурҳои фарҳанги қадимаи Тоҷикон аст, ки дар боло ҳамчун ҷаҳонбинии Тоҷикон (Weltanshuung) ё фалсафаи мардумии Тоҷикон ишора кардем ва тафаккури мифологӣ-шоирона таркиби созандаи фарҳанги мардуми мост, ки решаи қадимӣ дорад ва новобаста ба ҳар як дину оин ва ё идеология ки дар ин минтақа ҳукумрон намешавад, ин унсур дар кор аст. Воқеан, зебост ва қудрати шинохти маъниҳо ва қудрати маъниофаринӣ дорад. Ин маънӣ ба ду сабаб дар ин суҳбат ёд шуд. Аввал, дар муносибати пешво ва наҷоти мардум, ки дар бофтани қиссаҳои аз воқеият дур истифода мекунанд ва дигар, дар масъалаи зери ҳуҷуми ду ҳаракати оштинопазир, салафиҳо аз як сӯ ва аз сӯи дигар миллатчӣ -болшевик –даҳриҳо мондани фарҳанги миллӣ -исломии мардуми Тоҷик. Бубинед, ман фикр намекунам, ки андешаи пешво доштанро танҳо дар шӯравии собиқ дар мағзи ин мардум ҷо карда бошанд, балки ин мардуми ҷабрдида дар зершуури худ таърихан ва бахусус имрӯз дар фикр ва орзуи як пешво ҳаст, ки воқеан мардумро муттаҳид ва мушкилотро ҳал кардан тавонад. Ин падидаест қадима ва дар дунёи нав ҳам мардум ба он зарурат доранд, агар ба гуфти Ҳайдеггер элитаи сиёсии атрофи пешво тавонад дар ҷомеъа коре кардан.

Мутассифона, дар Тоҷикистон “элитаи сиёсӣ” махсусан ду корро натавонист анҷом додан ва ба давлат, яъне ба мардуми Тоҷикистон гуфтан метавон, хиёнат ҳам карданд. Якум, дар бораи ҷаҳонишавӣ зиёд ҳарф заданд ва нашинохтанд, ки ин раванди ташаккули низоми нави ҷаҳонист ва ин ҷо ҳанӯз назарияи Ҳегелии Хоҷа ва Ғулом даркор аст. Дар ҳамин ибтидо, баъди сулҳи Тоҷикон, бояст раванди сохтани бунёди истиқлол сурат мегирифт, ки он имкони аз байн бурдани технологияи душмансозиро дар дарун ва мушаххас кардани душман ва дӯстро дар сатҳи байналмилалӣ медод, ки ин ба гуфти Шмитт “нуқтаи олии сиёсат” аст. Технологияи душмансозӣ дар дохили як давлат, ки моли шӯравии собиқ буд бояд шинохта мешуд, ки он ҷавҳари ҷанги шаҳрвандӣ ва нигоҳ доштани заъфи Тоҷикистон аст. Яъне, элитаи сиёсӣ аз фурсате, ки имкон дошт ҳама мардуми Тоҷикистонро воқеан (атрофи пешво) ҳамчун миллат муттаҳид кунанд, натавонистанд истифода кунанд ва бовариро бо тарс иваз карданд. Ва ин падидаи шӯравиреша яке бунёдҳои аслии буҳрон ва ҳолати бади равонии Тоҷикистон аст. Дуруст мебуд, агар имруз қисмати зиёди “элитаи сиёсӣ”; ҳуқуқшинос ва сиёсатшиносонеро, ки “шоирона” ҳарф мезананд, яъне “бе гиреҳ” ҳарф мезананд, вале дар ҳаёти мардум гиреҳ эҷод мекунанд, чун фикри таҳлилӣ-танқидӣ дар бораи ҷомеаи худ ва ҷаҳони имрӯз надоранд, иваз карда шаванд. Ҳоло он ки қисми зиёди онҳо сазовори ҷазоянд чиро ки муртакиби чунин ҳолати ашё ва чунин ҳолати равонӣ дар Тоҷикистонанд. Элитаи сиёсии воқеӣ бояд вуҷуд дошта бошад ва агар не онро бояд ташкил кард ва новобаста ба маҳал, мазҳаб ва миллат, балки аз онҳое ки барои манфиати миллат ва давлати Тоҷикистон хидмат карданианд. Дуюм, “элитаи сиёсӣ” ба ҷои истифодаи ақлу илм ва сохтани бунёди ҷаҳони муттаҳидкунандаи Тоҷикистониён, аз номи ақлу илм як ҳаракати “рушангароии”- болшевикӣ дар муқобили фарҳанги миллии худ ташкил намудаaнд.

