Бахшҳо
09 июл 2016 12:46Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Кодекси одоби милиса: Садоқат ба Президент, эҳтиром ба фарҳангу дину миллатҳо...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси одоби корманди милисаро пешниҳод кардааст, ки бар асоси он милисаҳо уҳдадоранд ба сиёсати Президент содиқ бошанд.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бар асоси Кодекси одоб “ҳангоми қабули қарор ва амалӣ намудани ваколатҳои худ корманд ҳуқуқ надорад, ки дар асоси миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ба шахсе хилофи қонунгузорӣ бартарият ва имтиёз диҳад”.

Бар асоси муқаррароти Кодекси одоб корманди милиса, ки ваколати ташкилию амрдиҳӣ дорад, набояд рафтори хатарноки коррупсионӣ зоҳир намояд ва ӯҳдадор аст, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ба зуҳуроти маҳалчигӣ, хешутаборӣ ва садоқатмандии шахсӣ такя накунад: “Корманд бояд ҳаракат, ҳиссиёт ва эҳсосоти худро зери назорати қатъӣ қарор дода, бо ҳусни таваҷҷуҳ ё нафрат, душманӣ, ҳиссиёти дӯстии шахсӣ дар қабули қарорҳои хизматӣ таъсир нарасонад, натиҷаи ҳаракат ва рафтори худро пешбинӣ карда тавонад, дар муомила бо ҳамкасбон хоксор бошад, аз муваффақиятҳои ҳамкасбонаш сидқан шод шуда тавонад ва дар иҷрои супоришҳои мушкил, ки ба онҳо дода шудааст, мусоидат намояд, ба худситоӣ, лофзанӣ, ҳасад ва бадхоҳӣ таҳамулпазир бошад, корманд-мард нисбат ба занҳо ҷавонмардӣ ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд, дар хизмат ва ҳаёти ҳамарӯза бо илтифот хушмуомила, дидадаро ва боадоб бошад”.

Инчунин Кодекси одоб муқаррар кардааст, корманде, ки дар натиҷаи амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, лексикони ҷиноятиро омӯхтааст, набояд забони махсус ва аломатҳои ҷиноятии ин гурӯҳи одамонро дар муошират бо ҳамкасбон ва шаҳрвандон истифода намояд: “Корманд набояд риш дошта бошад, муйи сарашро тарошад, дар тан холкубӣ кунад, ҷавоҳирот дар худ истифода намояд (ба истиснои ангуштарини ақди никоҳ), қоидаҳои либоси низомиро вайрон намояд”.

Дар банди 41-уми Кодекси одоб омадааст, ки корманди милиса набояд аз азобдиҳию шиканҷа кор бигирад: “Корманд наметавонад ба фармону супориши роҳбару сардорон такя намуда, шиканҷа ё дигар намудҳои муносибати зуроваронаро истифода барад ва шаъну шарафи инсонро паст занад. Ҳуқуқ ва саломатии боздошташудагонро таъмин намояд, аз ҷумла ҳангоми зарурият барои расонидани ёрии тиббӣ чораҳои бетаъхир андешад”.

Назорати риояи Кодекси одоб ба уҳдаи комиссияи махсус вогузор шудааст, ки роҳбари он бояд сардори мақомоти умури дохилӣ ё яке аз муовинонаш бошад. Кодекси одоб муқаррар кардааст, ки барои нақзи муқаррарот кормандони милиса дар аоси қонунгузории кишвар ба ҷазои интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд.


МАТНИ КОМИЛИ КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ МИЛИСА
Мӯҳр
Боадаб
Дар конунгузории кишварамон кодекси одоби хизматчии давлати вучуд дорад, ин гапхо дар хамунчо дарчгардидааст. Чизарурати кабули санади дигар хаст? ё коркунони милитсия хизматчии давлати нестанд?

Darvesh
Kormandoni milisa boyad sadoqat ba khalqi khud doshta boshand na balki ba PREZIDENT!!!

Kormandi milasa az davlat pesh az hama odobe baroi halk doshtaboshan. Mo dar jamiyat bisyor kormandoni milisaro didem ki nisbati halk zulm va raftorhoi kabeh dorand

Нои
Аз ин мебарояд, ки милисаҳои мо то ин дам аз ин ваҳифаву ҳуқуқҳои аввалияи худ бехабар буданд?
Ё таҳиягарони ин кодекс "перестарались"?

Бародарон бачои ин бояд шумо кодекси "ВИЧДОН" кабул намоед, на кодекси одоб.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)