Бахшҳо

Вокуниши президенти Академияи илмҳо ба даъвоҳои Эрону Туркия дар мавриди "Маснавии маънавӣ"

Академик Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон бо таасуф гуфтааст, ифроту тафрит ва сӯитафоҳумҳо дар мавриди нисбат додани арзишҳои миллӣ ҳам миёни мардуми Эрону эронитаборони муқими Аврупо ва Амрико, ҳам миёни ҳамқавмону ҳамзабонони мо дар Афғонистон зиёд ба мушоҳида мерасад.

Ба гуфтаи ӯ, “қисме аз ин афрод, аз қабили донишмандони муосири эронӣ Эҳсони Ёршотир, Ҷалоли Матинӣ ва Муҳаммадалии Надушан то ҳол бар онанд, ки тоҷикон Фирдавсиву Хайёму Саъдию Ҳофизро аз худ кардаанд ва онҳо бо ин усули таҳлил осори муштарак доштани моро рад карда, ба ҳофизаи таърихии мардум латна ворид месозанд. Ва онҳо бояд донанд ва дарк намоянд, ки ин баҳогузории сифр ғайриилмӣ аст ва мо ворисони муштараки як фарҳанг ва як адабиёти ғании тоҷику форс ҳастем”.

Ин нуктаро ҷаноби Раҳимӣ дар як вокуниш вобаста ба даъвоҳои Эрону Туркия дар хусуси ба феҳристи осори фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани қадимтарин нусхаи «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ изҳор доштааст. Ин вокуниш унвонии “Озодагон” ирсол шуд ва онро ба таври комил пешниҳоди хонанда мекунем.

"Баҳс дар бораи нисбат додани арзишҳои адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва таърихии гузашта дар сомонаҳои интернетӣ, садову симо ва рӯзномаҳои дохилию хориҷӣ аз пахши хабар дар бораи аз тарафи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурияти Туркия фиристодани дархост барои ба феҳристи осори фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани қадимтарин нусхаи «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Қуния оғоз гардид.

Ҳодисаи нисбат додани арзишҳои адабӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангии мо, тоҷикон ва гузаштагонамон ба қавму халқҳо ва кишварҳои дигар солҳои охир сар нашудааст. Ин падидаи номатлуб пешинаи дерина дорад. Нисбат додани арзишҳои миллӣ (адабӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ) дар даврони Шӯравӣ ҳамзамон бо тақсимоти ҳудудҳои миллӣ ё ба истилоҳ «табартақсим»-и онҳо дар солҳои 20-30 асри гузашта оғоз гардида буд. Дар натиҷа бисёр арзишҳои маънавӣ ва моддии мо дар ҳудудҳои сиёсию маъмурии кунунии халқҳову кишварҳои ҳамсоя монданд. Ин раванд дар давраҳои баъдӣ низ, вақте ки омӯзиши мероси гузашта дар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ба таври ҷудогона оғоз гардид, идома ёфт. Ва алалхусус дар солҳои 90, дар арафаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз он, замоне, ки ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ соҳиби истиқлоли сиёсӣ шуданд ва алалхусус дар рӯзгори мо доманаи рушди бештар пайдо кард ва ба авҷи худ расид.

Агар дар замони Шӯравӣ як таносуб ва тавозуни нисбии қарордодие дар байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ риоя мешуд, ҳоло ҳеҷ кишвару миллате ба он аслан эътиборе намедиҳад. Бинобар ин, онҳо ҳар меросеро, ки дилашон мехоҳад, ё аз они худ эълон менамоянд ва ё бо зӯрӣ ғасб мекунанд. Мавҷуд будан ва густариш ёфтани ҳодисаи номатлуби интисоби арзишҳои миллӣ сабабҳои зиёде дорад. Аммо сабаби асосиаш, ба назари мо, он аст, ки то ҳол меъёрҳои усулӣ ва илмии интисоби арзишҳои миллӣ ба ин ё он миллат ва кишвар на дар сатҳи минтақа ва на дар сатҳи байналмилалӣ муайян ва муқаррар нашудаанд.

Меъёри дар замони имрӯз маъмул ҳамон меъёри ҳудудӣ, аниқтараш меъёри ҳудудиву маъмурии сиёсӣ мебошад, ки ғайриилмист ва ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул нест. Зеро, тавре ки маълум аст, ҳудудҳои ҷуғрофӣ ва сиёсии имрӯза ғолибан ба ҳудудҳои воқеии таърихӣ, ба ҳудудҳое, ки қавму миллатҳо дар онҳо асрҳои аср сукунат доштанд ва доранд, мувофиқат намекунанд ва бархе аз эътирофи ҳақиқати таърихӣ сахт меҳаросанд ва дар навиштаҳояшон бо ҳар баҳонае кушиш мекунанд, ки онро инкор бикунанд ва ё аз он сарфи назар намоянд.

