Бахшҳо

Илтиҷо: Аз "ҳоли саг" ва "бунбасти коммуникатсионӣ" дар “Саховат” раҳоямон кунед!

Иршод Сулаймонӣ

Ба таваҷҷуҳи шаҳрдори Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раёсати БДА, ВКД, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлёт


Муддати чандест, ки бар асари таъмир дар пули мошингузари мавсум ба маҳаллаи 46 ва кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе аз мавзеи фурушгоҳи “Мардон” то гардиши кӯчаи Фирдавсӣ мусофироне, ки дар маҳаллаҳои 61, 62, 63, 64, 65, маҳаллаи Гипрозем ва ҳамин тавр маҳалҳои канори Душанбеи навоҳии Рӯдакӣ ва шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунанд, ба таъбири мардумӣ “ҳоли саг” доранд.

Мушкили ман, мо ва тамоми мардуме, ки аз ин масирҳо бояд мегузаштанд ва акнун ҳам мегузаранд, чист?

Бар асари ин ки дар дар ду ҷодаи зикршуда таъмир ҷараён дорад, тамоми нақлиёти ҷамъиятӣ, хусусӣ, давлатӣ тавассути кӯчаи Неъмат Қарабоев аз паҳлӯи бозори “Саховат” мегузаранд. Табиист, ки зарфияти ин кӯча барои ғунҷодани ин қадар нақлиёт кофӣ нест ва рӯз то шаб дар ин масир роҳбандон (тамбашавӣ)-и шадид ба вуҷуд меояд ва мешавад, ки барои гузаштан яз як масири нимкилометрӣ то як соат мунтазир монд. Дар ин гармои тоқатфарсои Душанбе, ки аксари мардум рӯзадор ҳастанд, зери офтоби сӯзон мондан азоби сангин аст. Аз тарафи дигар мусофиркашҳои “стандартӣ”-и Душанбе, ки аксарашон “Старекс” мебошанд ва ба ҷойи 6 мусофир 8 ва гоҳо 12 мусофир савор мекунанд, чӣ қадар дамгир ва бадбӯй мешаванд, инро бояд тасаввур кард. Албатта пеши мо яқин аст, ки ин вазъро касоне, ки ҷодаҳо ва хиёбонҳои Душанберо бо гаронтарин мошинҳои хориҷии шишасиёҳ гашту гузор мекунанд, эҳсос намекунанду намебинанд, вале баъзан ба фикри мардум низ бояд буд.

Дар ин масир 4 бозори бузургтарин (“Саховат”, “Корвон”, “Деҳқон”, “Мошинбозор”) ва марказҳои савдои калон (“Панҷшер”, “Ганҷина”)-е ҷойгиранд, ки ҳамарӯза теъдоди ҳангуфти корафтодагон аз ин масир мегузаранд. Ин ҳам дар моҳи шарифи Рамазон ва арафи Иди Фитр, ки ниёзмандии мардум барои харид бештар мешавад. Аз сӯйи дигар ин масир роҳи асосии рафтуомади сокинони вилояти Хатлон низ ҳаст ва дар ин ҷода нақлиёте, ки мусофиронро ба ин вилоят мебаранд ҳаракат мекунанд. Тамоми ин нақлиёт аз як кӯчаи Неъмат Қарабоев ҳаракат мекунанд. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки дар канораҳои ин роҳ аз ду тараф савдогарон ва корафтодагон нақлиёти шахсии худро нигоҳ медоранд. Ва ин “парковка”-и ба назари ман ғайриқонунӣ ташдиди роҳбандонро дучанд мекунад.

