Бахшҳо

Номаи Зоиров ба Президент: Аз танишҳои дохилӣ то раҳоии маҳбусону бозгашти Ваҳдат

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо навиштани як нома унвони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, кишвар шадидан ба коҳиш додани танишҳои геополитикӣ ва дохилӣ ниёз дорад.

Ҷаноби Зойиров дар номааш гуфтааст, Тоҷикистон махсусан дар арсаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва идеологӣ дар ҳолати дарҳамбарҳамӣ қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ ҷомеаи Тоҷикистон ба ду урдугоҳ тақсим шудааст, ки яке “мушт ба сина мезанад ва ба таъриф машғул аст. Тарафи дигар худашро аз гуноҳ дур мегирад. Рӯйдодҳои 2 соли ахир ҳам дар саҳнаи дохилӣ ва ҳам хориҷӣ гувоҳи ин гуфтаҳост.”

Раиси ҲСДТ гуфтааст, Тоҷикистон ҳудуди 25 сол ба ҳайси як кишвари мустақил ва соҳибихиёр аст ва “дастоварди асосии Тоҷикистон тӯли ҳамин солҳо, будуни шак, ваҳдати миллӣ буд, ки аз он ифтихор доштем ва ҳоло наздики як сол аст, ки вуҷуд надорад”.

Бо зикри ин нукта Зойиров таъкид кардааст, “ин ҷашнро бояд дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои созанда ба мардуми Тоҷикистон баргардонд”.

Ӯ дар идомаи номааш навиштааст: “Мушкили аслии кишвар ин аст, ки низоми ҳокимият дар Тоҷикистон тоталитарӣ шудааст. Усули фаъолияти он вобаста кардани манофеи ҷомеа ва шахс ба манфиатҳои ҳокимияти давлат аст. Тоҷикистон қонунан кишвари идеологӣ шудааст, ки дар чаҳорчӯби Қонуни асосӣ пазируфтанӣ нест”.

Раҳматилло Зойиров бо ишора ба таҷрибаи ҷаҳонӣ афзудааст, авлавияти идеология барои давлат маънии аз байн бурдани касбият ва шоистагии кормандони давлат мебошад. Ба ин тартиб, ба гуфтаи Зойиров коҳиш додани танишҳои геополитикӣ ва сиёсати дохилӣ аз нигоҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва равонӣ ҳам ногузир аст.

Зойиров дар бахши дигаре аз номаи худ ба Президент ба масъалаи иқтисодӣ пардохта навиштааст: “Агар дар Русия коршиносон бихоҳанд Путинро барои зарурати таҳрики иқтисодиёт муътақид кунанд, дар Тоҷикистон ин чиз ба се сабаб номумкин аст. Аввал худи иқтисод вуҷуд надорад, дуюм механизми таҳрик додани иқтисод фароҳам нест ва сеюм бидуни ислоҳи куллии сохтори иқтисоди феълӣ, ин чиз ғайри қобили қабул аст”.

Раиси ҲСДТ барои тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон фароҳам кардани шароит барои маблағгузориро зарур хондааст. Гуфтаи ӯ барои ин пеш аз ҳама бояд танишҳои геополитикӣ ва дохилӣ коҳиш дода шаванд: “Тоҷикистон аз ҷиҳати фанноварӣ ақибмонда аст ва оддитарин рақобати солим вуҷуд надорад”.

Дар ҳамин ҳол Зойиров пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро зарур медонад, ки ба гуфтаи ӯ “ба воситаи он имкони дастёбӣ ба занҷираи технологии ҷаҳонӣ имконпазир аст.”

Ба бовари Раҳматилло Зойиров, ҷоҳталабиҳои раисиҷумҳур ва тамаллуқи мансабдорон ба мутамаркиз шудани ҳамаи ҳокимияти давлат дар шахсияти Президент оварда расонидааст: “Бинобар ин аз бархе аз салоҳиятҳои худ даст кашед ва худатон мӯътақид мешавед, ки фавран дар кишвар кор, дақиқтар тавозун дар ваҳдат ва таҷзияи ҳокимият пайдо мешавад”.

