Бахшҳо

Норозигии Президент аз сатҳи истироҳату саёҳат дар Ромит

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 4-уми июн дар доираи сафараш ба шаҳри Ваҳдат аз пурра истифода нашудани имкониятҳои саёҳии дараи Ромит изҳори норозигӣ намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ваҳдат имрӯз корхонаи металҳои ранга ва корхонаи ғанигардонии маъдани “Покрӯд”-ро ифтитоҳ намуда, дар ҳошия аз соҳаҳои гуногуни ҳаёт дар Ваҳдат суҳбат намудааст.

Аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, мавзеи Ромит яке аз гӯшаҳои бисёр зебоманзари кишвари азизамон мебошад ва бо қарори ҳукумат минтақаи истироҳат ва сайёҳӣ эълон гардидааст: “Вале дар ин самт ҳанӯз норасоиву мушкилоти зиёд ҷой дошта, андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамоянд”.

Эмомалӣ Раҳмон муҳайё кардани шароити муосир ва истифодаи имкониятҳои табиати зебову обҳои шифобахши дараи Ромитро воситаи муҳими ҷалби сайёҳону меҳмонон, муаррифии табиати зебо ва имкониятҳои сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тадриҷан беҳтар шудани шароити зисти аҳолӣ хондааст: “Аз ин рӯ, сохтору мақомоти дахлдор якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат вазифадоранд, ки монеаву масъалаҳои мавҷударо ҳаллу фасл намуда, бо истифода аз нерӯи созандаи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳандозии механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсиси инфрасохтори муосири сайёҳӣ, яъне бунёди осоишгоҳу меҳмонхонаҳо ва дигар иншооти хизматрасониро дар ин минтақа ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ вусъат бахшанд ва доир ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонон чораҳои муассир андешанд”.

Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пасманзари ифтитоҳи силсилакорхонаҳои ширкати “Покрӯд” изҳор доштааст, ки корхонаҳои бузург барои хеле обод гардидани шаҳру ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин имконият медиҳанд: “Ин ҷо таҷрибаи хуби як қатор корхонаҳои мамлакатро мисол овардан бамаврид аст, ки дар баробари сохта, ба истифода додани корхонаҳои бузург дар наздикии онҳо шаҳракҳои коргарон бо тамоми инфрасохтори иҷтимоӣ, аз қабили мактабу беморхона ва муассисаҳои фарҳангиву хизматрасонӣ низ сохта, ба истифода супорида шудаанд. Масалан, шаҳраки Суғдиён барои азхудкунии конҳои тиллои Тарору Ҷилави шаҳри Панҷакент ва шаҳраки Сарвода барои азхудкунии кони сурмаю симоби Ҷиҷикрути ноҳияи Айнӣ сохта шудаанд”.

Дар корхонаи ғанигардонии маъдани “Покрӯд”, ки имрӯз ифтитоҳ шуд ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар марҳилаи аввали фаъолият давоми як руз 2 ҳазор тона маъдани кӯҳӣ коркард мешавад: “Дар марҳилаи аввал 2 тоннаю 492 кило тиллои хушсифати навъи 935 истеҳсол мешавад, ки ки дар бозори ҷаҳони арзиши гарон дорад. Дар марҳилаи дуюм бошад истеҳсоли тилло ба беш аз 3 тона расонида мешавад. Тибқи нақша ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёди фабрикаи ғанигардонии маъдани "Покрӯд" 256 милион долари амрикоиро дар бар мегирад.”
Мӯҳр
Deniel-Dushanbe
Ин масъулини бахши туризми кишвар холо факат худро таблиг мекунанду ягон корашон маълум нест. Кор факат аз гап заниву худнамои иборат нест, дар мала татбик кардан даркор. Чаласаву мачлисхои зиёдати чи фоида, коро ичро кардан лозим. Пешвои миллат, Раиси чумхур сад дар сад дуруст мегуяд, ба ин соха ахамияти зарури бояд дода шавад. Рушди туризми мо дар мукоиса ба дигар кишвархои Осиёи маркази дар зинаи поёни аст. Рушди туризми дохили 00000000000, як ду сайёхе ки мояд аз сабаби паст будани хизматрасонии сайёхи дигарбора намеояд. Ин чи гап худаш, барномаи туризм кабул шуда садхо хазор сомониро дар корхои намешидани сарф накунеду босамар маблага истифода баред. 94 фоиз зиёд шудани сайёхон бошад сабабаш дар баргузории чорабинии байналмилали дар Душанбе буд. Холо имсол мебинем ки натича чи хел мешавад.

Бо мардум нон лозим аст ,на инки истирохат.....

Чаро шумо фақат даъвои нон доред магар он дандондиҳанда ризқро мерасонад боз ободӣ шавад, каме ҷои кор мешавад боз ватанамон обод дустон гул хор дорад на ин ки хор гул дорад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)