Бахшҳо

Президентҳои фирорӣ чӣ ҳол доранд?

6 июн Додситонии кулли Русия дархости истирдоди Виктор Янукович, раисиҷумҳури пешини Украина ба кишварашро рад кард. Дар пайи ин хабар “Лента.ру” аз сарнавишти Янукович ва чанд ҳамтои дигари ӯ нақл кардааст, ки маҷбур ба фирор шудаанд.


ВИКТОР ЯНУКОВИЧИ "МАЙДОНӢ"-ФИРОРӢ
раисиҷумҳури Украина аз соли 2010 то 2014

Виктор Янукович моҳи феврали соли 2014 Украинаро тарк кард. Ӯ замони расидан ба хоки Русия аз давом додани муборизаи сиёсии худ хабар дод. Дар як нишасти хабарӣ таъкид варзид, ки ба ҳеч ваҷҳ тасмими парлумони Украина дар мавриди поёни раёсатҷумҳуриашро қабул нахоҳад кард ва худро раисиҷумҳури машрӯъ медонад. Янукович моҳи декабри соли 2015, пас аз ним соли табъид дубора азми худро дар мавриди бозгашт ба майдони сиёсат изҳор дошт. Ӯ дар як мусоҳибааш гуфта буд, бо сиёсатмадорони вақти Украина дар тамос аст: “Бештари онҳо дигар наметарсанд. Онҳо ҳангоми дидору суҳбатҳо худро роҳат эҳсос мекунанд”.

Аммо баъдан муносибати мутаҳидони пешини ӯ бо ҳам ҳамхонӣ намекард. Моҳи августи соли 2015 ҳангоми таъсиси “Кумитаи наҷоти Украина” Николай Азаров, раиси кобинаи пешин изҳор кард, ки шахсони замоне наздик ба Янукович набояд шомили ҳайати ин кумита бошанд. Бештар аз ин намояндаи пешнини парлумони Украина гуфта буд, “Янукович бояд ҳамроҳ бо ҳукумати кунунӣ, яъне Петр Порошенко ба додгоҳ кашида шавад”.
Ҳоло Янукович бо далоили маълум дар Украина як нафари матлуб нест ва тарафдоронаш дар Русия аз ӯ дурӣ меҷӯянд. Дар маҷмӯъ раҳбари табъидии пешини Украина дар Русия ба сар мебарад. Бо ин пуштвонаи сиёсӣ бозгашти ӯ ба сиёсат баъид аст. Аммо зоҳиран Янукович барои худ як зиндагии роҳат таъмин кардааст. Ба гуфтаи Андерса Аслунда, мушовири иқтисодии пешини ҳукумати Украина сарвати Янукович ва оилаи ӯ 12 миллиард доллар аст.

АСКАР АКАЕВ - РОНДАШУДАИ ЛОЛАӢ
раисиҷумҳури Қирғизистон аз соли 1999 то 2005

Аскар Акаев 24 марти соли 2005 дар пайи нооромиҳои мардум, ки номи “инқилоби лолаӣ”-ро гирифт, хоки Қирғизистонро ба қасди Русия тарк кард. Ӯ дар мусоҳибаҳои аввалинаш гуфта буд, мехоҳад дар Бишкек зиндагӣ ва дар риштаи физика кор кунад. Акаев қабл аз ворид шудан ба арсаи сиёсат мутахассиси варзидаи риштаи физика дар Шӯравӣ буд. Аммо дигар ба Қирғизистон барнагашт. Соли 2013 дар як мусоҳиба тасмими тарк кардани кишварашро шарҳ дод: “Онҳое ки маро сарнагун карданд, намегӯянд, ки хунрезӣ пас аз рафтани ман шурӯъ шуд. Тасмим гирифтам, ки бигузор гуреза шавам, аммо хуни мардуми ман дар дастони ман набошад”.

Президентҳои фирорӣ чӣ ҳол доранд?


Моҳи августи соли 2014 бародарбузурги Акаев дар Бишкек даргузашт ва ӯ тасмим гирифт, дар ҷанозааш ширкат кунад. Он замон расонаҳо гузориш доданд, ки Акаев дар роҳ ба сӯи фурудгоҳ аз тасмимаш даст кашид. Ӯро аз эҳтимоли боздошт шудан хабардор карданд. Ин метавонист як такони дигар барои инқилоби ранга шавад. Онҷо ҳанӯз ҷонибдорони раҳбари пешин вуҷуд доранд. Акаев дар чанд мусоҳибаҳояш гуфта буд, ки фориғ аз умури сиёсӣ ва масруфи корҳои илмӣ аст.

Зимнан, Қурбонбек Боқиев ҳам, ки пас аз Аскар Акаев бар сари қудрат омад, дар табъид ба сар мебарад. Аммо на дар Маскав, балки дар Минск. Моҳи апрели соли 2010 дар Қирғизистон боз бетартибиҳои мардумӣ сар заданд. Боқиев пойтахти кишварро ба қасди Ҷалолобод тарк кард. Баъди гуфтушунидҳои мухолифон бо ҳукумат Боқиев ба шарти таъмини амнияти худ ва оилааш розӣ ба истеъфо додан шуд. Аммо ӯ баъдан дар Белоруссия ҳукумати муваққат дар Бишкекро “гуруҳи фиребкор” номид ва аз истеъфои худ даст кашид, чаро ки ба гуфтаи вай тасмими ин истеъфо дар пайи фишор гирифта шуд.

Ҳамин тавр, Боқиев зуд шаҳрванди Белоруссия шуд. Соли 2013 эътироф кард, ки аз ду сол ба ин сӯ шаҳрванди ин кишвар аст ва он замон буд, ки гуфт: “Ба таври бебозгашт ва қатъан аз сиёсат канор рафтам. Ҳоло ман масруфи ба воя расонидани набераҳоям ҳастам. Яъне коре, ки қаблан барояш фурсат хеле кам буд”.

ЗАЙНИЛОБИДДИН БИН АЛӢ ГУРЕЗАИ ИНҚИЛОБИ ЁСУМАН
раисиҷумҳури Тунис аз соли 1987 то 2011

Ҳабиб Бурқиба, раисҷумҳури Тунис соли 1986 Зайнилобиддин Бин Алиро вазири умури дохили таъйин кард. Бурқиба он замон гуфта буд, ки Бин Алӣ арзандаи ин мақом аст: “Ӯ қудрати қавӣ дорад ва ӯ кишварро дар дасти худ нигаҳ доштан метавонад”. Ин гуфтаҳои “падари миллат” (Бурқиба он замон ин унвонро дошт) пас аз ним сол собит шуданд.

Президентҳои фирорӣ чӣ ҳол доранд?


Субҳи 7 ноябри соли 1987 радиои Тунис хабар дод, ки зимоми қудрат аз дасти раисиҷумҳури мудомулумри ин кишвар гирифта шудааст. Дар саргаҳи ин кудато Бин Алӣ, ки он замон алакай нахуствазир буд, меистод. Ӯ дар изҳороти родиоии худ ба мардум гуфт, раисиҷумҳур бо далели саломатии номусоид наметавонад уҳдадориҳои худро иҷро кунад. Тамоми санадҳои тиббӣ аз сӯи 7 пизишки саршинос имзо шуда, додситони кулл ҳам онро тасдиқ кардааст. Пас аз 23 сол, моҳи январи соли 2011, Бин Алӣ ҳамчун нахустин қурбонии “баҳори араб” роҳи гурез пеш гирифт ва ба Арабистони Саудӣ паноҳ бурд. Моҳи июни соли 2011 додгоҳ дар ғайби Бин Алӣ ӯ ва ҳамсарашро ба 35 сол зиндон маҳкум карда, 65 миллион доллар ҷарима баст. Ӯ пас аз чанде дар аввалин суҳбат бо расонаҳо тамоми ин ҳукмҳоро сохта гуфт ва таъкид кард, ки ҳангоми парвоз ба Арабистони Саудӣ ӯро фиреб додаанд. Соли 2012 додгоҳи ҳарбии Тунис бори дигар ӯро ғоибан ба ҷурми куштани мӯътаризони соли 2011 ба ҳукми абад маҳкум кард.

Ба ин тартиб, ӯ ҳеч вақт нахостааст, ки ба ватан баргардад. Ҳисобҳои бонкии миллиондоллараи ӯ баста шуданд, вале ҳангоми гурехтан бо худаш 1,5 тон тилло, ки муодили 60 миллион доллар буд, бурд. Афзун бар ин, Бин Алӣ тӯли ҳукумати 23-солаи худ аз Тунис ҳудуди 20 миллион долларро берун бурдааст.

Соли 2011 хабарҳое дар мавриди гирифтори сактаи мағз ва ба ҳолати кома уфтодани ӯ паҳн шуданд. Аз ҷумла, расонаҳои Фаронса гуфта буданд, ки Бин Алӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Ҷидда, ки махсус барои оилаи шоҳ аст, бистарӣ шудааст. Бемории ӯро дар пайванд ба “инқилоби ёсуман” медонистанд, вале баъдан ин хабарҳо такзиб шуданд. Соли 2013 корбарони шабакаи иҷтимоии “Instagram” акси Бин Алиро дар саҳифаи писараш Муҳаммад диданд, ки ба зудӣ дастрасӣ ба онро номумкин карданд. Замони аксбардорӣ шудани Бин Алӣ аз рӯйи ин тасвирҳо имконнопазир буд.

