Бахшҳо

Чаро “Россия сегодня” дар Тоҷикистон сабти ном нашуд?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Ҷомеаи сиёсӣ ва расонаии Тоҷикистон ҳеч мунтазир набуд, ки хабаргузории байналмилалии “Россия сегодня” дар кишвари мо сабти ном намешавад. Зеро Тоҷикистон тақрибан дар бадали ҳеч чиз ҳузури бузургтарин Пойгоҳи низомии Русияро, ки метавонад як хатари бузурге ба суботу амнияти мо бошад, барои солҳои тӯлонӣ иҷоза дод ва ҳамчунин борҳо ба хотири Русия берун аз қонун по гузоштааст.

Сабти ном нашудани ин хабаргузорӣ мантиқи коршиносони бисёреро дучори мушкил кардааст. Вале мешавад ҳадс зад, ки ҳадди ақал дар ин росто ду омил вуҷуд дорад, ки ба шарҳи онҳо поинтар мепардозем. Ҳоло суҳбат сари он нест, ки сабти ном шудани ин хабаргузорӣ барои мо чӣ муҳимияте дорад, зеро ҳама гуна расонаҳои хориҷӣ танҳо ва танҳо барои ҳимояи манофеи кишвари худ ва додани имконият ва замонати иттилоотӣ барои сиёсатҳои давомдори соҳибони худ ин ҷо меоянд. Балки масъала танҳо пайдо кардани посух ба ҳамин суол аст, ки чаро сабти ном нашуд?!

Хабаргузории байналмилалии “Россия сегодня” баъд аз талошҳои бебарор барои сабти ном, шурӯъ аз 10 июн фаъолияти нимрасмияшро дар Тоҷикистон ба таълиқ андохт. Дар ин бора мо маълумотро аз як манбаъи наздик ба ин хабаргузорӣ дарёфт кардем. Вале дафтари марказии ин хабаргузорӣ дар бораи қатъи фаъолияти он иттилоъе пахш накардааст. Ба мушоҳидаи хабарнигори “Озодагон” утоқҳои марбут ба дафтари кории ин хабаргузорӣ дар табақаи аввали бинои мавсум ба “Вефа-сентр” ҳоло ба як бонки дигар ба иҷора дода шудаанд.

Гуфта мешавад, як ҳайат аз идораи марказии Хабаргузории байналмилалии “Россия сегодня” вориди Душанбе шудаанд ва куллияи таҷҳизотеро, ки марбути ин хабаргузорӣ мебошанд ба Маскав интиқол медиҳанд. Вале маълум нест, ки ин ҳайат барои бозбинии идомаи фаъолияти ин хабаргузорӣ дар Тоҷикистон бо Вазорати хориҷаи Тоҷикистон вориди гуфтушунид мешавад ё не. Ин ҳам дар ҳолест ки гуфта мешавад чанде пештар ин хабаргузорӣ асноди худро дигарбора барои номнависӣ ва чанд рӯзномагирро барои сабти ном пешниҳод кардааст. Вале тибқи иттилое, ки “Озодагон” аз Вазорати хориҷаи кишвар дарёфт кард, ин пешниҳоди дубораи аснод дар ҳоли ҳозир мавриди баррасӣ қарор доранд ва вазорати хориҷа то кунун хулосаашро дар ин бора нагуфтааст.

Хабаргузории байналмилалии “Россия сегодня” аз тобистони соли 2014 дар Тоҷикистон талош дошт сабти ном шавад ва то сабти ном шудан гуруҳе аз рӯзноманигорони тоҷикро барои кор истихдом намуда, ҳамчунин дафтари кори худро низ боз карда буд. 15 феврали соли 2016 торнамои “sputnik-tj”-ро фаъол кард, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ матлаб интишор менамуд. Ҳарчанд дафтари марказии ин хабаргузорӣ гуфта буд, ки ба далели сабти ном нашудани намояндагияш дар Тоҷикистон торнамони он дар хориҷ аз Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, вале дар пеш аз лиди хабарҳои ин торнамо шаҳри Душанбе зикр мешуд, ки бар асоси қоидаи маъмул дар рӯзноманигорӣ ин маъноро дошт, ки ин хабар дар Душанбе таҳия шудааст.

Ин хабаргузорӣ асноди худ ва хабарнигорони худро барои сабти ном ба Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2014 пешниҳод намуд, ки то кунун на худи хабаргузорӣ сабти ном шуд ва на хабарнигорони он. Ба гуфтаи дафтари марказии хабаргузорӣ, Вазорат ба онҳо посухе надодааст. Яъне на посухи бале ва на посухи рад. Вале Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 4 феврали соли ҷорӣ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфта буд, Оҷонсии иттилоотии "Россия сегодня" ба чанд саволи шабҳабарнгези онҳо посух надодааст ва бинобар ин то кунун ин хабаргузориро сабтином накардаанд. Ҷаноби Аслов иброз дошт, "аммо ҳанӯз дар ин замина кор ҷараён дорад ва дар моҳҳои наздик маълум мешавад, ки оё сабтином хоҳад шуд, ё не".