Боиси таассуф аст, ки роҳбарони Академияи улум, ки лоф аз реактори ядроӣ ва телескопҳои ҳозиразамон, ки дуртарин галактикаҳоро метавон дид, мезананд, наздиктарин ва заруртарин чизро дар нисбати ин масъала дидан наметавонанд, ки сатҳи сиёсӣ -фарҳангӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоии мо то куҷо ҷавобгӯи корҳои илмист ва нашинохтаанд, ки мушкил аслан дар тафаккури илми технологии мардум нест, балки мушкил дар иродаи сиёсии паст (сатҳи таппак), фасод ва набудани бунёди мустаҳками саноатӣ-иқтисодист, ки имкони илмро ба наҷотдиҳандаи миллат будан надода истодаанд. Дигар ин ки бештари олимони мо имрӯз мавқеи равшани шаҳрвандӣ надоранд ва ин ҳам дар осебпазирии ҷомеа ва шаҳрвандон нақше ҳалкунанда дорад. Хуб мешуд осори Гейзенберг ва академик Сахаровро хубтар мехонданд. Инчунин мавқеи сусти муҳақиқони Тоҷик дар раванди тақсими арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои мардуми Тоҷик ба “миллӣ” ва “исломӣ”, ки худ раванди суст кардани имунитети худмуҳофизатии мардум дар баробари ҳар гуна ифротгароӣ буд ва ҳаст, боиси таассуф аст. Бо ин кор ба як ҳолати бади дигари равонӣ дар ҷомеа ба шароити шизоидӣ, асос гузоштанд. Ин ҳолатест, ки дар вуҷуди як инсон ва ё ҷомеа, ки ҳиссиёт аз ақл ҷудост ва имкони тасмимгирии дурустро ба мардум намедиҳад. Аслан, ин ҳама сиёсате буд муқобили будани як пешво дар ҷомеа, ки “элитаи сиёсӣ” дар Тоҷикистон роҳандозӣ кард. Воқеан, як пешво дар гирди худ ба элитаи сиёсии пухта ва ба мардуми огоҳ ва боирода ниёз дорад, то тавонад давлатро мустаҳкам намуда ва миллатро соҳиби реактори ҳастаӣ ва телескопи ҳозиразамон намояд...

Ҳумайрои Бахтиёр: Оё ҳамин “шароити шизоидӣ” ва “шароити дебилкуннонӣ” номи дигаре барои воқеияти равонии ҷомеа нестанд?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Агар ном ҳам набошанд, ин падидаҳо дар шаклгирии воқеияти равонии мардум имрӯз нақше муҳим доранд. Бубинед, забон ва ҷомеа дар ташаккули худӣ (субъект, шахсият) нақше муҳим дорад ва худиро (субъектро ё як мавҷуди фикркунандаро) наметавон аз ҷомеа ҷудо кард. Ва маълум аст, ки чи гуна ҷомеае дорем бо таркибҳои хароб, ки элитаи сиёсӣ аслан бояд аз мустаҳкам кардани ин таркибҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-сиёсии ҷомеа корро оғоз мекард, то дар ин раванд забон ва худии солимӣ бо ҳам мувофиқ шакл мегирифт. Вале чунон ки шоҳидем сиёсатмардон бо гуфти Нича танҳо аз “қонунгузории забонӣ” кор гирифтанд то тавонанд “як чизи дуруғинро ҳамчун чизе воқеӣ нишон диҳанд”. Аслан ин маризӣ байни коммунистҳои мо дар давраи шӯравӣ одат шуда буд ва ин маризии касонест, ки аз давлатсозӣ ва давлатдории худӣ бегонаанд. Ва имрӯз ин санъатро ба сатҳи “ирфони сиёсӣ” расонидаанд, яъне дар ҷомеа созандагӣ ва амал нест, вале мегӯянд ки шукрона кунем ягон вақт мешавад ё “об кам ҷӯ ташнагӣ овар ба даст”. Вале беҳтар мебуд як бор ин элитаи сиёсӣ аз хоб бедор мешуданд, ки бас аст дар баробари пешво ва дар баробари давлат (мардум) зиёд дурӯғ гуфтан.