АЛБЕРТО ФУХИМОРӢ, ПРЕЗИДЕНТИ ТАБЪИДӢ ВА БАРГАШТА
раисиҷумҳури Перу аз соли 1990 то 2000

Ӯ ҳоло ҳукми зиндони 25-солаи худро пушти сар мекунад. Роҳ аз курсии раёсатиҷумҳур то нимкати зиндон пурпечухам буд. Соли 2000 пас аз интихоб шудан ба давраи саввуми раёсатиҷумҳур Алберто Фухиморӣ вориди “ҷанги матлабҳои хатарзо” шуд. Мухолифин ва рӯзноманигорони наздик ба онҳо навореро пахш карданд, ки мансабдорон ва сиёсатмадорон аз номи раисиҷумҳур ришва мегирифанд. Баъдан 11 ноябри соли 2000 дар Колумбия мусоҳибаи Роберто Эскобаро, бародарбузурги қочоқчии маъруфи ин кишвар Пабло Эскобаро нашр шуд. Роберто тасдиқ кард, ки шоҳиди додани пул ба корзори интихоботии Фухиморӣ будааст. Ин мусоҳиба мунҷар ба нооромиҳо дар кишвар шуд.

13 ноябри соли 2000 Фухиморӣ барои иштирок дар як ҳамоиш ба кишвари Бруней рафт ва дигар барнагашт. Аз онҷо ба Ҷопон сафар намуда, дархости паноҳандагӣ кард. Мувофиқи қонунгузории Ҷопон ҳар касе ки табори ҷопонӣ дорад, новобаста аз шҳрванди кадом кишвар будан, метавонад дархости паноҳандагӣ кунад. Волидони Фухиморӣ ҷопонитабор буданд. Ин раисиҷумҳури акнун гуреза дар мавриди аз дӯши худ соқит кардани вазифаи раёсатиҷумҳурӣ ба кишвараш ариза ирсол кард. Аммо Кунгураи Перу онро напазируфт ва ӯро аз роҳи импичмент ба далели “ноустувории ахлоқӣ” аз мансаби раёсатиҷумҳурӣ барканор кард. Фухиморӣ 5 сол дар Ҷопон зиндагӣ кард ва соли 2005 ба ватан баргашт. Хосе Карлос Угас Санчес, додситони пешин гуфтааст: “Касе ба ӯ хабар додааст, ки мардуми Перу ӯро бо ағӯши боз истиқбол хоҳанд гирифт. Ӯ ба ин бовар кард”.

Президентҳои фирорӣ чӣ ҳол доранд?


Фухиморӣ ба Чилӣ рафт, аммо раисиҷумҳури тозаинтихоби вақти Чилӣ дар тамос бо вазири умури дохилии кишвар гуфт: “Ман намехоҳам ин одам дар Чилӣ бимонад”. Моҳи ноябри соли 2005 бо дархости Перу, ки ӯро бо ришва ва нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам карда буд, боздошт шуд. Пас аз ним сол ба хотири баррасӣ шудани истирдоди ӯ ба Перу ӯро ба шарти мондан дар Чилӣ озод карданд. Моҳи сентябри соли 2007 Додгоҳи олии Чилӣ ба дархости Перу дар мавриди ба он кишвар истирдод кардани Фухиморӣ ҷавоби мустаб дод. Пас аз чандин ҷаласаи додгоҳӣ Фухиморӣ барои 25 сол равонаи зиндон шуд, ки барои раисиҷумҳури пешини 77-сола баробар ба ҳукми абад аст. Тибқи оморҳои гуногун Фухиморӣ дар тӯли ҳукумронии худ аз кишвар садҳо миллион доллар рабудааст. Ин пулҳо пайдо нашуданд.

Кейко Фухиморӣ, духтари ин раисиҷумҳури зиндонӣ ҳоло дар интихоботи раёсатиҷумҳурӣ ширкат мекунад. Тибқи иттилои ахир ӯ аз Педро Пабло Кучински, рақиби худ ҳамагӣ чанд қадам ақиб аст. Маълум аст, ки дар сурати интихоб шудани Кейко ба ҳайси раисиҷумҳур тақдири падараш рақам мехӯрад, чаро ки қонуни авфи ин кишвар дар салоҳияти нафари аввали Перу аст.

Аз сомонаи lenta.ru
Мӯҳр
ман
Мақсад аз чунин як мақола дар чи бошад???
Бача нияти бад дори!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)