Бахшҳо

Манижаро ба об андохтанд ё худкушӣ кард?

Як сокини ноҳияи Ховалинг иддао дорад, духтари 16-cолаи ӯро куштаанд, аммо додситонии ноҳия мегӯяд, вай худкушӣ кардааст.

Талбон Сабирови 54-сола, сокини деҳаи Дашти Руботи ноҳияи Ховалинг муътақид аст, духтари ӯро як ҳамсолаш ба дарё андохтааст. Ҷасади Манижаи 16-cола баъди 35 рӯзи бедарак шуданаш рӯзи 11 май аз дарёи Ёхсу ёфт шудааст. Ӯ рӯзи 6 апрели соли равон якбора бедарак шуд ва талоши тамоми аҳли деҳа ва сокинони рустоҳои ҳамсоя барои пайдо карданаш бенатиҷа буд. Ба гуфтаи ҳамсолони Манижа як рӯз пеш, 5 апрел баъди аз дарс берун шудан бо як писараки хонандаи синфи 9 (С.И.) баҳси лафзӣ доштааст. Бино ба иттилои онҳо, С.И. зодаи шаҳри Кӯлоб буда, дар деҳаи Дашти Рубот дар хонаи наздиконаш мезист: “Ӯ аслан бояд синфи 10 бошад, аммо аз синфаш монда буд ва бо хонандаҳои синфи 9 таҳсил мекард”.

Талбон Собиров, падари Манижа дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бино ба гуфтаи ҳамсинфони духтараш баъди ҷанҷол бо он писар духтараш гуфтааст, ба милиса хабар медиҳад ва ба хонаашон омадааст. Ба қавли хоҳари Манижа, С.И. телефони дастии худро тавассути як ҳамсолаш ба Манижа фиристодааст ва худаш аз шумораи дигар ба ӯ тамос гирифта, суҳбат кардаанд. Рӯзи 6 апрел вақте Манижа ба мактаб намеравад, хабари бедарак шуданаш овоза мешавад. Нафаре мегӯяд, ӯро дар роҳ ба сӯи дарёи Ёхсу дидаанд. Талбон Собиров мегӯяд, вақте сокинони деҳа ба ҷустуҷӯ баромаданд, С.И ҳам буд ва аввалин шуда, попушиҳои Манижаро овард. Баъдан, телефони С.И.-ро аз соҳили дарё меёбанд: “Ҳудуди 250 нафар аз чор деҳа 12 рӯз соҳили дарёи Ёхсу ва 8 рӯзи дигар талу теппаҳоро ҷустуҷӯ кардем. Аммо бенатиҷа буд. Рӯзи 11 май баъди боронгариҳо сокинони деҳаи Навобод барои ҷамъоварии ҳезум мераванд, ки ҷасадро мебинанд ва онро ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ мебаранд”.

Падари Манижа мегӯяд, ба иттилои мақомот, дар пайи ташхис маълум шуда, ки ба номуси духтараш таҷовуз кардаанд. Ӯ муътақид аст, духтарашро С.И. ба дарё андохтааст: “Дар мақомот мегӯянд, ту шоҳид ёб, ки исбот кунад, духтаратро куштаанд. Ман чанд далелашро гуфтам. Аввал ин ки он писар бо духтарам ҷанҷол карда буд, инро ҳама дидаанд. Дуюм, вақте мо ба лаби дарё рафтем, аввалин шуда, ӯ попушиҳои Манижаро пайдо кард. Сеюм, гуфтааст, ки ӯ ҳам он рӯз дар лаби дарё қарор дошт. Чорум, курта ва телефони вайро ҳам, ки ба духтарам дода будааст, аз онҷо пайдо карданд. Маълум шуд, ки он шаб аз як рақами дигар ба он телефон қариб 50 бор занг зада будааст”.

Аз Додситонии ноҳияи Ховалинг ба “Озодагон” гуфтанд, Манижаи Талбон худукушӣ кардааст: “Баъди экспертиза маълум шуд, ки ин духтарак се ҳафтаина ҳомила будааст”. Як манбаъ аз ин ниҳод гуфт, бо далели мавҷуд набудани таҷҳизоти навин, натавонистанд муайян созанд, ки падари он тифл кӣ аст. Ин манбаъ дар робита ба С.И. гуфт, нисбат ба ӯ ҳеч чорае андешида нашуда ва тафтишот ӯро гумонбар намедонад. Дар ҳамин ҳол, ҳамсинфони С.И. гуфтанд, ӯ ба шаҳри Кӯлоб, хонаи волидонаш рафтааст.

Талбон Собиров, падари Манижа мегӯяд, духтараш дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил мекард ва бовар надорад, ки ӯ худкушӣ карда бошад: “Ман то охир мубориза мебарам, то қотили духтарам ҷазо бигирад. Ба мақомоти болоӣ шикоят мебарам. Ҳатто то ба Президент шикоят мекунам, ки ба ин қазия расидагӣ намояд ва гунаҳкор пайдо ва муҷозот гардад”.


Дар акс: Манижаи Талбон
Мӯҳр
Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад
Аҷиб, бо баҳои аъло мехонд, вале дар синфаш монда буд. Тазодро бинед!

Мирзоали
Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад,
Духтар аз синфаш намондааст писар аз синфаш мондааст.

Точик
Ассалом.Бародарам Махмуди Ашурмухаммад! инчо на инки духтарро балки писарро дар назар доранд ки бояд синфи 10 мерафт..

Али
О дард дошти ҳамон духтаратро бе назорат намегузошти

Точик
Мирзоали,ачаб тазодро медонему аммо сарфахми матн намерем бесаводи то Ин дарача расидааст?!!!!!

TJ
ablah bacha istifoda burdi dukhtara javobsha bte aku wink

дарвеш
салом дар точикистон кичо адолат буд ки инкорохам аз руи адлат анчом диханд агар дар точикистон тахчизоти навин нест ба хорич равон кунед охир то гунахкоро йобед

Асри 21аст наход исбот карда нашавад гунахкор бояд чазо гирад ба хорич равон кунен узбекистон тамоми технологи нава дорад киргизо доран ука дур нест ин давлато хамсоя хамсоя.

Ҳоҷӣ
Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад,
Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад,
Маҳмудҷон! Дурусттар хонед вай не, ана ҳамон бачаи кулобӣ дар санфаш монда буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)