Дар Тоҷикиcтон рӯйдодҳои зиёд шуданд, ки имрӯз бояд онҳое, ки дар ташкили он рӯйдодҳо даст доранд дар баробари қонун, давлат (мардум) ҷавоб диҳанд ва ончиро, ки ба ҳама мардуми Тоҷикистон таалуқ дорад ба онҳо баргардонанд. Дер ё зуд ин кор амалӣ шуданист. Тавре дар боло ҳам зикр кардем имрӯз имкони фазосозӣ барои мардуми алоҳида сахт мушкил аст. Агар аз як тараф бунёди механизми худӣ–ҳақиқат- қудрат ва фазосозӣ дар ҷомеа ниҳодина нашуда, аз тарафи дигар фасод ва маризиҳои дигар, ки дар ҷомеа ҳукумронанд имкони фазосозиро намедиҳанд. Ин аст ки мардум аз ватани худ рӯ ба гурезанд. Ин ҷо имкони давлат дар ташкили фазоӣ созанда барои ҳама бештар аст, вале ба ҷуз сармояи фарҳангии замонавӣ ва сармояи иқтисодӣ боз сармояи сиёсӣ зарур аст, яъне як сиёсатмадор бояд огоҳ бошад, ки аз ниҳодҳои илми таҳқиқотӣ чи гуна дониш ва хабар мегирад ва онро чи гуна истифода кардан мебояд.

Имрӯз дар дар ҷомеаи Тоҷик фазои фарҳангӣ-сиёсии фаҳмиш ва гуфтугӯро ташкил кардан мумкин аст, вале аз сабаби набудани ирода ва мудирияти сиёсӣ дар ниҳодҳои илми таҳқиқотӣ ва инчунин набудани дониш ва таҷрибаи зарурии коркунони ниҳодҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ин корро ба ниҳодҳои қудратӣ ҳавола кардаанд. Масалан, масъалаи баҳси дунявият ва дин дар Тоҷикистон тарҳҳои таҳқиқӣ-таҳлилии ҷомеашиносӣ, антропологӣ, равонковӣ ва ғайраро дар матни Тоҷикистон талаб дорад, ки мутассифона нестанд. Ва дигар ин ки аслан бештари таҳқиқотчиёни Тоҷик имрӯз ончиро ки мутаффакирони имрӯзаи пешрафтаи Шарқу Ғарб мисли Ҳабермас (Jurgen Habermas), Чарлз Тейлор (Charles Taylor), Ҷон Равл (John Rawls), Абдулкарим Суруш, Муҳаммад Аркoн (Muhammad Arkoun), Абдo Филали-Ансори (Abdou Filali-Ansary) ва дигарон дар бораи дин ва дунявият гуфтаанд, инчунин муҳаққиқони зиёдеро дар улуми иҷтимоӣ, ки дар матнҳои гуногуни дунё таҳқиқотҳои амиқ дар бораи дин ва дунявият, дин ва сиёсат доранд, надидаанд ва намехонанд, ки он бешак барои шинохти хубтар ва амиқтари матни Тоҷикистон кумаке арзишманд дошт ва дорад. Сифат ва таркиби ташкили гузоришҳои дар толори Академияи улум баргузоршаванда худ шоҳиди вуҷуд доштани шароити шизоидӣ, дар ин маврид ҳукумронии ҳиссиёт болои ақл, дар ин маҳфили “академикист”.

