Даҳҳо манзил дар Рашт бар асари заминҷунбӣ хароб шудаанд
Дар пайи заминларзаи шоми дирӯз, 1 июл дар ноҳияи Рашт даҳҳо манзил қисман ва пурра хароб шудааст.
Аз ҳукумати ноҳияи Рашт хабар доданд, ки заминларзаи шоми ҷумъа асосан ба деҳаҳои ҷамоати Иҷборак, Аскалон ва деҳаи Ҳазорчашма зарари ҷиддӣ расонидааст. Ба иттилои манбаъ, бархе манзилҳои истиқоматӣ дар ин ҷамоатҳо пурра ва чандеи дигар қисман вайрон шудаанд.
Феълан, Комиссияи махсус ба ҳисоб кардани хисороти ҳодиса машғул аст.
Бино ба иттилои Хадамоти геологии ИМА (USGS) заминҷунбӣ соати 19:58 (ба вақти Душанбе)-и рӯзи якуми июл ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои ин ниҳод, маркази зилзила 27 километрии шимолу шарқи Ғарм ва 165 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе будааст.
Манбаъ шиддати такони замин дар маркази онро 5,4 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер мегӯяд, аммо бино ба аз Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон нерӯи ҷунбиши замин дар марказ 5,6 балл, дар Ғарм 4,5 ва дар Душанбе 2 балл будааст.Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |