10.000 доллари як сокини ноҳияи Рӯдакиро ба яғмо бурданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, дар ин бора ба мақомоти марбута аризаи шаҳрванд, Абдулҳайроваи 61- сола, сокини ҷамоати «Русия» ворид гардидаст. Ба гуфтаи ӯ, моҳи сентябри соли равон, шаҳрванд Рустамҷон Раҳматуллоев истиқоматкунандаи ҷамоати «М.Турсунзода», деҳаи Ҳоҷиён, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромадааст ва аз ӯ 10.000 доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Манбаъ афзуд, алъон Рустамҷон Раҳматуллоев аз ҷониби кормандони милиса дастгир карда шуда, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафишот идома дорад.
Мӯҳр