ВОҚЕИЯТИ ХАРОБИ РАВОНИИ МАРДУМ ҲАМОН АСТ, КИ ДАҲ СОЛ ПЕШ БУД

Ҳумайрои Бахтиёр: Психология ё ҳамон ҳолати равонии мардум аз 10 соли қабл фарқ дорад? Агар ҳа, бо чӣ?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Ин ҷо аввал як ҳарфро дақиқ бояд кард, ки вақте “психология” ё “равоншиносӣ” мегӯем мо фанни омӯзиш ва ё равиши шинохт аз ҳолати рӯҳӣ ё равонии шахс ва ё ҷомеаро дар назар дорем, ки аз ҳолати равонӣ фарқ дорад. Якум ин роҳи шинохт аст ва дуввумӣ ин рӯҳ ё равони мардум ва ё ҷамъият аст, ки объекти шинохт ва таҳқиқ аст. Бисёриҳо махсусан ҳамин шабу рӯз дар ин масъала менависанд ва зери мафҳуми “психологияи ҷамъиятӣ” ё “равоншиносии ҷамъиятӣ” ҳамин ҳолати равониро дар назар доранд, ки нодуруст аст. Маълум аст, ки ҳар ду мафҳумро аз забонҳои дигар мисли туҳфа қабул кардаанд ва имрӯз фикр дар бораи мо дар воқеияти мо реша надорад. Ба хусус вақте ки ба китобҳои сад сол пеш навиштаи дигарон такя мекунанд ва мехоҳанд дунёи равонии мардумро тафсир ва тасхир кунанд, номумкин аст ин воқеиятро шинохтан. Воқеияти хароби равонии мардум ҳамон аст, ки даҳ сол пеш буд, фақат бо фарқият бо он ки даҳ сол пеш, яъне солҳои 2005 -2006 мардум умеде доштанд, аз ин ҳолати барзахӣ ё “гузариш” ба ҷое ё ба фазои озодтар ва беҳтаре хоҳанд расид. Мардум чунон ки дар интизори пешвое ҳаст, ҳамеша дар интизори ҷамоате фарҳангӣ ва шаклгирии ҷомеае комилтар аст.

Даҳ сол пеш ҳанӯз мардум ба ваъдаҳо ва бахшиданҳо, ки дар сулҳномаи байни Тоҷикон ёд шуда буд, умед дошт, ки акнун дар ин байн шароити инсонии будан сохта мешавад. Фазои солими сиёсӣ дошт шакл мегирифт. Мутассифона, ба ҷои созандагӣ, ба ҷои бартараф кардани мушкилоти ошкоркардаи буҳрон, гуруҳе бо ташкили “воқеияти гап” ва фитнаҳо умри буҳронро дарозтар карданд. Аслан калимаи кризис (crisis) аз юнонӣ, аввал маънии тақсим шудан (separate) ва боз маънии тасмим (decision) гирифтанро дорад, яъне лаҳзаест, ки мушкилотро, рӯйдодро бояд шинохт ва тасмим гирифт. Қисмате аз мардум ба буҳрони давомдор одат кардаанд ва ин буҳрон акнун то ҷое ба матни ҷомеа табдил ёфта ва муносибатҳо ва шахсиятҳоро шакл медиҳад. Инчунин фитнаҳои фоҷиабор, ки дар ин муддат дар ҷомеа гузаштанд албатта таъсири амиқе дар ҳолати равонии мардум дошта ва воқеияти хароби равониро харобтар намуданд. Воқеияти бади равонӣ дар Тоҷикистон, бо истилоҳи Абулмаъонӣ Бедил дар “инҳисори ҷилва” мондааст. Ба ғайр аз “инҳисори ҷилва” боз тавре дар боло қайд кардем, гуфтугӯҳои зиёд дар бораи кишварҳои ҷангзада, дар бораи куштор ва хушунат дунёи равонии мардумро боз ҳам харобтар месозад. Хуб мешуд муҳақиқони мо осори файласуф ва нейросаентист Антонио Дамасиоро (Antonio Damasio) тарҷума карда мехонданд, ки нақши эҳсосот дар тасмимгирӣ ва ташкили ҳаёти як инсон чи қадар калидист. Ва чизи дигар, ки дар ин даҳ сол дар дунёи равонии мардум пайдо шуда, ин аст ки элитаи сиёсиеро, ки мардум умед ба онҳо доштанд, ки кореро метавонанд ба анҷом бирасонанд, худ ноумеданд. Ва ин нохуштарин нуқтаи ин гуфтугӯст.

