Бахшҳо

Ширкати навтаъсисе табобатгоҳи “Шоҳамбарӣ”-ро харид

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегӯяд, табобатгоҳи “Шоҳамбарӣ” аз миёни ду довталаб ба ширкати “Рӯҳафзо-2015” фурӯхта шудааст.

Манобеи “Озодагон” бо тасдиқи ин иттилоъ аз ифшои соҳиби ширкат ва нархи фурӯш худдорӣ карданд.

Бар асоси эълони музоядае, ки Кумитаи сармоягузорӣ аввали баҳори соли равон дар мавриди фурӯши “Шоҳамбарӣ” нашр кард, маблағи муқаддамотӣ барои хариди ин табобатгоҳ 3,1 миллион сомонӣ муқаррар гардида буд.

Ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ, соҳиби нави табобатгоҳ муваззаф аст, ки давоми се сол онро бозсозӣ карда, фоидаовар бигардонад.

Ҳамчуннин соҳиби нав вазифадор шудааст, 530 ҳазор қарзи ин табобатгоҳро пардохт кунад ва дар давоми 10 сол барои рушди он на камтар аз 10 миллион сомонӣ масраф намояд.

Ҳамчунин ин ниҳод дар пеши соҳиби нави “Шоҳамбарӣ” шарт гузоштааст, ки дар муддати 3 сол мутаносибан фоидаи онро то 7 млн сомонӣ бирасонад, зеро дар соли 2014 даромади ин табобатгоҳ ҳамагӣ 1,5 млн сомониро ташкил додааст, ки аз ин миқдор фоидаи соф ҳамагӣ 76 ҳазор сомонӣ будааст. Инчунин коргарони доимиро бояд то 200 нафар бирасонанд, ки дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 60 нафар будаанд.

“Шоҳамбарӣ” дар солҳои соҳибистиқлолӣ, то соли 2008 хусусӣ буд, вале давлат онро дубора моликияти худ эълон кард.
Мӯҳр
Ана аз кадом хисоб маъошу нафакаи мардумро зиёд карданиянд. шармандаги!!!! хукумат бо чунин кудрати бузурге,ки борад натавонист шохамбариро обод карда вале аз сохибмулке,ки мехарад шохамбариро чи чизхо такозо доранд.
хама моликияти давлатро фурухтанд!!! дар ТЧ факат як заводи алюминий мондаасту халос. хамаро хомталош карданд.

адл
Хуб шуд, ки фурухта шуд. ягон шароити хуб надошт. лекин кумитаи сармоягузори ин кадар сахт нагиред сохибкорро.

Фурушед пулдорхо зиёданд махсус Хучандихо Айнигихо.Бигузор обод карда фоида гиранд.Аз хамин хисобхо хам маош баланд шавад боз бехтарин.

Ман танхо як суол дорам:
Ин Кодири Косим Раиси сармоягузори инсоф дорад е не?
Охир наход курорти бузурги машхури чахонро бо нархи ночиз ба як ширкати навтаьсиси шогирди худ фуруши?
Насридин Давлатуф раиси шуьбаи хусусигардонии кумита инро харидааст ва хазинадор е кошелеки косимов ба хисоб мерава.
Очонсии зидди фасод илтимос нисбати ин афрод кор кунетон.

мусофир
Бояд иншохотхои давлатий , ки дар давраи шурави сохта шудааст ..ба фуруш гузошта нашавад ....

Барои харидори кардани иншоти давлати аз госкомимущество бояд хонаву даратро фуруши баьд ба ин корхона рави, зеро шогирдхои мухтарам Кодири Косим хунатро мемаканд ва то гуфтаги маблагашонро наори коратро буд нахоханд кард!

Ман боре аз руи эьлон ба ин кумитаи амвол барои хариди детсадик рафтам. Эй бародархо ин кормандони кумита махсусан давлатов насридин ки мудири шуба будаст як суме гуфт, ки хонаатро дар сарат мегири.
Интересно ин ширкати бечора барои шохамбари чанд кадар шапка дода бошад?

Дар гирди рохбар ва кормандони масьули кумитаи амволи давлати вобаста ба кирдорхои коррупсиони гапу чап зиед аст.
Окибати корашон ба хайр ва сохиби шохамбариро табрик!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)