Дар асл меъёрҳои дигаре ҳам ҳастанд, вале мутаассифона, онҳо дар гузашта ва дар рӯзгори мо огоҳона ва ё ноогоҳона дар мавриди нисбат додани арзишҳои миллӣ сарфи назар мешаванд, аз ҷумла аз меъёри муҳими нисбати забонӣ доштани он арзишҳои адабӣ ва илмӣ. Бузургони илму адаби мо сарфи назар аз он, ки дар куҷо ба дунё омадаанд, дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Панҷакент, Нишопуру Шероз, Балху Ҳирот, Марву Насаф, Хоразму Омӯл, Ганҷаву Деҳлӣ ва ё ҷойи дигар, ба забони форсии дарӣ ё тоҷикӣ эҷод намудаанд ва осори онҳо, табиист, ки ба соҳибони ин забон нисбат дорад.

Онҳое ки дар интисоби арзишҳои миллӣ аз меъёри забонӣ сарфи назар менамоянд, одатан далелеро пеш меоранд, ки дар таърихи гузаштаи қавму миллатҳои минтақа ва дунё марҳилаҳое буданд, ки дар онҳо ин ва ё он забон барои миллатҳо ва кишварҳои зиёде забони илму адаб ва ҳунар буд, мисли забони лотинӣ барои юнониён ва дигар мардумони Ғарб, забони арабӣ барои мардумони мусулмон ва ғайра. Дуруст аст, ки имрӯз низ дар адабиёти халқҳои олам ҳодисаҳое кам нестанд, ки шоирону нависандагони ин ва ё он миллат ба забони миллатҳои дигар асар офаридаанд ва меофаранд. Вале дар ин маврид ҳамзамон бо ба эътибор гирифтани меъёри забонӣ, ки бидуни шак бисёр муҳим мебошад, бояд муайян намуд, ки ин ва ё он осори адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ маҳсули кадом муҳит ва андешаи адабию илмию фарҳангӣ мебошад. Барои мисол, Низомии Ганҷавӣ бо «Хамса»-аш, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо «Маснавии маънавӣ»-аш, Абунасри Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ ва Хоҷа Насириддини Тӯсӣ бо рисолаҳои маъруфашон ҳаргиз наметавонанд парвардаи зеҳн ё маҳсули муҳити туркӣ ва андешаи туркӣ бошанд. Ё худ Бадриддин Ҳилолӣ бо он ки чағатоиасл буд (бино ба гуфтаи Алишери Навоӣ), шоири тоҷику форс аст, зеро парвардаи муҳит ва андешаи тоҷикию форсӣ мебошад. Ин гуна мисолҳо дар таърихи адабиёт ва ҳунари қавму миллатҳои дигар низ ба назар мерасанд.

Замони шӯравӣ маъмул гардида буд, ки вақте дар кишварҳои ҳамсояи мо аз бузургоне монанди Ибни Сино, Форобӣ, Берунӣ ва дигарон ном бурданӣ мешуданд, барои пинҳон нигоҳ доштани аслашон онҳоро ҳамчун донишмандони Осиёи Миёна эълон мекарданд. Ва бо ин гуфтанӣ мешуданд, ки онҳо ба ҳамаи қавму миллатҳое, ки дар ин ҷумҳуриҳо ҳоло сукунат мекунанд, тааллуқ доранд. Дар сурате ки воқеияти таърихӣ дигар аст. Зеро, дар асл ин осор тааллуқ ба мардуми муайян дошта, офаридаи зеҳн ва маҳсули муҳити адабию илмию фарҳангии мушаххас ва дар ин маврид тоҷикон мебошад.

Таърихшиноси шинохтаи рус Б.Ставитский дар тақризаш бо номи «Дар бораи масъалаи ба тарзи нав омӯхтани санъати Осиёи Миёна» (шумораи 5 маҷаллаи «Искуство» соли 1971) барҳақ таъкид намуда буд, ки дар таълифи таърихи санъати халқҳои Осиёи Миёна «дар доираи сарҳади маъмурии имрӯза маҳдуд шудан» норавост. Ба назари ин донишманд танҳо бо офаридани асарҳои илмии усулӣ ва мунсифона «пеши роҳи кӯшишҳои дар доираи маҳдуди миллӣ шарҳ додани муаммоҳои душвори мероси маданӣ ва бадеии халқҳои Осиёи Миёна»-ро метавон гирифт.

Маҳсули муҳити адабию илмиву фарҳангӣ ва андешаи миллии муайян будан, ба онҳо тааллуқ доштан дар асл маънои онро дорад, ки ин ё он шоир, ё олим, ё ҳунарманд бозтобдиҳандаи андеша, фикр ва ҳуввияти миллати мушаххас ва кишвари мушаххас ё минтақаи мушаххас аст. Масъалаи дигаре, ки вобаста ба нисбат додани арзишҳои миллӣ шоистаи ба миён гузоштан ва баҳс намудан аст, нисбат додани ин ва ё он арзиши муштараки адабӣ, илмӣ ва фарҳангии гузаштаи мо ба Эрон ё Афғонистон ва ё Тоҷикистон мебошад. Дар ин замина, мутаассифона, ифроту тафрит ва сӯитафоҳумҳо ҳам дар миёни мардуми Эрон ва ҳам эронитаборони муқими Аврупо ва Амрико, ҳам дар миёни ҳамқавмону ҳамзабонони мо дар Афғонистон зиёд ба мушоҳида мерасад. Қисме аз онҳо, аз қабили донишмандони муосири эронӣ Эҳсони Ёршотир, Ҷалоли Матинӣ ва Муҳаммадалии Надушан то ҳол бар онанд, ки тоҷикон Фирдавсиву Хайёму Саъдию Ҳофизро аз худ кардаанд, ба худ нисбат медиҳанд ва онҳо бо ин усули таҳлил осори муштарак доштани моро рад карда, ба ҳофизаи таърихии мардум латна ворид месозанд. Ва онҳо бояд донанд ва дарк намоянд, ки ин баҳогузории сифр ғайриилмӣ аст ва мо ворисони муштараки як фарҳанг ва як адабиёти ғании тоҷику форс ҳастем.

Аз ин хотир Рӯдакиву Носири Хусраву Камоли Хуҷандӣ ба ҳамон андозае, ки барои мо тоҷикон азизанд, ба ҳамон андоза барои эрониён ва афғонистониён низ азиз мебошанд. Ва бараъкс, Фирдавсию Ҳофизу Саъдиву Мавлавӣ назди мо ҳамон андоза қадру манзалат доранд, ки назди эрониён ва афғонистониён доранд. Аз ин ҷиҳат баҳсе, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва барномаҳои радиоӣ дар бораи он, ки «Маснавӣ»-и Мавлоно моли кадом миллат ва кишвар аст, аз ҷумла иддаои онҳое, ки гӯиё танҳо Туркия ва Эрон ҳаққи онро доранд, ки нусхаи қадимтарини онро дар ЮНЕСКО ҳамчун мероси миллиашон сабт намояд, бебунёд аст. Ҳамчунин даъвои масъулон ва маъмурони афғонистонӣ дар бораи он, ки чун «Румӣ дар Балхи Афғонистон ба дунё омадааст, на дар Туркия ё Эрон» (Саид Зафар Ҳошимӣ, муовини сухангӯйи раиси ҷумҳур) ва «мо ба ҳеч кас ва кишваре иҷоза намедиҳем, ки Мавлоно, ифтихори моро дар феҳристи ЮНЕСКО ба номи худ сабт кунад» (Ҳорун Ҳакимӣ, сухангӯйи вазорати фарҳанг ва иттилоот) ва бинобар ин ӯ ва осораш танҳо ба Афғонистони кунунӣ ва мардуми он тааллуқ дорад, асосе надорад.

Зеро, тавре ки мавлавишиносони дохилӣ ва хориҷӣ (Франклин Люис) муайян намудаанд, муаллифи «Маснавии маънавӣ» замони воизи яке аз масҷидҳои Вахшонзамин (Тоҷикистони имрӯза) будани падараш (бино бар навиштаи Баҳоуддин Валад дар рисолааш «Маориф») дар байни солҳои 1204 ва 1207 ба дунё омада, чанд соли даврони кӯдакиашро дар Самарқанд сипарӣ намуда, асари мондагори хешро дар заминаи суннатҳои адабӣ ва тасаввуфи хуросонӣ ба забони тоҷикӣ офаридааст. Аз ин рӯ, ин асари ӯ ва худи ӯ, пеш аз ҳама, ба меросхӯрони мустақими вай, яъне форсизабононе, ки имрӯз дар Тоҷикистону Афғонистону Эрони феълӣ маскунанд, тааллуқ доранд. Вале, азбаски Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ солиёни дароз дар хоки имрӯзаи Туркия зиндагӣ ва эҷод кардаву дар ҳамин ҷо хок шудааст ва дар миёни мардумони ин сарзамин обурӯву эътибори фавқулода дошта, муридону пайравони бешуморе пайдо намудааст ва оқибат ба қавли Абдураҳмони Ҷомӣ аз «Ҷалолиддини Балхӣ» ба «Ҷалолиддини Румии Балхӣ» бадал шудааст, мардуми он кишвар низ ба мероси ӯ шариканд.