Ҳумайрои Бахтиёр: Оё ҳамин буҳрони давомдор барои субот ва амнияти мо хатарнок нест? Мардуме ки дар ин бора зиёд ҳарф мезананд ва ҳама чизро ба гардани душманони хориҷӣ мепартоянд, дар ин бора чи мегуфта бошанд?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Ба фикрам асли хатар барои субот ва амнияти мардум ва давлат ҳаминҷост. Имрӯз дар ҳамин нуқтаи таърихӣ ки қарор дорем, зиёд касоне ки дар бораи субот ва амнияти миллӣ, ки зарур аст ва дар хатар аст ҳарф мезананд, мутассифона ин асли хатар ба субот ва амнияти миллиро нашинохтаанд ва ё чашм мепӯшанд. Бале, субот ва амнияти миллӣ зарур аст, вале ин маънии ҳеч кор накардан ва ба хусус ба фасод ва маризиҳои дигари “сиёсатмардон” чашм пӯшиданро надорад, ки ин худ асли хатар аст, чиро ки аввал хатар дар баробари созандагии давлату миллат аст ва дуюм ин ки ҷомеаро дар баробари ҳама гуна хатарҳои беруна осебпазир мекунад. Яъне ин буҳрони давомдор худ муқобили он унсурҳои зарурист ки пеши ҳар гуна хатари берунаро гирифтан метавонанд. Бубинед, қисмати зиёди мардум бо сабаби аз маҳаллҳои дигар будан ва акнун бо сабаби қашшоқӣ дигар фарогири раванди созанда дар Тоҷикистон нестанд, чиро ки чунин раванд вуҷуд надорад ва танҳо раванди “ҷомеаи сармоядорӣ” сохтан барои гуруҳе хурд дар авҷ аст. Ва ин қисмати зиёд дар воқеияти равонии пурхушунат зист доранд, ки ҳудуҳои ин воқеият дар кишварҳои ҷангзада баохир мерасад.

Аз ин буҳрони давомдор ё ба таъбири Валтер Бенҷамин “ҳолати фавқулода”, ки дар Тоҷикистон ба шакли ҳаёт табдил ёфтааст, ҳар гуна манфиатҷӯи дихилӣ ва хориҷӣ хуб истифода кардан метавонад. Воқеан, ин буҳрони давомдор роҳро на ба прогрес (созандагӣ, пешрафт, тараққӣ) балки ба регресс (қафомондагӣ, парокандагӣ) кушодааст. Ин ҷо кадом хатарноктар аст, давлату миллатро насохтан, ки худ сохтани пояҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-сиёсии ҷомеа аст ва он истиқлоли воқеӣ ва сифати баланди ҳаёти ҳама мардуми Тоҷикистон аст, ки худ ваҳдати воқеии тамоми мардуми ин мамлакат аст дар баробари ҳар гуна душман ва ё душманони хориҷӣ ва хоҷагони хориҷӣ, ки ҳанӯз ба таври расмӣ дар сатҳи лозим мушаххас нашудаанд. Душмани воқеӣ вақте шинохта мешавад, ки мардуми Тоҷикистон раванди созандагии воқеии давлат ва ин ватанро дар якҷоягӣ оғоз кунанд...

АРЗИШҲОЕРО, КИ САДСОЛАҲО ТОҶИКРО ТОҶИК НИГОҲ МЕДОШТ, ТАҲҚИР КАРДААНД

Ҳумайрои Бахтиёр: Дар умум психологияи мардуми тоҷик таърихан чунин буда, яъне беҷуръат? Дар баъзе сарчашмаҳои адабиётӣ ишора бар ҷасорату фарҳангӣ будани мардум мешавад. Ин аз нигоҳи илмӣ асос дорад? Ба назари шахсии Шумо мардуми мо нотарс аст ё баръакс?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
На, чунин нест. Руҳ ё равони инсон сатҳест, ки маънавиёти инсон шакл мегирад, худӣ вобаста ба сатҳи дониш ва таҷриба шахсияти инсонро камол мебахшад. Ин сатҳест, ки ба гуфти амиқи равоншинос Ҳилман (Hillman) аз худ махсусан дар лаҳзаҳои патологӣ дарак медиҳад, маъниҳоро ба воқеият ва воқеаҳоро ба таҷриба табдил медиҳад, бо муҳаббат муносибат мекунад ва бо марг муносибате махсус дорад.
Патология, яъне чӣ? Калимаи лотинист, ки реша дар забони юнонӣ дорад ва маънии омӯзиши эҳсосот аст. Лаҳзаҳои патологӣ, ки аз қавли Ҳилман дар ибтидоӣ суҳбат ёд карда будем, аслан ҳамин лаҳзаҳоеянд, ки имрӯз мо дар Тоҷикистон дорем, ки буҳрони давомдор арзишҳо, бовариҳо ва амнияти моро зери суол бурдааст. Ин ҷо вақте дар бораи Тоҷик ва тарс ҳарф мезанем набояд фаромуш кард, ки Тоҷик воқеан мардумест фарҳангӣ ва созанда ва инсони фарҳангӣ имкони шинохти тарс, ҳасад, бахилӣ, қаҳру ғазаб ва дигар хусусиятҳои ҳиссиро дорад ва метавонад онҳоро идора кардан. Як инсони фарҳангӣ метавонад гиря кардан ва дар баробари ҳар гуна хатар бошуурона бетарс будан. Мардуме, ки фарҳангист метавонад ҷанговар ё дар забони Тоҷикони қадим «нар» тарбият кардан. Ва ҳанӯз баъди турктозиҳои зиёди таърихӣ ва манқуртикунонии шӯравӣ дунёи равонии мардум тухми зиндадилӣ, ҷавонмардӣ ва шуҷоат дорад.

