Тирхӯрии ҷавони тоҷики муттаҳам дар қатли ду моҳигир
Маъмурини пулиси Маскав як ҷавони 24-солаи тоҷикро, ки дар қатли ду моҳигир муттаҳам мешавад, парондаанд.
Тавре Ирина Волк, намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Русия бо нашри як иттилоия гуфтааст, субҳи имрӯз, 17-уми июн дар соҳили ҳавзҳои Барски шаҳри Фрязинои назди Маскав ҷасади ду моҳигир бо захми корд дар қисми гардан пайдо карда шуд: “Давоми се соат маъмурини пулис нафари муттаҳам дар содир кардани ин ҷиноят-шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1992-ро муайян карданд. Ҳангоми амалиёти боздошт муттаҳам бо корд ба пулис муқовимат нишон дод ва дар натиҷа маъмурини пулис ба қисми пой ва дасти ӯ тир холӣ кардаанд. Айни ҳол айбдоршаванда дар беморхона бистарист”.
Манбаъ гуфтааст, барои истифодаи силоҳ тафтишот таъин шудааст: “Инчунин тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ҳодисаи куштор ва амалиёт барои муайян кардани ҷузъиёти ҳодиса идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |