Бахшҳо
21 июн 2016 08:46Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Нигаронии Давлатзода аз пинҳонкорӣ дар “НФС”-ҳо: “Калонка”-ю зарфҳоро муҳр занед!

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, давоми се моҳи охир барои ҷилавгирӣ аз пинҳонкунии андозҳо ва дарёфти даромади иловагӣ барои давлат бори дуюм супориш додааст, ки тамоми ҳисобкунакҳои фурӯши сӯзишворӣ муҳрбандӣ шаванд.

Тибқи дастури такрории Давлатзода, ки нусхаи он дастраси “Озодагон” шуд, мақомоти маҳаллии андоз вазифадоранд, нишондиҳандаи ҳисобкунакҳои нуқтаҳои сӯзишвориро ҳар моҳ қайд кунанд ва онро муҳр зананд. Раиси Кумитаи андоз аз он изҳори нигаронӣ кардааст, супорише, ки моҳи март дар ин маврид содир кард, аз ҷониби тобеин пурра иҷро нагардидааст: “Танҳо мақомоти андози шаҳри Душанбе ва қисман навоҳии вилояти Суғд ин супоришро иҷро карданд. Масъулини андози вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ нисбат ба ин масъала хунукназарӣ намуданд”.

Раиси Кумитаи андоз таъкид намудааст, ки дар аксари навоҳии кишвар сӯзишворӣ бидуни ҳисобкунак ва қайди мақомоти андоз бо зарфҳои гуногун фурӯхта мешавад: “Тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки ҳисобкунак надоранд, вазифадор карда мешаванд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ҳисобкунак насб намоянд. Дар сурати иҷро накардани ин талаботи қонунии мансабдори мақомоти андоз масъулини НФС ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд”.

Дар мавриди онҳое, ки вобаста ба имконияти техникӣ ва норасоии барқ дар ноҳияҳои дурдаст сӯзишвориро бо зарфҳо мефурӯшанд, Давлатзода супориш додааст, ки сӯзишвории дохили зарфҳои калон ҳисоб карда шавад ва муҳрбандӣ гардад: “Ҳар бори пур кардани зарфҳо ба сарпӯши он бо тартиб додани санад муҳри нав гузошта шавад”.

Давлатзода сардорони раёсатҳои андози шаҳри Душанбе ва вилоятҳоро бори дигар огоҳ ва муваззаф кардааст, ки барои муҳргузорӣ ва таҳлили ҳисоботи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ шахсони масъулро таъин кунанду ҳар моҳ ба Кумита ҳисобот пешниҳод намоянд.
Мӯҳр
Сохибкор аз хисор
Ин фармони раис боз барои бесохибонаст Фроз ва Точирон ки моли Умарали буд авлод аз худ кард хеч гох мухр нахохан зад чунки вае сохиб доран.

nomdor
заправкахои кади кучахои шахр чи хел мешавад??? умуман дар баклашкаву бочкачахо фурухтан мумкин аст??

Чаро дар бораи нарху наво касе сухан намегуяд ки арзиши газ ё бензини газпром аз дигархо ба маротиб фарк мекунад ва касе ин масаларо намебинад..хоханд баланд карда мефурушанд хоханд ва кадом макомоте асло лаб намекушояд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)