Бахшҳо
14 июн 2016 10:12Тоҷикистон / Тема дня

Фарҳод дар бораи ишқи нокомаш бо Моҳгул: Иҷозат намедоданд, ки якҷо бошем (ВИДЕО)

Фарҳод Рустамов, ки якҷо бо амакдухтари дӯстдоштааш Моҳгул қасди худкушӣ кард, мегӯяд, якдигарро сахт дӯст медоштанд ва медонистанд барои якҷо шудани онҳо ҳеч гоҳ иҷозат нахоҳанд дод.

Фарҳод, ки 10 рӯз пеш аз қасди худкушӣ аз муҳоҷирати Русия омадааст, баъди ҷавоби радди волидони духтар субҳи 7-уми июн якҷо бо дӯстдоштааш қасди худкушӣ намудааст. Волидони Фарҳод дар суҳбат бо “Настояшее время” изҳор доштаанд, ки феълан Фарҳод аз марги Моҳгул хабар надорад ва метарсанд, ки баъди огоҳӣ ӯ боз қасди худкушӣ хоҳад кард.

Гузориши видеоӣ дар бораи ҷузъиёти ишқи нокоми Моҳгул ва Фарҳод:



Қаблан мақомоти ноҳияи Дӯстӣ, собиқ Ҷиликул ба “Озодагон” гуфтанд, ду дилдода-Моҳгул ва Фарҳод, ки амакзодаҳо мебошанд, баъди радди издивоҷашон ба далели манъи никоҳи хешу таборӣ қасди худкушӣ кардаанд.

Рузигул Рустамова, раиси бахши занони ноҳияи мазкур 10 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин ҷуфт писару духтари амак будаанд: “Вақте хонаводаи ҷавон барои хостгорӣ ба хонаи духтар мераванд, ҷавоби рад мегиранд. Волидони духтар мегӯянд, тибқи қонун никоҳи хешутаборӣ манъ аст ва ба хостгорон ҷавоби рад медиҳанд. Ин ду нафар аз сабукӣ ва беақлӣ даст ба худкушӣ мезананд. Мо миёни мардум никоҳи хешутаборӣ манъ гуфта, фаҳмондадиҳиҳо мегузаронем”.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ Фарҳоди 20-сола ва Моҳгули 16-сола тахминан соати 07:30-и рӯзи 7 июн бо нишони эътироз алайҳи радди издивоҷашон болои теппаҳои деҳаи Умеди ноҳияи Дӯстӣ баромада, даст ба даст худро аз ҷарии 100 метрӣ поин партофтаанд: “Дар натиҷа духтари ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ҷавони 20-сола бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ дар беморхона, бистарӣ гаштааст”. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, волидон издивоҷи ин ду навҷавонро ба делели ноболиғ будани духтар рад кардаанд.
Ин қазия дар ҳолест, ки муқаррарот дар бораи манъи никоҳи хешутаборӣ расман аз 1-уми июли соли равон мавриди амал қарор мегирад.
Мӯҳр
Ҷоми
Ҳоло қонун ба иҷро надаромада инҳо чанд моҳ пеш никоҳи хешутабориро манъ кардаанд.

мухочир
наход барои як духтар худро аз чари партоят ин бача ахмак будааст

Гунг.Метро.Нева
Фарход,аклатро гум кардаи!Наход ба духтари амаки худ ошик шави,охир вай хохарат мешавад.Ошикии дуругин чи лозим.Вакте ки он духтари худорахмати ру ба руят бо чехраи кушода меомад,намедонисти,ки у хамчун хохарат ба истикболат меояд.Дар чавони чехраи хар як духтар,психологияи рухии чавонмардонро такон медихад.Яьне ин ишк не,балки як лоихаи хаелии хиссиет аст,ки чисми нафиси уро барои хостан...маьзарат...конеьи шавхат,даркашидан аст.Барои хамин худо ба инсон акл додааст,шариат мулохизакориву андеша ва покии нияту имонро тпвсия дода асту талаб месозад.Харчанд,ки халкхои славяни,масехихо,аз дини мо дуранд,лекин чунин рафторхо намекунанд.Хатто хешони дур хам,ки бошанд,аз доираи ишку мухаббат дури мечуянду ин мархилахоро кабул менамоянд.Ишку мухаббат,дар он холатхое сабзиш мебад,ки духтару чавон е муддатхое бо хам якчоя кор мекунанд,е якчоя тахсил менамоянд,е бо сабабхое тез тез вомехуранд.Шумо чи? Солхои дароз дар мухочират...яку якбора омада....ошик шудан..боз ба духтари амаки худ?Не ..не Фарход ин ишк набуд,ин чиноят буд,бехудои буду беандешаги.Рухи кави надошти,..дар дехахо хазорон духтарони зебо буданд,аз хуни авлодиат дуртар,ба духтари амакат тез ошик шуди,..чаро ба онхо не?Кодир набуди е шитоб карди?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)