Хотираи таърихии мардум воқеаҳои пурдаҳшате мисли “турктозӣ”, “солҳои 30- юм” ва дар Бадахшон “омадани афғон”-ро ёд дорад, ки ба гуфти Фройд дар равони мардум ҳам нақше гузоштаанд ва солҳо боз аз худ дарак медиҳад. (Freud [1919] 1953 :220). Мутассифона, имрӯз фарҳанги Тоҷикро шикастаанд ва арзишҳоеро, ки садсолаҳо боз Тоҷикро Тоҷик нигоҳ медошт, таҳқир кардаанд. Масалан, имрӯз номусро, ки бунёди ғурур, шуҷоат ва ҷавонмардии Тоҷик аст, бисёрии академикҳои мо аз ёд бурдаанд ва ё ҳарфи “кӯчагӣ” ва “эҳсосотӣ” меҳисобанд. Аз Абунасри Форобӣ, Ибни Сино ва Тусӣ то имрӯз мардум номусро ҳамчун низом, қонун, моликият, тилло ва бунёди шахсият, хоҷагидорӣ ва ватандорӣ мешинохтанд. Ва ин унсурест, ки имрӯз ҳам дар вуҷуди мардуми мо дар кор аст. Фикр кунам вақте ки дар ватан бунёди фарҳангу иқтисод шикастааст ва қонун кор намекунад ин худ ғуруру номуси мардумро заиф мекунад ва муҳтоҷи ғайр.

Мардум аз ҳоли муҳоҷирони мо дар Русия нақл мекунанд, ки зиёд мардум аз худ наметавонанд дифоъ кардан. Қиссаи овардаи устод Барзу дар “Нигоҳ” дар бораи тарси Тоҷикон, воқеан намунаи ин ҳолатест, ки Гидденс қайд карда буд, ки мардуми худношинос дар “шароитҳои дебилкунанда” аз худ ҳимоят кардан наметавонанд. Ва чи хел ки шоҳидем ҷавонон аввал инҷо ба “равшану ҷумшуд” табдил меёбанд ва пас ба Русия сафар мекунанд. Ин ҳамаро бояд шинохт, таҳқиқ кард ва аз реша дигар кард. Ин кор танҳо бо гап намешавад. Ба хусус вақте дар оила ва дар ҷомеа роҳҳои худӣ-ҳақиқат-қудрат ва фазосозӣ ниҳодина нашудаанд ва шароит барои амал кардани онҳо вуҷуд надорад, насли нав бештар дар баробари арзишҳо, идеяҳо ва рӯйдодҳои ғайр осебпазиранд ва бардошти даркори кардан наметавонанд. Ва ҳар давру замон роҳҳои худсозӣ ва фазосозӣ дониш ва таҷрибаи навро талаб доранд. Ин равандест, ки аз шубҳа ва дониш оғоз шуда, ба инсон имкон медиҳанд, ки ба гуфти баъзе аз мутафакирон, “ба бозии ҳақиқатҷӯйӣ ва адолатҷуйӣ” (Socrates, Foucault) дохил шавад, унсурҳои равонии кӯдак мисли ирода, ақл, ҳиссиёт ва хаёлот тарбия ёбанд ва шакли солим гиранд. Инчунин инсони роҳи худсозӣ рафта метавонад бо дигарон гуфтугӯи баробар доштан, бо воқеъияти худ рӯ ба рӯ шудан, мардонагии ақлӣ доштан ва тавоноии шинохтан гуфтани ҳақиқатро доштан. Дар ёдам ҳаст, ки яке аз вазирони маорифи собиқи мо ба ғайр аз масъалаи каблуки духтарон боз дарс додани “фанни таҳамуллпазирӣ”-ро дар мактабҳо пешниҳод карда буд, намедонам тақдири ин фанн чи шуд?

