Бахшҳо
07 июн 2016 11:54Тоҷикистон / Сиёсат

Ёров: Чӣ гуна дар баҳс барои 2,5 ҳазор $ ҳаққи адвокат 10,6 ҳазор $ будааст?

Мурофиаи навбатии вакили дифои боздоштшуда-Бузургмеҳр Ёров, 6-уми июн бо ҳузури як ҷабрдида баргузор шудааст, ки иддао дорад, ин ҳуқуқшинос аз ӯ беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтаст.

Дар ин бора ба “Озодагон” ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр хабар дода, афзуд, ки мурофиаи навбатии ҳуқуқшиносон Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, баъди зуҳри 6 июн баргузор гардид: “Мурофиа аз табрикоти рамазонии Бузургмеҳр, ки рӯзадор аст, оғоз гардид. Дар рафти мурофиа Бузургмеҳр даъвои як модару писар, сокинони ноҳияи Файзободро таҳлил кард. Ба гуфтаи Бузургмеҳр, Мелиқулова Дилбар ва Хоҷаев Беҳрӯз ҳарду қаблан нисбаташ даъво карда будаанд, вале Бузургмеҳр ин ҳамаро таҳлил карда, дурӯғҳояшонро исбот кардааст. Вобаста ба нишондодҳои Бузургмеҳр ин ду нафар фаҳмиданд, ки хатогиашон дар куҷо буда, ҳамаро аз нав бо дигар шакл навиштаанд”.

Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров гӯё ин ду даъвогар ба Бузургмеҳр 10 ҳазору 600 доллари амрикоӣ дода бошанд: “Вале дар нишондоди қаблиашон 6 ҳазор доллар навишта буданд. Модару писар аниқ гуфта наметавонанд, ки маҳз дар куҷо ин маблағро ба Бузургмеҳр додаанд. Танҳо мегӯянд, ки “як вақто ин пулро дода будем”. Бузургмеҳр дар рафти мурофиа гуфт, ки баҳси парванда барои тақсими амволи муштарак дар ҳаҷми 2500 доллар буд. Пас чи гуна инҳо ба ман 10 ҳазор доллар додаанд?”.

Дар ҳамин ҳол Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки намояндагони Иттиҳоди Аврупо боз ба мурофиа роҳ наёфтанд: “Қаблан масъулини суд аз намояндагони САҲА ва Иттиҳоди Аврупо талаб карда буданд, ки барои иштирок дар мурофиа бояд аз Вазорати умури хориҷӣ иҷозатнома биёранд. 6-уми июн онҳо ҳуҷҷатеро оварданд, аммо масъулини назди дари додгоҳ гуфтанд, ки муҳри ин ҳуҷҷат эътибор надорад”.

Ба мурофиаи қаблии Бузургмеҳр Ёров, ки санаи 30 май баргузор гардида буд, рӯзноманигорон низ роҳ наёфта буданд. Аз онҳо хоста буданд, ки барои иштирок дар мурофиа аз додгоҳи болоӣ-суди шаҳрӣ иҷозатнома биёранд.

Аммо Ҷамшед Ёров мегӯяд талаби ҳуҷҷат аз хабарнигорону намояндаҳои созмонҳои хориҷӣ баҳона буда, дар қонунгузорӣ ин меъёр зикр нашудааст.
Бузургмеҳр Ёров рӯзи 28 сентябри соли 2015 баъди эълони азмаш дар бораи таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд. Баъдан, Вазорати умури дохилӣ эълон кард, ӯ дар “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” муттаҳам мешавад. Аммо наздикони Бузургмеҳр Ёров аз қавли ӯ ин иттиҳомотро рад карда, гуфтанд, изҳор доштааст, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ бегуноҳияшро исбот хоҳад кард.
Мӯҳр
Аз кадом вақт Вазорати корҳои хориҷӣ иштироки хориҷиҳо ва он ҳам дипломатҳоро дар мурофиаҳои судӣ иҷозат медиҳад?
Давлати Тоҷикистон ба дипломатҳои иммунитет додааст, аз ин дигар баландтар чизе мешавад? Маънои иммунитет ҳамин аст, ки ҳокимияти судӣ болои дипломатҳои ягон қудрате надорад.
Илова ба ин, Тоҷикистон даҳҳо созишномаву конвентсияҳои байналмилалӣ имзо кардааст, ки дар асоси онҳо вазифадор аст ҳукуқи инсонро таъмин кунад, ба намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дастраси ба протсесҳои судиро таъмин кунад ва дар муддати муайян карда шуда ба дархости он созмонҳо ҷавоб гардонад.
Агар давлати Тоҷикистон рафтору аъмоли дипломатҳоро ғайри қабул донад, метавонад онҳоро аз хоки худаш ронад.
Аммо оё метавонад? Ба гуфтаи маъруфи тоҷикон, дилу гурдааш мерасад? Магар чизе дорад, ки бо Аврупо ё Америка доду гирифт кунад?
Як чиз маълум аст, ки он давлатҳо агар хоҳанд метавонанд Тоҷикистонро бо пешвои миллаташ ба ҳоли худашон гузоранду садҳо - садҳо миллион доллару еврое, ки дар шакли кумак метиҳанд, нидиҳанд. Ин даҳшат барои ҳокимони давр хоҳад шуд, агар он пулҳо наоянд, пули сомонӣ дар як рӯз қурбашро даҳо маротиба аз даст медиҳад, инфлиятсия ба суперинфлятсия табдил мешавад, марудм моҳҳо маош намегиранд ва оқибат суханони Доҳии пролетариати ҷаҳон амалӣ мешаванд - поёниҳо намехоҳанд дигар ин тавр зиндагӣ кунанд, бологиҳо идора карда наметавонанд.

Озодагон, илтимос чоп кунетон, шояд дар ҳукумат мағзи мехондагӣ ёфт шавад.

ПС: Ҳар касе суоле дорад, марҳамат карда нависетон ба имейлам.

Darvesh
Govsud! Lahzahoi guvoro davom dorad!

Дарвеш
Хамин нафар ягон гунох надорад, озодаш кунед. То кай бо тухмату дуруг мардумро ба зиндон равон мекунед. Хохед нахохед, мардум бесавод нестанд, хамаро медонанд ва рузе мерасад,ки аз хукукхои худашон сахт химоя мекунанд.

ман намедонам то кадом андоза ин шахс гунох доранд. Аммо Худованд ба ягон кас нишон натияд ки дасти ин милисаву муфаттишоба афти . Онхо ба чои муйро аз хамир чудо кардан бар сарат боз дигар муйхои чигелро бор мекунанд.

Намедони биханди ё гиря куни. Аз ин хам масхарабозии зиёдтар мешавад хокимияти суди масъара шудааст дигар ,ба худатон хади акал рахм кунед, ки будани Абарманд Бузургмехр Ёров ба тамоми миллат маълум шуд у каърамонаст ,бале кахрамон шумо уро кархрамон кардед,рузе мешавад ки у ба озоди мебарояду хазорхо нафар ба пешвози у мебароянд шахсе ки аз хак ва конун дифо кард. Зихи фарзанди фарзонаи точик Бузургмехр.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)