Бахшҳо

Сафири Эрон: Худам дастур додам, ки кори Кумитаи имдод мутаваққиф шавад

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ, созмони хайриявии Эрон дар Тоҷикистон бо дастури ӯ мутаваққиф шудааст. Ӯ мегӯяд, дар шароите, ки мақомоти тоҷик ба фаъолияти Кумита шак овардаанд, моил нест, ки ин созмони хайриявӣ хидматашро идома бидиҳад.

Фағонӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, хабарҳо, ки ҷониби Тоҷикистон Кумитаи имдоди Хумайниро бастааст, асос надоранд: “Кумитаи имдоди Хумайнӣ баста нашудааст. Як шикояте Вазорати адлияи Тоҷикистон роҷеъ ба Кумита кардааст, ки онро додгоҳ пайгирӣ мекунад. Худам аз раиси Кумитаи имдод хостам, то вақте ин шикоят ба фарҷом нарасад, хидматеро ироа накунанд. Чун хидматро дар ҷое ироа медиҳанд, ки мутақобилан онҳо ҳам бихоҳанд ва ҳамроҳӣ бикунанд. Вақте ин ҷо дар робита ба фаъолияти Кумитаи имдод тардид (шак) пеш омадааст, ман моил нестам, ки Кумита дар ин шароит фаъолият кунад”.

Фағонӣ афзуд, дар пайи анҷоми мурофиаи додгоҳӣ ба натиҷае мерасем, ки фаъолияти ин Кумитаро идома бидиҳем ё на: “Аммо хабарҳо, ки гӯиё ин Кумитаро ҷониби Тоҷикистон бастааст, асос надоранд”.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон алайҳи Кумитаи имдоди Хумайнӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурдааст, ки ин созмони хайрияи эронӣ муқаррароти ойинномаи худ ва қавонини Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои иҷтимоӣ ва созмонҳои ғайридавлатиро нақз кардааст. Ҳарчанд ҷузъиёти қазия рӯшан нест дар назар аст, ки ҳафтаи оянда додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасии ин қазияро шуруъ кунад.
Мӯҳр
Масали русии "Каждый думает по мере своей испорченности" барои салафимаслакхост. Салафимаслакхо ки дар олами чиноят гутаваранд фикр мекунанд хама созмонхо ба чосуси ва омода кардани террорист машгуланд, мисли созмонхои араби ки дар фаъолияти кутохи худ дар Точикистон аксарро салафи карданд. Бо бахонаи зиёрати ХАЧ маблаги солонаи мубаллигони салафия пардохта мешавад.
Кумитаи Имдоди Имом Хумайни (р) як кумитаи хайриявист, ки садхо хазор ниёзманди точикро дар бадтарин шароит хидмат намуд. Хатто бузургтарин нишастхо, чорабинихои давлати аз хисоби хамин кумита баргузор гардида буданд. Имруз мехоханд фаъолияти инро банданд.
Хануз хам хазорхо ниёзманд ба ин кумита омада кумак мепурсанд. Бояд кучо раванд? Пеши муфтии Точикистон?
Холо мардум дар бухрон гутаваранд ва соат ба соат зиндагиашон аз назари иктисоди бадтару бадтар гаштааст.
Анбухи мухочирин ба Ватан депорт шуданд. Кани чойи кор? Пеши вазорати адлия барои кумакпурси раванд ё пеши тасмимгирандаи салафиямаслак?
Ман бовар дорам, ки ин тасмими салафиямаслак аст. Баъди ин Кумита навбати кадом созмон хохад буд? Фонди Окохони 4????

salmoni fors
ин кумитаи имдод не лонаи чосусии
эрон аст нагз карданд ки бастан!

мехмон
э шумобарин додгоху додра шумо чонаёфтед азпаси хайкунадахову садака кунхо мегардед охир ин кадар дар кори худ сон нисор астед аз Паси порахурхои хукумату хешутабори худ шавед.ки онхо мардуми аз инхам кашоки точ икро горат мекунанд хайф бар шумо .Илтимос чоп кунед.

СУБҲО
ЯК СОЗМОНИ ХАЙРИЯВӢ БУД, КИ ЧАҲОРТО БЕВА ВА ЯТИМРО ЁРДАМ МЕКАРД ҲАМИРАМ БАСТААААААААН????

ИЗО НАМЕКАШАН ИН МАҚОМОТ

НА КУМАК МЕКУНЕН МАРДУМИ БЕЧОРАРА ВА НА МЕМОНАН ДИГАРОН КУМАК КУНАНД???
ИЗО БКАШЕ БА ХУДО!!! АЙБАЙ АЙБ!!!

ИН КУМИТА ЯК КУМИТАИ БАЙНАЛ МИЛАЛӢ АСТ ВА ДАР ЧАНДИН КИШВАР КОР ВА ХИДМАТ МЕКУНА ВА ЯГОНТАЙ УН КИШВАРО ШИКОЯТ НАКАРДАНД КИ ҲИЧ, ХУШҲОЛАМ ҲАСТАН

Даф шавен равен кати имдотуд халата шиьа караданиен худо ногах дорад точику точикистона.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)