Бахшҳо

Ҳимояти ёвари муфтии Миср аз иқдоми ҳукумат алайҳи ҲНИТ

Абу Ҳасани Азҳарӣ, ёвари муфтии Миср дар як матлаб аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон алайҳи Ҳизби мамнӯшудаи наҳзати исломӣ пуштибонӣ кардааст.

Дар ин матлаб, ки онро хабаргузории давлатии "Ховар" нашр кардааст, Азҳарӣ ҲНИТ-ро ҷузъе аз “Ихвон-ул-муслимин” хондааст, ки ногузир бояд пароканда мешуд. Ба таъкиди ӯ, “Тоҷикистоне, ки бо ёрону дӯстони Худованд ҳифз гардидааст, аз пасомадҳои нохуши ин гурӯҳ, ки худро “Ҳизби Наҳзат” номгузорӣ намуда буданд, эмин ёфт. Ин гурӯҳ бо сардории Муҳиддин Кабирӣ, андешаҳои донишмандони дигарро қабул надоштанд ва ҳамчунин барои хеш муфтӣ таъйин намуда буданд. Аз навиштаҷот ва китобҳои онҳо бармеомад, ки онҳо аз ақида ва асосҳои “Ихвон-ул-муслимин” пуштибонӣ мекунанд”.

Ёвари муфтии Миср дар идома навишта, гуруҳи “Ихвон-ул-муслимин” дар Миср ва ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон пора-пора гашт, вале Ислом боқӣ монд, зеро онҳо сохтаи душманони Худо буданд: “Ҳамчунон ман шукр мекунам Худовандро, ки гурӯҳи “Ваҳҳобия”-и салафӣ имрӯзҳо дар Тоҷикистон гурӯҳи мамнуъ эълон гаштааст”.

Абу Ҳасани Азҳарӣ ба ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим дар моҳи сентябри соли 2015 низ ишора карда, гуфтааст, “Худованд онҳоро баъд аз хунрезиҳое, ки дар он 14 нафар аз афроди низомӣ ба ҳалокат расид, дигарбора комёб нахоҳад кард. Фарзандони он нафарони низомӣ ятим шуданд, ҳамсаронашон бева монданд, ашки гарони модаронашон рехт ва болои корхонаҳо ҳамла намуданд… пас суоле ба миён меояд: Оё ин аст Ислом? Ин корро Пайғамбари Худо ба кофирҳои Макка раво надошт, пас чӣ гуна болои мусалмонҳое, ки шаҳодати тавҳидро мегӯянд, ин амали зиштро раво доштанд. Хотиррасон мекунам, ки онҳо гӯё бар зидди давлати кофир ҳуҷум намуданд. Пас аз он ки бар зидди кишвар ҷангиданд, мамлакатро хароб карданд ва аз Ислом суиистифода намуданд, Худованд онҳоро хору залил намуд. Маблағҳои пулию молии воридгашта ва аслиҳаи барзиёди онҳо аз кадом сарчашма барояшон дастрас мегашт?!!! Аз ин рӯ воҷиби Ҳукумат аст, то барои пешгирии чунин ҳизбу гурӯҳҳо фаъол бошад”.
Мӯҳр
Зафар
Мухидини кабири бозичаи дасти дигарон хаст ва барои ичрои супоришхои онхо ватану динашро фурухт,

саид
ДАР СУРИЯ ИРОК ВА ЛИБИ ХАМ КАЛИМАИ ШАХОДАТРО ДУ ТАРАФ БА ЗАБОН МЕОРАНД. ХУБ МЕШУД АГАР НИСБАТИ ХАМСОЯКИШВАРХОИ ХУД ИЗХОРИ НАЗАР МЕКАРД.

Юсуфи-Хакчу
Абу Ҳасани Азҳарӣ ! Бовар надоштам ки евари Муфтии Мисри бузург хам чунин доираи мафкураи чахоншиносии Исломи ва чомеа шиносии махдуду кутох ва зудбовар дошта бошад

Ин муфтихо хамаш яканд. Бояд сафедро сиёх хонанд то хукуматдорно хафа нашаванд. Ин касе аст, ки инкилоби сисиро ки хазорон одам кушт дуруст медонад, ва ихвонихо, ки бо интихобот омадан нодуруст. Нахзат кучову ихвон кчо акалан ягон гапи реални мегуфт!

Ин монанди евари Саидмукарам будааст.

Ин фикри пучи Абуазхари Хасани сари худшона хурда буд!

Абу ҳасани Сиссӣ аст агар берун аз ормони диктатур гап занад мисли м.салафӣ сарнавишташ мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)