Раҳбари ҲСДТ дар поёни номааш ба масъалаи Ваҳдати миллӣ пардохта гуфтааст, ки барои “ҳадя кардани сулҳ ва итминон омодагӣ, шаффофият ва башардӯстӣ лозим аст. Барои ҳамин пешниҳод мекунам, ки Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Шуҳрат Қудратов ва раҳбарону фаъолони ҲНИТ-ро, ки шахсан ба ҷинояти хушунатомез даст назадаанд, ба маносибати 25 солагии Истиқлолияти кишвар озод кунед”.
Мӯҳр
Матин
Огои Зоиров..модом ки аз демократия сухан меронед..ман хам аз демократия..так вот номаькул кади хамаи ашхоси гуфтаат аз руи конуни ЧТ ба махкама кашида шудаанд.дар асоси чорчубаи конун!!!!Так что ай пайи зиндагият шав.бас будагист..

Сарбоз
Матин,
Бародари азиз матин хохиш мекунам аз хаво гап назан, Агар хакикатро гуфта натавони хомуши бех. Зоиров шахсияти шинохтаи кишвар аст. дар мактубаш бисрёр тахлили хуб кардаст, Хами гуфтахош дурустан. офарин Зоиров....

Кудратманд
Эй хонанда! Агар Ба Худо боварат бошад, пас хама кор бо хости Уст. Аз бандагони рохбарат хафа нашав! Ё не??

мехмон
Албатта бахшидан кори чавонмард хаст! Бигузор гуфтаи шумо шавад. Хама тараф гунох доранд. Икрор шаванду аз паи зиндаги карданд.

Самандаркулихон
Ба хамин Зоиров гапзанй намезебад. Министри бепортфел мегун-ку!. Хай у нахзатихо якта-нимта аъзо доштан, ту чй дорй? Айб аст ба умеди кй шуда гап мезанй?

Чаноби Рахматулло Зохиров нафарони дар боло зикршудаю рохбарону фаъолони ХНИТ, дар асоси конуни ЧТ айб эълон кардашудаанд... Чакашон нашен ки онхо нав чошона ёфтагииии

Муҳоҷир
Ин санҷише аст болои миллат пас собир бошед зеро Худост бо собирон

Рафикони азизе, ки дар боло назаратонро навиштед, аз Шумо хохиш мекунам агар наметавонед тахлили сиёси бикунед, бехтар аст хомуширо авлотар бидонед. Ба хар сурат Зоиров олим аст ва метавонад бехтар аз хар яки шумо тахлил бикунад ва раванди сиёсиро бехтар аз Шумо мефахмад.
Зиндагии мардуми чабркашидаи точик на танхо дар дохили кишвар балки берун аз он хам мушкил шудааст, агар мо даст ба дасти хам надихем пагох миллати точик аз харитаи чахон пок мешавад. Бо акли солим бояд тахлил кард.Аз ту бародари азиз Матин хохиш мекунам камтар адаб омуз ва сухан санчида бигу чун гуфтаанд " пистаи бемагз агар лаб во кунад расво шавад"

Самандаркулихон,
Зоиров сиёсатмадор ва яке аз юристхои шинохтаи ватанамон аст !
Ин мардак ончи камбудие хаст мардона гуфта истодааст .(мезебад ё намезебад) ин суханони бемантикатро худатхам сарфахмашро ба фикрам намерави...
Ба фикрам инчо мавзуъ интихоби (Маликаи сол) нестку. Зоиров инчунин хамаи мову шумоён хакки андешарониву аз камбудихо хотирасонкуниву норозигиву розигии баён карданро дорем! (Самандаркулухон)...

Сотсиал-Демократ
Шери наррр!
Зебандаи президент мебошад чаноби Зойиров!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)