Ҳумайрои Бахтиёр: Воқеаҳои охир нишон медиҳанд, ки мардум гӯиё аз як нерӯе ҳарос доранд. Аз ин хотир барои дифоъ аз ҳаққу ҳуқуқи худ садо баланд намекунанд. Оё чунин аст?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Воқеият чунин аст, ки мардум дар сатҳҳои гуногуни фарҳангии фаҳмишанд. Ҷомеаи аҷибе шакл гирифтааст. Ин ҷо садо баланд намекунанд ва шояд гурехтаҳо садо баланд кунанд, вале ин садоҳо шунида намешаванд. Қонунҳо, рамзҳо ва роҳнамо дар ҷомеа вуҷуд дорад, вале мардум мушкилоти худро, зиндагии худро аз рӯи дигар қонуну қоидаҳо ташкил кардаанд. Бисёриҳо аз ин ҳарос доранд, вале амалдорон мегӯянд бо ин кор “зиндагиша меёва”. Масалан, дирӯз як ронанда ба дигараш, ки пеши роҳи дигаронро гирифта буд ва мехост зиёдтар одамонро ба “маршруткаи” худ дохил кунад, фарёд мекард: “Эй ҳай къ ... ин светофори хунатай?”, вале ронандаи “маршрутка” на ба чароғак ва на ба ронандаҳои қафо диққат намедод ва фарёд мекард “15-да биё, 15-и саросемада биё...”

Мардумро дигар мушкилоти ҳаррӯзаи ҳаётӣ банд кардааст, ки барои худ ва наздикони худ нон пайдо кунанд. Аз ронандаҳои нақлиёти хатсайрҳои шаҳр то савдогарони кӯча, ки бо милитсия ҳолати мушу гурбаро доранд, дар ҳамин ҳоланд. Медонанд, ки иҷрои нишонаҳои чароғак барои ронандаҳо ва пиёдаравҳо қонун аст, вале на ҳама дигар онро риоя мекунанд ва ҳамчунин дар дигар сатҳҳои ҷомеа қонунро намебинанд ва эътироф намекунанд. Яке аз муаллимони донишгоҳ мегӯяд, “дар ин ҷомеа оила дошта бошӣ, муттаҳамӣ, яъне маҷбурӣ ба пора гирифтан ва ба пора додан”. Инчунин “тоҷикиш кн” ва “як балош мекнем” маъниҳои фароқонунӣ ва фарофарҳангӣ дар Тоҷикистонанд, ки ҳам аз сатҳи бефарҳангӣ ва фасод дарак медиҳанд. Ҳолати мардум дар чунин ҷомеа мисли ҳолати мардумест, ки дар “маршруткаи саросема” нишастаанд, вале маршрутка аз ҳирси зиёди ронанда, ки барои ҳамкасбони худ фазои будан қоил нест, аз ҷой наҷунбида истодааст. Ин шакли ҳаёти тоҷикист. Ва ҳамин нерӯ, ки ҳанӯз бисёриҳо ба ин шакли ҳаёт одат кардан наметавонанд, набудани бехатарии вуҷудӣ ва иҷтимоист, яъне мардум ба ҳастии худ ва ба “ёфтани зиндагии худ” ба таври инсонӣ ва қонунӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон боварӣ надоранд. Сафари оммавӣ ва маҷбурии мардум ба дигар кишварҳо, ба хусус ба Русия ҳамин аст. Дигар чизи нигароникунанда, ки мардум аз он ҳарос доранд, ин аст ки фаҳмидаанд, онҳоеро ки мардум ба онҳо умед дошт, ки давлат ва миллатро месозанд, худ нотавону ноумеданд.