Дар тамоми ин мушкилот ман, ки ҳамарӯза аз ин масир кор меравам ва меоям надидам, ки як корманди БДА ва ё ниҳодҳои дигари масъули шаҳри Душанбе омада бошанду роҳбандони шадидро ба истилоҳ танзим намоянд ё ҳамон мошинҳои канорҳои роҳро ҳадди ақал дар ин гармои шадид, дар ин моҳи Рамазон барои сабуктар шудани ҳаракат, дур кунанд. Баъзе аз мусофиркашҳо (10, 19, 28), ки масири ҳаракаташон бар асари таъмир номушаххас шудааст аз роҳи ибодатгоҳи мавсум ба “масҷиди немисҳо” тавассути роҳҳои тангу борики маҳалҳои атрофи он мегузаранд ва худро ба мавзеи бозорчаи собиқи “Дӯстӣ” ба кӯчаи Ҷомӣ мерасонанд. Дар ҳамин роҳҳои тангу борик ҳам касе аз масъулон нест то ҳаракатро танзим кунад ва бараъкси масъулон ҷавонони ин маҳаллаҳо барои халосӣ аз ғавғову садои дилхароши мошинҳо, худ нақши корманди БДА-ву дигар масъулонро иҷро мекунанд, ки коре қобили сутудан аст.

Ин роҳбандони шадид боис шуда, ки аз бозори “Корвон” наҳлиёти ҷамъиятӣ (мусофиркашҳои 1, 2, 33, 52, 28, 5,) ба ҷойи 1 сомонию 60 дирам 3 сомонӣ ва таксиҳои маъруф ба “3-сомона” дар масирҳои ҳаракати худ 5 сомонӣ аз мусофирон кирои роҳ биситонанд.

Мушкили наҳлиёт, хусусан нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе аз номуваффақтарин бахшҳои кори шаҳрдорӣ дар тамоми солҳои истиқлол мебошад, ки ҳеч аст, ки ҳалли худро биёбад.

Ҳамаи ин сардаргумиро ман ва бисёри мусофироне, ки дар ин масирҳо равуо доранд ҳосили кори нокифоя ва ғайриҳирфавии шаҳрдорӣ ва дигар ниҳодҳои масъули Душанбе медонем ва барои ҳалли ин вазъ Шумо ҷаноби шаҳрдори Душанбе ва дигар мухотабинро, ба унвони сокини шаҳр ва шаҳрванди кишвар илтиҷо мекунем. Ҳарчанд дар як ҷомеаи демократӣ, ки Тоҷикистон даъво бар ин гуна ҷомеа буданро дорад, илтиҷо кардани мақомдорон ва масъулон барои иҷрои рисолат ва вазифаашон кори дурусте нест, вале мо чорае ҷуз илтиҷо ва ба гуфтаи мардум “зора кардан”-ро надорем. Зеро ба назар мерасад, ки дар кишвари мо, зоҳиран дигар касе худро барои иҷро кардани масъулияти давлатӣ ва ҷамъиятияш масъул намедонад!
Мӯҳр
Душанбеги
Бале : Мушкили наҳлиёт, хусусан нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе аз номуваффақтарин бахшҳои кори шаҳрдорӣ дар тамоми солҳои истиқлол мебошад, ки ҳеч аст, ки ҳалли худро биёбад.ВА находа ефт!

Охир хамин мири шахр пир шудааст истеъфо дихад

Мири шахрро ман як фарди дилсузу хизматгори мардуми шахр мешиносам. Аммо чунин холати ачибро якумин бор дидам. Ду рохи параллери нисбати кучаи Н. Каробоев дар холати таъмиранд, баъзе тангкучахо баста шудаги ва ё аз мошинхо пур шудаанд. Харакат дар рохи ягона кариб номумкин хаст (ба зами он гарми, тарадуди ид).
Наход маъмурони бахши харакати наклиёт ин холатро наомухта, даст ба ин кор заданд? Бовари дорам мухтарам мири шахрамон ин масъаларо санчида, хулоса мебароранд.

Ҳасан
Мо рӯз не рӯзе ба орзуи деринаи худ, ки дорем мерасида бошем. Орзуи аксарияти шарвандони Душанбе ин аввал нархи муайян дар нақлиётҳои мусофиркаш (нархе, ки ронандагон онро риоя кунанд ва қарори шаҳрдориро нодида нагиранд) дуюм ин ки дар нақлиётҳои мусофиркаши "Старекс" ба ҷойи 4 нафар, 3 нафар мегирифта бошанд. Ин албатта аз тарафи Шаҳрдорӣ ва РБДА ВКД назорати ҷидди мегиранд ва масъулияти худро бештар иҷро менамоянд...