Ба маврид аст аз падидаи дигаре низ ёдовар шавем, ки мероси бузургоне мисли Ҷалолиддини Балхӣ ба шарофати андешаҳои олӣ ва осори ҳунари волое, ки дар онҳо дарҷ ҳаст, бо гузашти асрҳо аз маҳдудаи як миллату як кишвари муайян берун омада, ба як мероси бебаҳои фаромиллӣ табдил меёбанд ва ба ҳамин маънӣ ба тамоми башарият мансубият мегиранд. Бо дарназардошти он чи гуфта шуд, дар сабти меросҳои миллие мисли «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ЮНЕСКО, ки дар зоти худ кори савоб мебошад, бо миллатҳо ва кишварҳое, ки меросбари ҳақиқӣ мебошанд, маслиҳату машварат мебояд кард. Аз ин нигоҳ мавқеи Фарҳод Назарӣ, мудири кулли Дафтари сабти осори таърихии Эрон дар бораи он, ки кишвараш дархости сабти ном намудани нусхаи қадимтарини «Маснавӣ»-ро танҳо ба хотири он ки ин нусха дар Қунияи Туркия маҳфуз аст, танҳо бо Туркия кардааст ва ҳам иловаи ӯ, ки «агар нусхаи қадимтарини «Маснавӣ» дар Оксфорд мебуд, Эрон ин корро ҳамроҳ бо Бритониё анҷом медод», дуруст нест.

Дар охир орзу мекунем, ки дар ин роҳ «чашми охирбине», ки Мавлоно мегӯяд, ҳама даъвогаронро насиб гардад, то ростро, ҳақиқатро бубинанд ва онро ошкор ва талқин намоянд:
Ҳар кӣ аввалбин бувад, аъмо бувад,
Ҳар кӣ охирбин, чӣ бо маъно бувад.
Ҳар кӣ аввал бингарад поёни кор,
Андар охир ӯ нагардад шармсор".
Мӯҳр
Мухочир
Форси точики аз бузургон чиба пайрави намекунед чаноби доктор хати форси мегуянд ларзатон мегира ба кадом хат хонд навишт Мавлоно?

Ин маколаи муалим профессор Абдунаби Сатторзода буд ку, онро ду хафта пеш хонда баромад карда буданд ку. Дар инистути забону адабиёт. Значить акнун бо номи вокуниши Президенти академия чоп шудааст дия. Хай мухим кор буд шавад..

Гунги тутала.
Э ман хаел кардам,ки Туркияву Ирон мехостиян,ки чавонони точикро летчики омузанд е чи тавр истехсол кардани нефтро ба точикон омузанд,боз аз кафои хаму адабиету таьрих.Рафик акаи раиси академикхо,таьрих,адабиет,фалсафа инхо илм нестанд.Хар кас худаш хохад,ба адабиету таьриху фалсафа щугл мекунад.Барои чавонони хозира илмхои техники,математика,химия,биология,физика ва донистани забони модари зарур аст.Бештар ин илмхоро аз худ кардан лозим аст.Бахшиш мепурсам,ба кофтукову дарефти шоирони гузаштаву ашьори онхову чи гуфту чи навишти онхо мо пеш намеравем..Дар мактабхои миена,совтзои химия,физика,математика,биологияро чидди чори кардан лозим.Дарси забони модари,донистани имло ва тарзи навиштро омущонидан лозим.Адабиету таьриху фалсафа,инхо илм нестанд,боз ба такрор мегуям,инхо машгулиятанд.Муаллмони адабиет ба талабахо хонлани даххр китобм адвьмро талкин сохтаву талаб месозанд,ин брои гапони талабазо шуда,имконияти шугли онхопо аз дигар фанхо дур месозвд,.Ба талабаи мактаб чи лозим таьрихи шуриши сарбадорон е "Исени Муканнаь" ва е таьрихи Аморати Бухоро????Ба у агар лрзим шавад,баьди хвтми макиаб хам,ин китобхоро пайдо карда мехонвд,

