Бахшҳо

Фармонҳои Президент: Шӯрои адлия барҳам хӯрду салоҳияти судҳо бештар шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 9-уми июн фармонҳо "Дар бораи барҳам додани Шӯрои адлия", Дар бораи сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди олӣ ва Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон фармонҳои Президент ба татбиқи муқаррароти наве, ки дар натиҷаи раъйпурсии умумихалкӣ бояд ба сохтори судии кишвар ворид карда шудаанд, равона гардидаанд: “Тибқи фармонҳои мазкур масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои адлия дахл доштанд, минбаъд дар доираи ислоҳоти сохторӣ мутаносибан ба зиммаи Суди олӣ ва Суди олии иқтисодӣ вогузор мегарданд. Тамоми масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти мақомоти судӣ, таъмини моддию техникии ин сохтор, таъминоти кадрӣ, бозомӯзӣ ва такмили иҳтисоси кормандони судҳо, назорати судӣ аз болои фаъолияти судҳо, ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо аз ҷониби Суди олӣ ва Суди олии иқтисодӣ амалӣ карда мешаванд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки дар назар аст, тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунгузории амалкунанда вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии судҳо ворид карда мешаванд: “Дар Тоҷикистон ҳокимияти судии мустақилу беғараз дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ нақши муҳим дорад, аз ин рӯ ба ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ аҳамияти хоса дода мешавад”.

Раъйпурсии умумихалқӣ барои тағйири Сарқонун дар Тоҷикистон 22-юми май баргузор шуд, ки тибқи иттилои КМИР ҳудуди 95 дарсади овоздиҳандаҳо ба ҷонибдории тағйирот овоз доданд.
Мӯҳр
Гумон намекунам, ки бархам додани Вазорвти Адлия ба нафъи миллату давлати Точикистон бошад!

Бо бархам додани Вазорвти Адлия рузи мо бех нахохад шуд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)