Дар пайи норӯшан будани сарнавишти сабти ном шуданаш ин хабаргузорӣ 14 декабри соли гузашта як гуруҳи бузурги кормандонашро дар Душанбе ҷавоб дод ва далелашро "бозсозии кадрӣ" номид. Мушкили сабти номи ин хабаргузорӣ дар Тоҷикистон ба ҳадде буд, ки Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе сабти номи хабаргузории “Россия сегодня”-ро дар Тоҷикистон масъалаи дарднок хонд, ки бо гузашти як сол ҳал нашудааст. Фролов дар мулоқот бо хабарнигорон дар Душанбе гуфта буд, барои суръат додани сабти номи намояндагии “Россия сегодня” дар Тоҷикистон чанд маротиба ба Вазорати умури хориҷӣ муроҷиат кардаанд: “Аммо то ҳол посухи дақиқе нагирифтаем. Танҳо шарҳ медиҳанд, ки масъала дар ҳоли баррасӣ ҳаст. Дар ҳамин ҳол як сол гузашт”. Вале сафир гуфта буд, умед доранд, ин масъала ҳал мешавад, чун ба гуфтаи ӯ "умед аз ҳама охир мемирад". Вале ҳоло мушаххас нест, ки умеди ин сафир мурда ва ё зинда аст?

Баъзе аз коршиносон масъалаи ба дарозо кашидани сабти номи ин хабаргузориро ба имтиёзталабӣ рабт доданд. Албатта аз нигоҳи сиёсатҳои дуҷониба дар чунин ҳолатҳо имтиёзталабӣ як кори матлуб аст ва чунин фурсатҳо замони хубе барои ба даст овардани имтиёзҳост. Валле муҳим ин аст, ки ин имтиёзот ба кадом манофеъее гиреҳ мехӯрад. Яке аз коршиносони рус Андрей Казантсев ҳам гуфта буд, ки Тоҷикистон барои он аз матбуоти Русия метарсад, ки расонаҳои русӣ мушкилот ва ҳодисаҳои Тоҷикистонро мунсифона арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи ин коршинос: “Ба фикри ман, ба мақомоти Тоҷикистон писанд нест, ки дар матбуоти Русия чунин арзёбиҳои мунсифона вуҷуд дорад. Бо ҳамин сабаб ҳам онҳо талош мекунанд, ки ҳузури матбуоти русиро дар қаламрави худ маҳдуд кунанд”.

Худи "Россия сегодня", ки бузургтарин тарҳи матбуотии Русия аст ва ҳадаф аз он роҳ ёфтанаш дар бозорҳои матбуотии манотиқи мухталифи дунё таблиғи арзишҳо ва сиёсати ҳукумати кунунии Русия мебошад. Аз ин манзур ба тарҳ дар Тоҷикистон каме бо шубҳа менигаранд, мисле ки вазири муҳтарами хориҷаи Тоҷикистон гуфт. Аммо ба назари мо танҳо ҳамин нақши калидӣ дар сабти ном нашудани ин хабаргузорӣ нест, балки ин ҷо ба назар мерасад, ки Русия ҳам чандон пофишорӣ накард то ин хабаргузориаш сабти ном шавад.

Русияе, ки бо як изҳороти хашини раисҷумҳураш дар мавриди боздошти халабонҳо тавонист дар Тоҷикистон ҳокимияти иҷроя ба таври ошкоро қарори додгоҳро бекор кунад, чаро наметавонистааст, ки як хабаргузорияшро ин ҷо сабти ном кунад? Ин метавонад омили аслии сабти ном нашудани ин хабаргузорӣ дар Тоҷикистон бошад.

Бознашр аз ҳафтаномаи "Озодагон", №23 (428)
Мӯҳр
Акбари Шариф
Матлаби хуб, вале чаро Иршод гоҳе аз кадимаҳое, ки аслан вуҷуд надоранд, истифода мекунед? Охир саводи шумо бо саводи рӯноманигорони чаласаводи дигар каме фарқ мекунадғку! "Муҳиммият" - ин калима сохтаи чор тоҷики коршиносу рӯноманигори камсавод аст ва дар асл чунин калимае вуҷуд надорад. Чаро ба ҷои аҳамият аз ин калимаи набуда истифода мекунед ва дар чашми афроди босавод ҳам аз қойгоҳи худ ва ҳам аз маблабатон мекоҳед? Ба умеди ислоҳи иштибоҳот...

Хамаш айби худи рус аст. Онон нахостанд, ки ин барнома дар Точикистон амали шавад.

Рустам
Хуб карданд ки ин пропагандаро сабти ном накарданд! Худо кунад ки курбонии ин пофишорихо 200-300 нафар мухочирони кори нашаванд. Русияи миллатгаро ба ин кор кудрат дорад ва фишор доданаш мумкин. Е хадамоти фитосанитари меваю сабзавоти точикро гайрисанитари мехисобад - ин корро борхо номардона Русия кардааст ва зидди бисер кишвархо ба мисли Туркия низ истифода мебарад чун тамоми вучуди Русияи путини дуруг ва номардист!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)