Барои он ки ҳаққи даъво кардан барои мероси ниёконатонро пайдо кунед, аввалтноми ҳамин забони худро журуст дарк кунед, академикҳои муҳтарам!
Номи ин забон дар тӯли таърих "форсӣ" буда ҳам мемонад.
Шумо ки дар доираи ҳалқаи бардагии Кремл "забони тоҷикӣ"ро забони худ хондаед, чӣ ҳаққи даъво болои он мерос доред?! Чигуна шумо даъво мекунед ки онҳо ба "забони тоҷикӣ" офарида бошанд? Чаро дар ҳеҷ осору навиштаҷоте он бузургон ин забонро "забони тоҷикӣ" наномидаанд?
Ҳоло Эрону Афғонистон дуруст мекунанд, ки шуморо меробари он ганҷи бебаҳо намедонанд, чун шумо забонатон "забони тоҷикист". Инро ҳам дониста бошед ки баъди бист соли дигар узбаку қазоқ он меросро соҳибӣ хоҳанд кард ва шумо бо ин "забони тоҷикӣ"атон дигар ҳеҷ ҳаққи маънавие нахоҳед дошт, то худро меросбари он ҳама фарҳангу адабиёту забон хонед. Магар намебинед ки ҳукумати Узбакистон вақто ки сухан дар бораи Синову Беруниву дигарҳо меравад таъкид месозад ки онҳо ба забонҳои арабиву "парсӣ" эҷод кардаанд ва дар мағзҳои тоҷикони Узбакистон "парсиро" тамоман чун забони дигар шинондааст ва ба тоҷикон мегӯяд ки ин забони онҳо нест, забони онҳо "забони тоҷикӣ" аст ки аз форсӣ фарқ дорад. Шумо бо ин сиёсати пешгирифтаатон ба осёби узбакизатсия об мерезед. Агар шумо ин ҳамаро дида натавонеду ҳис накунед, садқаи унвони академик шавед.!

Озодагон, чопаш кунед.

Мумкин "бахогузории сирф гайриилми" бошад, чаноби "академик", на "сифр гайриилми"...

Фарход Рахими на филолог хасту на таърихшинос. Ба фикрам вай физик е математик аст. Ачоиб, физик чи тавр метавонад бо бовари аз таъриху филология харф зада, чизеро исбот кунад? Мисле, ки филолог чизеро аз физика исбот кардани мешавад, ин академик чунин карда истодааст.

шо
АКои Фарход шахси бисёр бохабар аз таъриху адабиёт аст, гарчанде физики бакувват низ аст. Часорату мардонаги низ дораду тавонист овоз низ дар ин масъала баланд кунад!

фарангиз
беном,
метавонад - барои ин хондан зарур
фарход аз адабиету таърих хело бархурдор асту аз дину ислом низ

Кавг
О и "физик" чи медониста боша аз таърих. Хами хар кас кори худша мекард Точикистон обод мешуд. Акалан як бор ба мактабхои миена назар кунед, кори "муаллимон" факат сум чамкуни. Савод надора як бар бари и "муаллимон", баъд ояндаи мо чи мешуда бошад? Ба фикри ман хами хитоихо як заводи ароба месозанду хамаи чавонона бо ароба таъмин мекнану халос. хамма меша аробакаш. То кая ин буду вай буд гуфта мегардед окои раиси академикхо? Бояд истехсолотро тараки кунед, ягон корхона ташкил кунед. Э, хама гапхо бекора аст, факат доиразаниву ашулахони тараки карда истодааст. Сад афсус...

Ҳоҷӣ
беном,
беномФарҳод Раҳими марди босавод аст ва кам касоне ҳастанд,ки барои илми тоҷик ин тавр мубориза баранд. Такчто, дар ҳаққаш багуи кардан кори савоб нест

Я вактхо, иттиходи шурави як пешво дошт, Сталин мегуфтанд. Ба у бояд миннатдор шавед, ки у баъди тамошои концерти фархангии республикаи автономии Точикистон гуфт "Точикон таърихи бой доранд ва ин халк, халки алохида аст на туркнажод" Баъди хамин РСС Точикистон ва миллати точик пайдо шуд. то он гох дар бораи точик касе парвое надошт. Форс буданду будему хастем. Дари сухан мегуем. Ва мехохам дастгири суханхои "гунги тутала бошам". дарсхои гуманитари хамааш факултативи карда шавад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)