Бахшҳо

Эрдуғон: Тоҷикон ҳам дар терракти Истанбул даст доранд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, изҳороти президенти Туркияро дар мавриди даст доштани тоҷикон дар ҳамлаҳои террористии шаҳри Истанбул таҳқиқ мекунад.

Аз дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, феълан намояндагии Душанбе дар Истанбул ба таҳқиқи изҳороти раисиҷумҳури Туркия машғул мебошад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия имрӯз, 5 июл гуфт, дар таркиши фурудгоҳи байналмилалии Отатурки шаҳри Истанбул зодаҳои Доғистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон даст доранд. Ӯ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, то ҳол бо иттиҳоми ҳамлаҳои террористӣ дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул 30 нафар боздошт шудаанд: “Сухан дар бораи зодаҳои Доғистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон меравад. Мутаасифона сухан дар бораи кишварҳои ҳамсоя ва наздики мо меравад”.

Дар натиҷаи ҳамла ва бомбгузории шаби 28 июн дар фурудгоҳи байналмилалии Истанбул 44 нафар кушта ва ҳудуди 150 тани дигар захмӣ шудаанд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон қаблан хабари нашрияи “Milliyet”-и Туркия, ки таркишҳои фурудгоҳи Истанбулро кори зодаҳои Тоҷикистон номид, беасос хонда буд. Вафо Ниятбеков, раҳбари Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорат рӯзи 30 июн ба “Озодагон” гуфт, кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ва намояндагони консулгарии Тоҷикистон дар Истанбул бо мақомоти шаҳрдорӣ ва амниятии ин шаҳр мулоқот кардаанд. Ба гуфтаи оқои Ниятбеков, дар ин вохӯрӣ хабари зодаи Тоҷикистон будани маргталабон тасдиқи худро наёфтааст: “Ҳамчунин онҳо бо намояндаҳои нашрияи “Milliyet” дидор доштанд. Маълум шуд, ки ин хабарро яке аз хабарнигорони озоди ин рӯзнома чоп карда, он асос надорад”.
Мӯҳр
Ин эрдугон магар намедонад ки терорист миллат дин оин ва ватан надорад ки точикон ва .... ро номбар кардааст...
Магар хамин эрдугон дар вайронии Сурия даст надорад ??? ва ё Ирок...

Эрдуғон ҳам ба мисли дигар нажоди турк дар як ҷояш, ки як чиз дар монд, бори гуноҳро бар сари дигарон мепартояд. Ин одам ба мисли Саакашвили аввал гапро мезанаду баъд фикр мекунад, ки чӣ гуфта истодааст (чашм оинаи қалб аст).
Ҳоло метарсам, ки марги Отатуркашона бори тоҷико накунанд. Барои он ки дар ватанаш оромӣ бошад, Эрдуғон бояд сиёсати духураро пеш набояд гирад (Тоҷикӣ карда гӯем мардак бояд дукуна набошад). "Давлати исломӣ"-ро пуштибонӣ намуда, дар минбарҳои баланд инкор мекунад. Худо аз ин бадтар накунад Туркияро бо ҳамин роҳбараш. Роҳбар, ки оқил набошад мардуми оддӣ дар азоб мешаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)