Ҳумайрои Бахтиёр: Оё шинохти воқеияти равонӣ барои ҳалли ин мушкилот кӯмаке кардан метавонад?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Бале, мекунад. Аз қиссаҳои қадимаи Тоҷикист, ки дар шаҳре деве пайдо шуда буд ва мардумро азоб медод, мардони хирадманд оина сохтанро ва дар баробари дев нигоҳ доштани онро маслиҳат дода буданд. Ҳар мушкилоте ки шинохта шуд, ҳалли он осон мешавад. Имрӯз дар ҳама қисматҳои улуми иҷтимоӣ таъсири лингвистика ва психоанализ (равонковӣ) ҳамчун роҳи шинохт зиёд аст. Фикр кунам, то ҷое сабабаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии чунин воқеияти бади равониро дар боло зикр намудем. Мушкили мо дар ин аст, ки ниҳодҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо мактабҳои нави фикрӣ ва илмӣ-тақҳқиқотии пешрафтаи ҷаҳонӣ, бо назарияҳо ва роҳҳои таҳқиқ ба таври даркори шинос нестанд. Бубинед вақте дар бораи равоншиносии иҷтимоӣ ҳарф мезананд ҳатто дар бораи Фройд, ки бо кашфи зершуур (unconscious), бо гуфти худаш ва эътирофи дигарон, дар илм табадуллоти Коперникро такрор кард, ёд намекунанд вале бештар ба Фейербах такя мекунанд то шуур ва ҳолатии равонии мардумро дар Тоҷикистон шинохта бошанд. Бо гуфти Фройд то ӯ мардум фикр мекард, ки шуур марказест, ки ҷаҳони инсонӣ гирди он мечархад, вале кашфи зершуур исбот кард, ки на, он чи инсон бошуурона “ман” мегӯяд, он қадар дар хонаи худ, яъне дар дунёи равонии худ хуҷаин нест, балки дар банди афкор ва хоҳишҳоест, ки аз зершуур мағзи ӯро идора мекунанд ва дар амалҳои ӯ нақши муаянкунанда мебозанд...

(давом дорад)
Мӯҳр
рахмон
ин сарлавха чи маъни дорад?
мархамат карда фахмонед

.
рахмон,

Маънои сарлавхо ин аст, ки харчанд мардуми точик асрхои зиед зидди шаттаи турку-мугул буду баъд аз он зери шаттаи русхо, то хол хам мардуми точик бо дилу гурда аст.рахмон,

Чахони Сипос ба Шумо дастатон дард набинад Мехмоншои гироми! Кош ингуна олимони хакикатбин чун Шумо дар Точикистон зиедтар шаванд. Ва ин фазои губорини Чумхурии фасодро пеши калам биеранд. Дакикан фазои Точикистон-ро Точики хам не Кулобии кишлокиш карданд. xaxaxax озодагон лутфан чоп кун!

Воқеъан ҳам чӣ таҳлили илмӣ ва олӣ. Умедворам, ки ин гуна таҳлилҳоро Озодагон минбаъд зиёд менамояд.

кулоби
Alexandr,
Алимардонов, Окил Окилов, Косим Рохбаров. , Достиев Абдулмачид ва дигар мансабдорхое ки дар Сугду Бадахшон ва нохияхои тобеи чумхури рохбаранд хамаашон аз Кулоб хастанд? Баъд ту махалпараст инро медони ки Кулобро дар блокада гирифтед кариб 1,5 сол мардумро гурусна гузоштед. Ва орди гандуми захролудро ба Фархор равон кардеду ними ахоли захролуд шуд. Имруз агар чабре мебинед аммо озод хастеду роххо ба руятон кушода хаст.


БА ОЗОДАГОН:. Озодагон агар чунин шарххои махалпарастиро чоп мекунед чавобашро низ чоп кунед. Агар накунед шумо яктарафа бахо медихед ва ,,Озодагон" хам нестед ва номи худро ,, Мукобили Кулоб " гузоред !!!

Кам нашавед устод Шарифзода! Бехтарин тахлил.

чорш
Мехмоншо пешниходи мушаххасатон чи аст???????[b]

Андеша
Андешаҳои миллатсоз. Воқеан Меҳмоншо равшанфикри замони худанд, мисли муллофилософҳои "Ҷаҳони андеша" фикрро аз мушкилоти руз, аз ҳолати воқеии имрузи мардум ба дур намебаранд. Дар баробари олими хуб будан, ҷасорати фавқулода доранд! Офаринашон!

Мусофир
Албатта чун Мехмоншо олим дар Точикистон вучуд надорад,хар як сухбаташ ин як китоби алохида мебошад.Аз чониби дигар хизмати Хумайроро кадр бояд намуд,бисёр журналисти чирадаст ва доною часур мебошад.Ба Бародаро Кулоби гуфтаниям,ки бародари Азиз мо бовар дорем ки мардуми Кулоб хамааш чунин нестанд,аммо мардум ба дод омадааст.Аз думболи чанд нохалаф мардум купли як минтакаро бадбини доранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)