Бахшҳо

Пажуҳиши ҷаҳонӣ: Худкомагии ҳукумат, сулҳро дар Тоҷикистон осебпазир кард

Пажуҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ, мақараш дар Сиднеи Австралия, дар гузориши ҷадидаш “Шохиси ҷаҳонии сулҳ-2016” ё худ “Global Peace Index-2016” Тоҷикистонро аз рӯи устувории сулҳу амнияти шаҳрвандон миёни 163 кишвари дунё дар мақоми 122-юм қарор додааст. Дар гузориши соли гузашта Тоҷикистон дар ҷои 108-ум қарор дошт.

Пажуҳишгоҳ дар гузориши ҷадидаш, ки натиҷаи омӯзиши ҷомеашиносону иқтисоддонҳои марказҳои илмии Австралия ва ИМА мебошад, изҳор доштааст, ки миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ амнияти шаҳрвандон нисбатан назаррас дар Тоҷикистону Украина осебпазир шудааст. Дар ҳоле, ки соли гузашта Тоҷикистон аз амнтарин кишварҳои минтақа арзёбӣ мешуд, имсол ба гуфтаи гузоришгарон дар пайи афзоиши худкомагии ҳукумат, назорати низомӣ ва вазъи бади иқтисодӣ амнияти шаҳрвандон дар Тоҷикистон бадтар шудааст.

Дар раддабандии нав Молдова дар ҷои 65, Қазоқистон-75, Гурҷистон-85, Белорус-106, Туркманистон-106, Узбакистон-109, Арманистон-110, Тоҷикистон-122, Қирғизистон-124, Озарбойҷон-134, Русия-151 ва Украина зинаи 156-умро гирифтаанд. Соли гузашта Қазоқистон дар ҷойи 87, Туркманистон - 106, Узбакистон -113 ва Қирғизистон дар мақоми 121 –ум қарор доштанд.

Кишварҳои Исландия, Дания ва Австрия дар садри ин раддабандӣ ва Сурия, Судони Ҷанубию Ироқ дар охири он ҷой гирифтаанд.

Пажуҳишгоҳи иқтисоду сулҳи Австралия мегӯяд, ин раддабандӣ бо назардошти 23 нишондод, аз ҷумла сатҳи зӯроварӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар, муносибат бо кишварҳои ҳамсоя, шумораи фавтидагон дар ҷангҳои берунӣ, шумораи гурезаҳо, сатҳи ҷинояткориҳои вазнин, имкони сар задани амалиёти терористӣ, содироту воридоти намудҳои муқарарии аслиҳа, хароҷоти ҳарбӣ, миқдори қувваҳои мусаллаҳ, миқдори милисаҳо нисбати аҳолии кишвар, фоизи маҳбусон, шумораи хориҷиёни дар кишвар ҳалокшуда, сатҳи саводнокӣ ва пайравӣ аз меъёрҳои демократия дар сиёсат таҳия гардидааст.
Мӯҳр
Дуруст кайд шудааст. Солхои охир дар давлати Точикистон ягон химояи хукуки инсон намондааст. Хамма хукукхои моро поймол карда ва мардумро мисли рамаи гусфанд истифода мебаранд. Хатто барои хифзи хукуку нафси мардум кушише ба харч намедихад. Тамоми идорахои давлати бо суду прокуратура ва милисаю амният хукукхои як грух, элитаи давлатиро химоя мекунаду халос. Ягон дархосту шикояти мардум ба назар гирифта намешавад. Агар гирифта шавад, низ бо алокамандии фоида ба назар гирифта мешавад. Солхои охир факат мондааст, ки директори мактабро маориф интихоб мекунад, хаминам гайри лицейхо. Мондагиашро факат призидент интихоб мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)