Бахшҳо
23 июн 2016 14:14Тоҷикистон / Тема дня

Паёми ҷашнии А.Шодӣ аз Хоруғ: Дуруд Самарқанду Бухороро

Афзалшоҳ Шодӣ, овозхони маъруфи тоҷик, ки барои иштирок дар ҷашни Ваҳдат дар шаҳри Хоруғ қарор дорад, бо нашри як паём мардуми Тоҷикистонро бо ин рӯзи фархунда табрик гуфтааст.

Дар паёми Афзалшоҳ Шодӣ аз Хоруғ, ки хабаргузории “Ховар” нашр кардааст, таъкид шудааст, ки Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз он сафар то ин сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон боз ҳам ободтару дилписандтар гаштааст: “Тоҷикистони соҳибистиқлол- ин на танҳо Бадахшон, Хатлон, Суғд, Рашту Ҳисор аст, ин роҳҳову пулҳои нав, неругоҳҳои нави барқӣ, биноҳои нави замонавӣ, сафоратхонаҳои кишварамон дар соири кишварҳои дунё, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар давлатҳои мухталифи ҷаҳон, таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар гимназияву мактабҳои нави Президентии кишвар, бунёди мактабҳову бемористонҳои замонавӣ, ҷорӣ шудани технологияи ҷадид дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, қадамҳои устувор ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва умуман амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон низ ҳаст”.

Афзалшоҳ Шодӣ таъкид намудааст, ки “рамзи асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол ин Сарвари дурандеш, марди пуртамкин, дилсоф, сиёсатмадори сатҳи олииҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки воқеан ифтихори мо, мардуми Тоҷикистон мебошанд. Мо имрӯзҳо шоҳиди онем, ки сокинони Бадахшон чи қадар муштоқи дидор бо Ҷаноби Олӣ ҳастанд ва ба ин мулоқот бо тамоми ихлосу муҳаббат омодогӣ мебинанд”.

Дар охири паём овозхони маъруф таманниёташро ба мардуми Тоҷикистон дар шакли назм ироа кардааст:

ТАМАННО

Ба дунё тинҷӣ мехоҳам,
Ба мардум сарбаландиҳо.
Ба модар қиблаи уммед,
Ба ошиқ сабри беҳамто.

Саводе бесаводонро,
Навое бенавоёнро.
Занонро шарми мардона,
Ва имон марди шайтонро.

Заминро файзу эҳсоне,
Кушоишро ба деҳқонон.
Ба ташна оби дарёро,
Ба гушна порае аз нон.

Ба тоҷик бахти фардоро,
Ба миллат ганҷи дороро.
Худовандо, дуруд аз мо
Самарқанду Бухороро!

Муҳаббат бар Ватан-модар,
Садоқат бар ҳамин кишвар.
Дили пурмеҳри инсонӣ,
Барои халқи ин кишвар.

Сарояд Ҳоҷӣ Афзалшоҳ,
Суруди миллати хушфар.
Мӯҳр
Фидокор
Э марди замонасоз, аз ин мард бояд эхтиёт намуд...

Гунг.Метро.
Афзалшо бародар барои украинихову суриягихо,барои курдхои сурия хай гиристи...Вале ягон шоири украину рус,шоири курду овозхони курдиши,намехонад,на менависад шеьре,на месарояду на мегиряд?
Бие аку аз инча у тараф барои худи миллати худамон бигирьем..
Як тараф парканда миллат,
Як тараф афканда миллат,
Як тараф дар чангу мотам,
Як тараф дар хабс миллат.
Як тараф доим мухочир,
Як тараф дар доду дар гир,
Як тараф дар холи зор аст,
Як тараф дар холу тадбир.
Як тараф кури худо шуд,
Як тараф аз дин чудо шуд,
Як тараф андар гадои,
Умри ширинаш адо шуд.
Як тараф дар холи масти,
Чумлае дар гору пасти,
Як тараф тарсу ба зиллат,
Як тараф доро ба иллат,
Як тараф дар холати чон,
Як тараф дар зулми миллат.
Вахдати милли чи лозим,
Мо хама точик набуда?
Е махалбози кунему,вахдати милли рабуда?
Як тараф пур оху нола,
Як тараф ашкеву вола,
Як тараф ракси бару тан,
Зумрае дар еди механ.
Як тарафро тухм пошанд,
Точик асло,ки набошад,
Як тараф хурсанду пурбазм,
Точик бошад е набошад.
То ба кай ин худфиреби,
То ба кай ин фитнабози,
То ба кай подшохпарасти,
То ба кай сахнабози?
Бар Самарканд дар ниезем,
Лек агарчи чора созем,
Бар Бухоро дар гудозем,
Лек худ бечора созем.
Тарсам охир хофизи халк,
Овозам дар тангии халк,
Боз хеш овора созем,
Миллати хеш пора созем,
Миллати хеш пора созем.
Ай худое гунгии ман бехтар аст,
Ин дилам дар тангии тан бехтар аст.
Вахдати милли барои турфае????
Баьд аз ин,мурдани ман бехтар аст!!!!!

Садри
Ин мард аз забонаш намонад. Филармонияро ба замин нишонд. Хеч кас намепурсад, ки дар ФДТ чи гап хаст?

Душанбе
"Занонро шарми мардона," Бехтарин мисра.

Душанбе,
Мардонро шарми занона мегуфтетон чолибтар мешуд

Ман
Офарин шер нари Точик фарзанди хакикии ин миллат туи Афзалшох номи ту ба неки дар таьрихи точикон хохад монФидокор,

Махина.Душанбе
вап,
Ба Гунги метро хам ахсант,шеьри навиштааш,вазну кофияаш шикаставу мазмунаш бад не.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)