Бахшҳо

Тафсилоти бештари мулоқоти Нуриддин Саид бо масъулони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 15-уми июн тафсилоти бештари мулоқоти Нуриддин Саид бо масъулони Бунёди Оқохон ва Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар ихтиёри “Озодагон” гузошт.

Тибқи иттилоияи ин ниҳод Нуриддин Саид, вазири маориф аввали ҳафтаи равон дар мулоқот бо Шамс Кассим Лакха, раиси Шӯрои иҷроияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Музаффар Ҷорубов, директори шуъбаи апператсионии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Латофат Зуҳурова, менеҷери Ташкилоти Оқохон оид ба рушд дар Тоҷикистон ва Давлатқадам Хушқадамов, намояндаи ин ташкилот дар бораи фаъолияти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ба иттилои манбаъ Шамс Кассим Лакха қайд намуд, ки соли ҷорӣ барои 72 нафар донишҷӯ дар Донишгоҳи Осиёи Марказии Норини Ҷумҳурии Қирғизистон ҷой ҷудо шудааст, ки алъон 160 нафар ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд.

Нуриддин Саид дар мулоқот таъкид кардааст, донишҷӯён ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ифтитоҳ меёбад, танҳо пас аз расман ба фаъолият шурӯъ намудани донишгоҳ метавонанд ҳуҷҷат супоранд: “Қабл аз қабули донишҷӯён бояд сохтмони биноҳои таълимӣ пурра ба анҷом расонида шуда, донишгоҳ аз санҷиши комиссияи ҳукуматӣ ва Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф гузарад”.

Нуриддин Саид ҳамчунин иброз доштааст, “донишгоҳро зарур аст, ки донишҷӯёнро танҳо дар риштаҳое қабул намояд, ки ба талаботи бозори меҳнати Тоҷикистон ҷавобгӯ бошанд”. Вазири маориф афзудааст, “донишҷӯёне, ки ба Донишгоҳи Осиёи Марказии Норини Ҷумҳурии Қирғизистон қабул мегарданд, тибқи қонунгузории амалкунанда ҳуқуқи аз курси дуюм идома додани таҳсилро дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ВМКБ надоранд. Аз ин рӯ, таҳсилро дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расонида соҳиби шаҳодатномаи ҳамон донишгоҳ мегарданд”.

Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳоло корҳои сохтмонии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон идома дошта, он пас аз қабули комиссияи ҳукуматӣ, гирифтани иҷозатномаи пешбурди фаъолият (литсензия) ва шинохти давлатӣ (аккредитатсия)-и Тоҷикистон аз соли 2017 ба фаъолият шурӯъ менамояд.

Дар иттилоияи расмии қаблӣ, ки хабаргузории давлатии “Ховар” 14-уми июн аз мулоқоти вазир бо масъулини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ нашр кард, Нуриддин Саид таъкид намуда буд, ки тамоми талошҳо бояд равона шаванд, то Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ ҳарчи зудтар ба фаъолият оғоз кунад.

Дар иттилоияи қаблӣ аз қавли мудирияти ДОМ омадааст, ки ки то шурӯи фаъолияти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон донишҷӯён таҳсили худро дар Қирғизистон идома медиҳанд.

Инчунин Нуридин Саид дар хитоб ба намояндагони Бунёди Оқохон таъкид намудааст, ки дар баробари шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, Афғонистону Покистон, шаҳрвандони Тоҷикистон, на танҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, балки аз тамоми ҷумҳурӣ ба ДОМ қабул карда шаванд.

Тафсилоти бештари мулоқоти Нуриддин Саид бо масъулони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ


Марҳилаи аввали ДОМ дар Хоруғ дар назар аст, ки моҳи сентябри соли 2017 ба истифода дода шавад. Сармояи умумии сохтмони “ДОМ” дар Хоруғ 94.4 миллион доллар гуфта шудааст, ки 64,4 миллион доллари онро Ташкилоти Оқохон оид ба рушд ва 30 миллиони дигарро Корпоратсияи сармоягузории хусусии хориҷӣ, (КСХХ), муассисаи рушди молиявии Ҳукумати ИМА медиҳанд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) соли 2000 таъсис шуда, раисиҷумҳурони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Шаҳзода Оқохони 4 зери “Шартномаи байналмилалии муассисон ва Низомномаи Донишгоҳи хусусӣ-дунявӣ” имзо гузоштанд. Ин санад аз ҷониби парлумонҳои ин кишварҳо ба тасвиб расида, дар Созмони Милали Муттаҳид ба қайд гирифта шудаст. Ифтитоҳи бахши “ДОМ” дар Нарини Қирғизистон сентябри соли 2016 ва дар Қазоқистон соли 2019 дар назар аст.

“Омӯзиши замину муҳит” ва “Иқтисодиёт” риштаҳои аввалини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар дар бинои шаҳри Хоруғ мебошанд, ки донишҷӯёнро соҳиби дараҷаи бакалавриат мекунад.

Мӯҳр
Вазир дуруст қайд кардааст, аз вилояти Хатлону Суғд бисёр қабул кунанд. Як давлати хурдему то ба ҳол донишгоҳи олиро хатм карда, якбор аз ВМКБ дидан накардем. Бигузор ки конференсияву чорабиниҳо байни муассисаҳо зуд-зуд шаваду аз ҳар шаҳру ноҳияҳои мамлакат донишҷуён дар донишгоҳҳои ВМКБ иштирок кунанд, то ки забони модарӣ ҳам густурда шавад...

Ба муалифи ин макола- шумо барин журналисто дар байни мардум махагароиро авч медихед. Вазир гуфтааст ки " на танхо аз ВМКБ. Вале сарлавхаи маколаи шумо тамоман дигар мафхумро медихад. Ин лоики журналист нест

Виркан
Ачиб гапхо, боз хамон тарки одат амри махол будааст-еее: приемная комиссия по заказу и по списку???
Охир дар ин чо шартхои кабул дигар аст: ИНТИХОБИ худи довталаб ва ДОНИШИ онхо. Дар ин маврид чунин гапхоро гуфтан, дахолати руирост ва мусоидат ба коррупсия аст.

Хонанда
Озодагон хич нафахмидем шумора. Меген Ховар дигарчи гуфту худатон дигарчи мегуен. Хабари Ховар 14-ум не 15-ум аст. Дуюм ин ки хамон хабари Ховара гирифта аз номи худатон чоп кардед бо иловахо кисми аввали хабари шумою Ховар айнан як чиз аст ку шумо аз Ховар гирифтен ё Ховар аз шумо?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)