И мардако як проблемаи рохро хал карда натавонанд, пас аз ухдаи дигар корчо чихел мебаромада бошанд!

Khoru zor
Par padar rahmat Irshod!! Digar ruznomanigorho az Irshod Sulaimoni ibrat gireg.

Дар вокеъ, бояд наклиёти чамъияти дар пойтахт танзим нашуд, ки нашуд. 1. Аввал нархи рохкиро. Хеч наклиёт онро риоя намекунад. Барои ин бояд 2-3 бор намояндагони масъули шахрдори рейдхо ташкил кунанд ва аз мусофирон пурсанд, ки ронанда рохкироро чи кадари гирифт ва дар чояш масъала хал мешавад. 2. Муомилаи бади ронандагон, маблагчамъкунандахо. Наход барои хамин хам Дастгохи Рохбари Давлат дахолат кунад. 3. Намуди зохирии ронандаву пулчинакхо. Риши расида, пойи луч, либоси чиркин ва буйи баду нофорами аз онхо меомада. Наход дар тобистон як бор пеш аз кор баромадан оббози накуни. Ин айб аст. 3. Мусикии баланди дохили маршруткахо. Хатто аз дархости мусофирон барои паст кардани мусики ба газаб омада, то ба чанг мераванд ва мусофирро мачбур мекунанд, ки наклиётро тарк кунад. 4. Дар охири хар сайрхат нафаре бо дафтаре истода бо гирифтани 1 сомони ба асноди ронандагон имзо мегузорад. Намешавад, ки хамин аснод дар муассиса тахия шаваду имзо низ дар муассиса ба аснод барои 1 руз гузошта шавад. Хулоса, рохи халли муаммо мавчуд аст. Факат хохиш ва масъулиятшиномии нафарони масъули соха ва шахрдори лозим асту халос.

Хеле чидди аст ин масъала. Масъулият хаст, вале он яктарафа аст, на дар назди чомеа ва сокинони шахр, балки сардори болои. То ислохоти куллии кадри анчом дода нашавад, ин вазъ тагйир нахохад ёфт, хатто агар роххои бехтарин бунёд шаванд хам...

шамшод
Иршод ва Иршод баринхо дар хакикат бисер зорагаранд, зора мекунанд ин категория хеч.вакт.зора намекунад.... дуруст хам ишора кардаасту зора карданаша дар нохунак навистааст

Сад фоиз дуруст кайд кардааст муаллиф. Хамин мансабдорону шахсони масъул Шумо медонен хамин рузхо чи кадар мардум дар азобанд, о пеш аз роха махкам кардан як анализ кунен, як накша кашен, маршрут кунен. Шумо хамин сок хастен е не? Мард бошен як бор 21 бардорен равен аз хамун тарафо назар кунен. Афсуз ин чо сухани бад задан мумкин нест, набошад ман гапое, ки шумо хаматон сазовори онен мегуфтам.,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,
,,,,,,,,
,,,,,

Маскан
Дар ҳақиқат моҳҳост ин ранҷро аз сар мегузаронем. Бо вуҷуди ин мушкилоти ҷиддӣ ягон ташаббусе аққалан барои ташкили кор дар ду ё се баст дида намешавад. Фақат ишора ба "мувофиқи нақша". Дар ҳақиқат ба назар чунин мерасад, ки касеро дар "болоҳо" парвое аз ин саргардониҳои мардум нест. Дар кӯчаи мавсум ба 1-Советская аз беморхона то гардиши 46 таъмир мерафт, ки тамом нашуда, боз то масҷиди немисҳо ҳамаро канда партофтанд. Айб боз дар мо, ки ба ҳамон ҳам шукрона накардем. Инак, шукрона ба ҳамин будаш кардан лозим, ки мабодо ягона роҳи мондаро ҳам набанданд.

мусофир
сад дар сад дуруст гуфта шудааст. Мо хам талаб мекунем, ки ин проблема хал карда шавад. Масъулин вазифадоранд, як маротиба аз наклиёти чамъияти истифода карда, ба холи мардум шинос шавед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)